ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ 6 СЕНТЯБР
– Имрӯз тими миллии олимпии футболи Тоҷикистон (U-23) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 бозии дуюми худро доир мекунад. Дар ин давр миллипӯшони то 23-солаи тоҷик бо ҳамсолони худ аз Филиппин рақобат мекунанд. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе сурат гирифта, соати 21:00 оғоз мешавад.
Дар бозии дигари гурӯҳи "К", ки дастаи мо ҳам шомили он аст, Сурия бо Непал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 18:00 дидор анҷом медиҳанд.
– Имрӯз, соати 18:00 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев муносибати солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон консерти ҷашнии “Хумори ёру диёр” бо иштироки Малика Қаландарова, устураи рақси тоҷик ва Ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ баргузор мешавад.
Ҳамчунин, дар чорабинӣ Афзалшо Шодиев, Мастона Эргашова, Сурайё Қосимова, Сабоҳат Наҷмиддинова, Ҷовидон Нозимов, Лоиқ Давлатманд, инчунин ансамблҳои рақсии “Лола” ва “Зебо” ширкат мекунанд. Меҳмони вижаи маҳфил Тамара Катаева аст. Чиптаҳо дар сомонаи ticketon.tj дастрас карда метавонед.
– Имрӯз, соати 16:00 дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба муносибати ҷашни Истиқлоли кишвар ва 10-солагии Анҷумани “Сомониён” консерти хайриявӣ баргузор мешавад. Дар чорабинӣ Алӣ Сафавиён ва Милод Деҳқон, овозхонҳои маъруфӣ эронӣ ҳунарнамоӣ мекунанд.
Дар барномаи консертӣ таронаҳои солҳои 1960-1970-и Эрон, ки яке аз давраҳои тиллоии мусиқии эронӣ дониста мешавад, иҷро мешаванд. Ҳамчунин, жанрҳои гуногуни мусиқӣ, чун ҷаз, босса-нова, фламенко ва классик қисмате аз барнома хоҳанд буд.
Арзиши билет 55 сомонӣ буда, дар сомонаи echipta.tj харида метавонед.
– Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таҳти унвони “Файзи Истиқлол” намоишгоҳ ҷараён дорад. Дар намоишгоҳ 26 асари санъати тасвирӣ ва амалӣ аз фонди тиллои осорхона ба маърази тамошо гузошта шудааст, ки аз ҷониби мусаввирон дар даврони Истиқлоли Тоҷикистон офарида шудаанд. Намоиш то 15 сентябр давом мекунад.
– – Дар “Serena Art Gallery” намоишгоҳи шахсии Сорбон Шифоев, мусаввири тоҷик таҳти унвони “Ногуфтаҳо” идома дорад. Намоишгоҳ то 24-уми сентябр давом мекунад ва меҳмонону сокинони пойтахт имкон доранд, ки дар ин рӯзҳо асарҳои мусаввирро боздид кунанд.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 6 СЕНТЯБР
Соли 1940 – Сохтмони шоҳроҳи бузурги Помир анҷом ёфт.
Соли 1947 – Дар шаҳри Сталинобод (Душанбе) сохтмони майдони ба номи “800-солагии Маскав” оғоз гардид.
Соли 1999 – Дар маркази шаҳри Душанбе ҳайкали Исмоили Сомонӣ ифтитоҳ шуд.
Соли 2006 – Дар Душанбе Маркази илмӣ-таҳқиқотии омӯзиши тоҷикони ҷаҳон кушода шуд.
Соли 2006 – Шумораи аввалини маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон” ба нашр баромад.
Соли 2007 – Бонки миллии Тоҷикистон ба ифтихори 800-солагии Ҷалолиддини Румӣ тангаҳои ҷашнӣ ба муомилот баровард.
Соли 2011 – Баландтарин бинои онвақтаи Душанбе – маркази тиҷоратии “Душанбе-Плаза” ифтитоҳ гардид.
Соли 2012 – Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар Мавзуна Чориева, муштзан ва ҷоизадори биринҷии Олимпиадаи Лондонро бо ордени “Шараф” ва 200 ҳазор сомонӣ сарфароз гардонд.
