Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои иқтисодии ИДМ баргузор шуд

Рӯзи 5-уми сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 107-уми Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор шуд. Рӯзномаи ҷаласа аз 27 масъала иборат буд, ки 17 адади он ба баррасии шӯрои сарони ҳукуматҳо, ки рӯзи 29-уми сентябр дар Минск баргузор мешавад, пешниҳод мегардад. Имкони рафъи монеаҳо дар савдо байни кишварҳои узви ИДМ яке аз масъалаҳои […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Рӯзи 5-уми сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 107-уми Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор шуд. Рӯзномаи ҷаласа аз 27 масъала иборат буд, ки 17 адади он ба баррасии шӯрои сарони ҳукуматҳо, ки рӯзи 29-уми сентябр дар Минск баргузор мешавад, пешниҳод мегардад.

Имкони рафъи монеаҳо дар савдо байни кишварҳои узви ИДМ яке аз масъалаҳои калидӣ буд. Аз 42 даъвои воридшуда танзими 37-тои муяссар шудааст. Аз ҷониби Тоҷикистон лоиҳаи рақамисозии долонҳои мултимодалии нақлиётӣ пешниҳод гардид, ки ба беҳбуди самаранокии логистика, коҳиши хароҷот ва рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ равона шудааст.

Кишварҳои ИДМ Стратегияи ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисоди рақамӣ ва ҷомеаи иттилоотиро мувофиқа карданд, ки равишҳои ягонаро ба ташаккули фазои рақамӣ то соли 2035 муайян мекунад. Ҳамчунин аз Стратегияи рушди илмиву технологӣ барои давраи солҳои 2026-2035 ҷонибдорӣ карда шуд. Он ба таҳкими истиқлолияти илмӣ ва густариши ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятноки таҳқиқот ва технологияҳо нигаронида шудааст.

Ба масъалаи рушди зерсохтори инноватсионӣ, аз ҷумла тавсеъаи шабакаи инкубаторҳои тиҷоратӣ, марказҳои табодули дониш ва роҳандозии инноватсияҳо дар тиҷорат таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд. Ин тадбирҳо бояд ба таҳияи лоиҳаҳои нав (стартапҳо) ва ҷорисозии технологияҳои муосир мусоидат кунанд.

Соли ҳифзи солимӣ эълон гардидани соли 2026 низ яке аз қарорҳои муҳим буд. Дар Нақшаи чорабиниҳо иқдомҳои муштарак барои ҳифзи солимии шаҳрвандон, табодули таҷриба ва ҳамкорӣ бо Созмони ҷаҳонии тандурустӣ пешбинӣ шудааст.

Ғайр аз ин, масоили ҳуши маснӯӣ (зеҳни сунъӣ), истифодаи захираҳои зеризаминӣ, инчунин дастгири тиҷорати хурд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷаласаи минбаъдаи Шӯрои иқтисодии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рӯзи 5 декабр дар Маскав баргузор мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.