ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ 12 СЕНТЯБР
– Дар “Serena Art Gallery” намоиши асарҳои Сорбон Шифоев, мусаввири тоҷик таҳти унвони “Ногуфтаҳо” идома дорад. Намоишгоҳ то 24-уми сентябр давом мекунад ва меҳмонону сокинони пойтахт имкон доранд, ки дар ин рӯзҳо асарҳои мусаввирро тамошо кунанд.
– Дар осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 34-солагии истиқлоли давдатӣ намоишгоҳ ташкил гардидааст. Дар он 26 асари тасвирии рассомони ҷавони тоҷик дар аҳди истиқлол ба намоиш гузошта шудааст. Намоишгоҳ то 15-уми сентябр идома мекунад.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 12 СЕНТЯБР
2000 – Дар Истаравшан корхонаи муштараки Тоҷикистон, Британияи Кабир ва Амрико бо номи “Оби зулол” ба кор шурӯъ кард.
2014 – Дар “Кохи Наврӯз”-и Душанбе нишасти сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор гардид.
2015 – Бори аввал дар Тоҷикистон сарояндаҳо Шабнами Сурайё, Фарзонаи Хуршед ва Фаридуни Хуршед барандаи ҷоизаи амрикоии “Big Apple Music Awards” шуданд.
2020 – Эмомалӣ Раҳмон, президент дар шимоли Тоҷикистон корхонаи “ТАЛКО флюорит”-ро ифтитоҳ намуд.
ШАХСИЯТҲО
1918 – Мавлуди Домуллоҷон Назаров, мутриб ва ғижжакнавози тоҷик.
1932 – Мавлуди Саъдулло Асадуллоев, олим ва адабиётшиноси тоҷик.
1941 – Зодрӯзи Мунаввар Мансурхоҷаев, коргардони синамои тоҷик ва асосгузори филми тасвирии тоҷик.
Аз ӯ асосгузори филми тасвирии тоҷик ном мебаранд, ки бо талошҳояш аввалин филми тасвирии тоҷик бо номи “Моҳии гулдор” соли 1980 ба саҳна омад.
Вай бо даъвати коргардони маъруф Борис Кимёгаров дар студияи "Тоҷикфилм" ҳайси коргардони филмҳои ҳуҷҷатӣ ба кор сар кард ва дар онҷо даст ба сохтани филмҳои тасвирӣ зад.
Мунаввар Мансурхоҷаев иқрор мекард, ки ин соҳа аз мушкилтарин ва серхарҷтарин риштаҳои синамо буда, давлат ба рушди он диққати ҷиддӣ намедод. Бо вуҷуди ин бо талошҳои ӯ ва шарикону шогирдонаш дар Тоҷикистон дар давраи Шӯрпавӣ зиёда аз 30 филми аниматсионӣ ба навор гирифта шудааст.
Мунаввар Мансурхоҷаев дар давраи бисёр сангини Тоҷикистон, то раиси Иттиҳоди киноматографистони Тоҷикистон буд.
Ӯ соли 2021 дар 81-солагӣ даргузашт.
Дар маводи "Мунаввар Мансурхоҷаев: Орзуҳои амалинашудаи зиёд дорам…" дар бораи кору пайкор ва орзуҳои амалинашудаи Мунаввар Мансурхоҷаев маълумоти бештар гиред.
1954 – Зодрӯзи Матлуба Мирзоева, рӯзноманигор, доктори илмҳои филология
1962 – Зодрӯзи Талъат Нӯъмонов, номзади илмҳои техникӣ
1979 – Мавлуди Шаҳло Нодирӣ, омӯзгор, арбоби давлатӣ. Узви Маҷлиси миллии Тоҷикистон.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
12-уми сентябр ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза бо бемории мигрен (дарди шадиди сар) ҷашн гирифта мешавад. Ҳадаф аз ин иқдом ҷалби таваҷҷуҳ ба таъсирҳои манфии ин беморӣ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар бораи оқибатҳои он мебошад.
Мигрен одатан ҳамчун дарди сари даврӣ бо шиддати гуногун хуруҷ мекунад. Дар баъзе ҳолатҳо чанд соат ва дар баъзе ҳолатҳо то 2-3 рӯз давом мекунад. Ҳангоми фаъолияти ҷисмони дард шадидтар мегардад.
Тибқи омори созмонҳои тиббӣ, мигрен аз рӯи паҳншавӣ сеюмин беморӣ дар ҷаҳон аст. Мувофиқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, ҳар ҳафтумин шахс дар рӯи Замин ҳадди ақал як маротиба дарди мигренро аз сар гузаронидааст. Танҳо ташхиси дуруст ва саривақтӣ имкон медиҳад, ки дар муолиҷаи ин беморӣ ба натиҷаҳои хуб ноил гардем.
Дар ҳамин рӯз дар Фаронса ғори Ласко кашф шуд. Он 12-уми сентябри соли 1940 аз ҷониби хонандагони мактаби фаронсавӣ аз шаҳраки Монтиняк кашф карда шудааст. Онҳо тасодуфан ғореро пайдо карданд, ки деворҳояш пур аз расмҳои аҷиби одамон ва ҳайвонот: говҳо, гавазнҳо, каркаданҳо, аспҳо ва оҳуҳо буданд.
Ғор худаш нисбатан хурд аст: маҷмӯи тасвирҳои деворӣ тақрибан 250 метр дарозӣ ва 30 метр баландии миёна доранд.
Дар асоси таҳқиқот синну соли тасвирҳо 15 ҳазор сол муайян карда шуд. Соли 1940 ғори Ласко ҳамчун ёдгории таърихии Фаронса қабул шуда, соли 1979 ба рӯйхати Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дохил карда шуд.
12-уми сентябр ҳамчун Рӯзи байналмилалии бофандагӣ таҷлил мешавад. Ақидае вуҷуд дорад, ки ин усули бофандагӣ таърихи қадим дорад, вале ҳуҷҷатҳо тасдиқ мекунанд, ки он танҳо дар аввали асри 19 пайдо ва паҳн шудааст.
Бофоандагӣ шуғле буд, ки дар ҳамаи табақаҳои ҷомеа шӯҳрат пайдо кард. Ҳам намояндагони табақаҳои сарватманд ва ҳам камбағалон ба бофандагӣ шавқ доштанд.
Ин шуғл бо мурури замон намояндагони оилаҳои шоҳиро низ ба худ ҷалб кард.
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 12 СЕНТБЯРИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат, дар водиҳо шабона 14+19º гарм, рӯзона 29+34º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10º гарм, рӯзона аз 23+28º то 19+21º гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат, дар водиҳо шабона 15+20º гарм, рӯзона 32+37º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 13+18º гарм, рӯзона 26+31º гарм мегардад.
Дар шамҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат, дар водиҳо шабона 13+18º гарм, рӯзона 33+38º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14º гарм, рӯзона 27+32º гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат, дар ғарби вилоят шабона 9+14º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 17+19º гарм, рӯзона 28+33º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 35+37º гарм, дар шарқи вилоят шабона -3+2º, рӯзона 15+20º гарм мегардад.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 16+18º гарм, рӯзона 36+38º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 17+19º гарм, рӯзона 32+34º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 17+19º гарм, рӯзона 35+37º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 12+14º гарм, рӯзона 30+32º гарм.