Соли 2015 – Корхонаи сементи “Тоҷ-Чайна-2013” дар шаҳри Ваҳдат ифтитоҳ гардид.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1904 – Мавлуди Ғуломҳайдар Ғуломалиев, хореограф, оҳангсоз ва навозандаи тоҷик.
Ғуломҳайдар Ғуломалиев бо эҷодиёти худ дар рушди хореография ва мусиқии миллӣ нақши бузург гузоштааст. Ӯ аз овони ҷавонӣ ба санъат майл дошт ва соли 1933 вақте дар назди клуби ноҳияи Рӯшон дастаи ҳаваскорони санъат ташкил шуд, фаъолияташ оғоз гардид. Солҳои 1940–1941 Ғуломалиев ҳамчун ҳунарманди Ансамбли тарона ва рақси Помири Филармонияи давлатии Тоҷикистон фаъолият кард. Баъдтар роҳбарии ҳамин ансамблро ба уҳда гирифт ва то охири умр сарвари он буд.
Ғуломалиев на танҳо хореограф, балки оҳангсози тавоно низ буд. Ӯ мусиқии мардумиро бо эҷодиёти касбӣ пайваст намуда, оҳангҳои зебое офарид, ки бар ашъори халқӣ ва шоирони тоҷик асос ёфта буданд. Аз ҷумла, сурудҳои машҳури ӯ “Нола кунам”, “Салом аз Бадахшон”, “Маҳбуба”, “Ба-деҳа”, “Баҳори Бадахшон” то имрӯз дар саҳнаҳои бузург садо медиҳанд.
Дар солҳои ҷанг ӯ ансамбли бачагонро ташкил намуд, ки минбаъд ба пояи асосии Ансамбли тарона ва рақси Помир табдил ёфт. Бо заҳмат ва меҳнати ӯ даҳҳо ҳунарпешагони ҷавон ба воя расиданд, ки баъдан ситораҳои санъати тоҷик шуданд. Аз ҷумла, Гурминҷ Завқибеков, Нуқра Раҳматова, Савсан Бандишоева, Ғ. Худоёрбекова, С. Шоисмоилова ва дигарон шогирдони мактаби эҷодии ӯ буданд.
Ғуломҳайдар Ғуломалиев 19-уми апрели соли 1961 дар 56-солагӣ даргузашт.
Соли 1977 – Зодрӯзи Қиёмиддин Миралиён, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, вакили пешини парлумон.
Соли 2010 – Амонуллоҳ Неъматзода, муфтии пешини Тоҷикистон 75-солагӣ даргузашт.
Амонуллоҳ Неъматзода яке аз руҳониёни шинохта дар Тоҷикистон буд.
Ӯ то соли 1983 дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ кор кардааст. Баъди ин, фаъолияти расмии ӯ дар сафи рӯҳониён оғоз ёфт. Нахуст имоми панҷвақтаи масҷиди ҷомеи ба номи Шоҳмансури шаҳри Душанбе таъин шуд. Аз соли 1989 то 1993 ба ҳайси имоми панҷвақтаи масҷиди ҷомеи ба номи ҳазрати Мавлоно Яъқуби Чархӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ буд. Соли 1993 ба мақоми хатиби ҳамин масҷид расид ва то соли 1996 он ҷо буд.
Соли 1996 ба вазифаи муфтии Тоҷикистон интихоб шуд. Дар ин мақом то соли 1997 фаъолият намуда, пас аз он раиси Маркази исломӣ ва раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон интихоб гардид. То охири умр, яъне то соли 2010, ӯ дар ҳамин мақом фаъолият бурд.
Амонуллоҳ Неъматзода 6-уми сентябри соли 2010 дар синни 75-солагӣ бар асари бемории саратон даргузашт.
Соли 2017 – Гулнора Пӯлатова, собиқ вазири тандурустии Тоҷикистон дар синни 82-солагӣ даргузашт.
