Мунаввар Мансурхоҷаев, коргардони шинохта ва раиси пешини Иттифоқи синамогарон даргузашт

Имрӯз коргардони маъруфи филмҳои мустанад ва асосгузори аниматсияи кинои тоҷик Мунаввар Мансурхоҷаев дар синни 81 солагӣ аз дунё даргузашт. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» Сафар Ҳақдод, раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон иттилоъ дод. Ба иттилои манбаъ, аз даст додани чунин коргардони маъруф талафоти бузур аст. Ӯ гутф, «Мунаввар Мансурхоҷаев муддате бемор буданд ва имрӯз дар моҳи мубораки […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Имрӯз коргардони маъруфи филмҳои мустанад ва асосгузори аниматсияи кинои тоҷик Мунаввар Мансурхоҷаев дар синни 81 солагӣ аз дунё даргузашт. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» Сафар Ҳақдод, раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон иттилоъ дод.

Ба иттилои манбаъ, аз даст додани чунин коргардони маъруф талафоти бузур аст. Ӯ гутф, «Мунаввар Мансурхоҷаев муддате бемор буданд ва имрӯз дар моҳи мубораки Рамазон дунёро падруд гуфтанд, ки барои мо аҳли ҳунар хеле андуҳгин аст. Ва ба пайвандон ва ҳамкасбони марҳум таслияти амиқамонро изҳор медорем!».
Сафар Ҳақдод инчунин мегӯяд, ки Мунаввар Мансурхоҷаев на танҳо коргардони маъруфи филмҳои мустанад ва асосгузори аниматсияи кинои тоҷик , блаки раиси собиқи Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон буданд. 
Ҳамзамон ӯ гуфт, ки коргардони маъруфи тоҷик, бааъди намози асрим имрӯз дар Душанбе ба хок супорида мешавад.
Ин коргардони маъруф соли гузашта дар суҳбат ба «Азия-Плюс» гуфта буд, ки орзуҳое зиёде дорад, ки амалӣ нашудаанд. 
«Орзуҳои зиёде доштам, ки мутаассифона, амалӣ нашуданд. Яке аз нақшаҳоям ин буд, ки шогирдони зиёдро дар соҳаи мултипликатсия тайёр кунам. Онҳо дар Тоҷикистон фаъолият кунанду ин соҳаро инкишоф диҳанд, лекин амалӣ нашуд. Пас аз ҷанги шаҳрвандӣ ҳама пароканда шуданд».
Ӯ ҳамзамон гуфта буд, ки Агар бо раисҷумҳур вохӯрад барои рушди соҳа аз ӯ хоҳиш мекунад, ки ҳаққи заҳматкашонро сари вақт пардохт намоянд.
«Хоҳиши аввалинам – гуруҳҳои эҷодиро ҷамъ кунем, то филмҳои зиёди тасвирӣ таҳия созем. Дуюм – навомӯзонро барои таҳсил ба хориҷа равон кунем. Сеюм – ҳаққи заҳматашонро саривақт бипардозем».

Гуруҳи расонаҳои Азия-Плюс марги ин ҳунарманди шаҳири тоҷикро барои ҷомеаи ҳунарии Тоҷикистон ва ба тамоми наздикону пайвандонаш таслият арз мекунад ва дар ин мусибати сахт барояшон сабру бурдаборӣ мехоҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.