Дар Кумитаи кор бо занон Маркази тамос барои пешгирӣ аз зӯроварӣ ташкил шудааст

Рақами тамоси марказ 221-30-40 буда, сокинон “ҳангоми дучор шудан бо зӯроварӣ дар оила” метавонанд дар рӯзҳои корӣ аз соати 8:00 то 17:00 тариқи он ба Кумитаи кор бо занон ва оила муроҷиат кунанд. Кумита тайи ду ҳафтаи охир бо ирсоли паёмак сокинонро аз вуҷуди чунин рақам огоҳ мекунад. Аз ин ниҳод ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки Маркази […]

Меҳрангез Султонзода, Asia-Plus

Рақами тамоси марказ 221-30-40 буда, сокинон “ҳангоми дучор шудан бо зӯроварӣ дар оила” метавонанд дар рӯзҳои корӣ аз соати 8:00 то 17:00 тариқи он ба Кумитаи кор бо занон ва оила муроҷиат кунанд.

Кумита тайи ду ҳафтаи охир бо ирсоли паёмак сокинонро аз вуҷуди чунин рақам огоҳ мекунад.

Аз ин ниҳод ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки Маркази тамос аллакай беш аз 2 моҳ аст, фаъолият дорад ва то ин дам мутахассисон бештар ҳузурӣ машварат медоданд.

Ба иттилои масъулин,маркази тамос ҳамчунин рӯзҳои шанбе аз соати 8:00 то 12:00 низ арзу шкиояти сокинонро қабул мекунад. 

“Сокинони ҳамчунин метавонанд шахсан ба Кумита ва ё ниҳодҳои он дар минтақаҳо омада, оид ба масъалаҳои маскуншавӣ, пардохт ё таъйини алимент, ҷудошавии зану шавҳар, зӯроварӣ дар оила ва дигар масоили марбут ба оила машварати ҳуқуқиву равонии ройгон гирад”, гуфтанд аз ин ниҳод. 

Мардон низ метавонанд барои машварат ба ин марказ муроҷиат кунанд.

Марказ бо мақсади аз Татбиқи Қонуни ҶТ “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” ва ҳамоҳангсозии Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила таъсис ёфтааст. Ҳадафи кори он расонидани ёрии ҳуқуқӣ, дастгирии занон ва пешгирии хушунату зӯроварӣ дар оила гуфта мешавад.

Қаблан, дар назди Кумитаи кор бо занон ва оила пештар низ телефони боварӣ барои пешгирии зӯроварӣ нисбати занон – 1313 фаъолият мекард, аммо пас аз чанд муддат он аз кор боз монд.

Бодя гуфт, ки хушунату зӯроварӣ дар оила, махсусан нисбати занон аз мушкили доғи рӯз аст. Аз ҷумла, дар 6 моҳи соли 2025 дар кишвар 2 ҳазору 121 амали зӯроварӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз нисбат ба ҳамин давраи соли гузашгта 277 ҳолат зиёд аст.

Бунафша Файзиддинзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила дар нишасти охири матбуотии худ гуфт, аз ҷумла, дар 6 моҳи соли ҷорӣ 1 ҳазору 763 амали зӯроварӣ нисбати занон содир шудааст, ки аз шашмоҳаи аввали соли пеш 256 ҳолат бештар аст.

Ӯ афзуд, 251 ҳолати зӯроварӣ нисбати мардон содир шуда, назар ба ҳамин давраи соли гузашта 86 ҳолат камтар аст.

Файзиддинзода сабабу омилҳои зӯровариро нофаҳмии байни зану шавҳар, рашки беасос, дахолати шахсони сеюм ва бемории яке аз ҳамсарон гуфт.

“Нисбати мардон аз ҷониби хешу табори занҳо, аз ҷумла, акаю додару падари зан зӯроварӣ мешавад”, – гуфт ӯ.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.