Гулнора Пулатова яке аз чеҳраҳои барҷастаи соҳаи тандурустии Тоҷикистон ба шумор мерафт. Падари ӯ Комил Ёрматов, ҳунарпешаи халқии Тоҷикистони шӯравӣ ва модараш София Туйбаева, ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон буданд. Аз овони хурдӣ Гулнора дар муҳити фарҳангиву эҷодӣ буд, аммо бахши тибро интихоб намуд.
Пас аз хатми Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатиашро дар кафедраи бемориҳои гӯш, бинӣ ва гулӯ оғоз намуда, солҳои минбаъда дар кафедраи физиологияи умумӣ то ба дараҷаи дотсент расид.
Гулнора Пулатова аз моҳи январи соли 1985 то августи соли 1990 вазири тандурустии Тоҷикистон буд. Ӯ нахустин ва ягона зани тоҷик буд, ки дар замони Шӯравӣ ба ин мақоми баланд расид. Дар давраи роҳбарии ӯ чандин иншооти муҳими тиббӣ бунёд гардиданд.
Гулнора Пулатова 6-уми сентябри соли 2017 дар синни 82-солагӣ даргузашт.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
6-уми сентябри соли 1936 унвони фахрии “Ҳунарпешаи халқии ИҶШС” таъсис ёфт. Онҳоро дар замони шӯравӣ ба шахсоне, ки дар рушди театр, мусиқӣ ва синамои шӯравӣ саҳми назаррас доштанд, тақдим мекарданд. Ин аввалин унвони олии фахрӣ дар кишвар ба шумор мерафт.
Дар маҷмӯъ беш аз ҳазор нафар, аз ҷумла аз Тоҷикистон ҳам бо ин унвон сарфароз шудаанд.
Имрӯз ҳамчунин Рӯзи сурхмӯйҳо таҷлил мешавад. Тибқи як ривоят, дар солҳои 1980-ум сокини Калифорния Стивен Дуглас Иттиҳоди байналмилалии сурхмӯйҳоро таъсис дод ва мардуми дорои мӯйҳои сурхро ба ҳамбастагӣ даъват намуд.
Ривояти дигар бо номи рассоми ҳолландӣ Ровенхорст вобаста аст, ки ҳангоми ҷустуҷӯи модел тасодуфан садҳо зани сурхмӯйро ҷамъ овард. Он вохӯрӣ ба ҷашне табдил ёфт, ки минбаъд ба мардон ва кӯдакон низ паҳн гардид ва акнун ҳар сол дар Нидерландия бо номи “Ҷашнвораи сурхмӯйҳо” таҷлил мегардад.
Ҳадафи чунин рӯз хотиррасон кардани табиатан нодир будани сурхмӯйҳо аст, ки танҳо 1–2%-и аҳолии ҷаҳонро ташкил медиҳанд.
Ҳамасола шанбеи аввали моҳи сентябр Рӯзи ҷаҳонии риш ҷашн гирифта мешавад. Гузоштан ё нагузоштани риш ба завқ, равияҳои мӯд, эътиқоди динӣ, андешаҳо дар бораи зебоӣ ва мардонагӣ, яъне таърихи зиндагии инсон вобаста аст.
Асри бистум, махсусан нимаи дуюми он, давраи рушди тамоюлҳои субфарҳангӣ гардид, ки намуди зоҳирии шахс нишондиҳандаи мансубият ба зерфарҳанг муайян гардид. Ин буд, ки риш дар гурӯҳҳои муайяни иҷтимоӣ дубора маъмул шуд. Ин тамоюл имрӯз ҳам аҳамияти худро гум накардааст.
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 6 СЕНТБЯРИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 15+20º гарм, рӯзона 30+35º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11º гарм, рӯзона 23+28º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 16+21º гарм, рӯзона 33+38º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 14+19º гарм, рӯзона 27+32º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 16+21º гарм, рӯзона 32+37º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 11+16º гарм, рӯзона 30+35º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 13+18º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 21+23º гарм, рӯзона 31+36º гарм, дар шарқи вилоят шабона 0+5º гарм, рӯзона 15+20º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 19+21º гарм, рӯзона 33+35º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 18+20º гарм, рӯзона 33+35º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 17+19º гарм, рӯзона 32+34º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 13+15º гарм, рӯзона 31+33º гарм.


