Мунаввар Мансурхоҷаев: Орзуҳои амалинашудаи зиёд дорам…

Имрӯз, 12-уми сентябр саромади филми тасвирии тоҷик Мунаввар Мансурхоҷаев 78-сола шуд. Хабарнигори “Asia-Plus” ба дидорбинии соҳибҷашн рафта, аз ӯ мусоҳиба гирифт. – Устоди арҷманд, аввалин филми тасвирии Шумо кадом буд? – Аввалин филми тасвирии дар Тоҷикистон таҳиякардаи ман “Моҳии гулдор” ном дорад. – Айни ҳол филмҳои тасвирии тоҷик дар кадом сатҳ қарор доранд? – Дар […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Имрӯз, 12-уми сентябр саромади филми тасвирии тоҷик Мунаввар Мансурхоҷаев 78-сола шуд. Хабарнигори “Asia-Plus” ба дидорбинии соҳибҷашн рафта, аз ӯ мусоҳиба гирифт.

– Устоди арҷманд, аввалин филми тасвирии Шумо кадом буд?

– Аввалин филми тасвирии дар Тоҷикистон таҳиякардаи ман “Моҳии гулдор” ном дорад.

– Айни ҳол филмҳои тасвирии тоҷик дар кадом сатҳ қарор доранд?

– Дар ин бора наметавонам чизе бигӯям. Чун баъд аз замони истиқлол дар ин соҳа фаъолият накардаам. Ҳама аъзои гурӯҳи эҷодии ман пас аз оғози ҷанги шаҳрвандӣ аз Тоҷикистон рафтанд.

– Филмҳои тасвирии замони шӯравӣ аз маҳсули Тоҷикистони имрӯза чӣ фарқ доранд?

– Ба тарзи назаррас фарқ мекунанд. Филмҳои тасвирии замони шӯравӣ равон, зебо ва маънии баланд доштанд. Ҳоло дар Тоҷикистон сифати паст ва маънии коста доранд.

– Дар замони истиқлол филмҳои тасвирӣ таҳия кардаед?

– Не, дар ин давра фаъолиятамро қатъ кардам. Замоне раиси Иттифоқи синамогарон шудам ва баъд аз он кори худро ҷамъбаст кардам.

– Шумо дар даҳ соли даврони шӯравӣ зиёда аз 14 филми тасвирӣ таҳия кардед. Сабаб чист, ки баъд аз соҳибистиқлолӣ аз ин кор даст кашидед?

– Вақти замони шӯравӣ кор нағз буд. Айни ҳол ин чизҳо ба ҳеҷ кас лозим нест. Худашон ба навор мегиранд ва худашон тамошо мекунанд… Бастакор Геннадий Александров барои филмҳои ман оҳанг месохт, вале ӯ низ кайҳост, ки аз Тоҷикистон рафтааст…

– Оё дигар намуди филмҳоро ба навор гирифтаед?

– Бале, филмҳои ҳуҷҷатӣ таҳия мекардам. Аз соли 1967, вақте ба олами синамо ворид шудам, ба ҳайси ёвари коргардони шинохта Борис Кимёгаров фаъолият доштам. Баъдан ба филмҳои ҳуҷҷатӣ шавқ пайдо карда, якчанд мавзӯъро навор гирифтам, ба монанди “Дар кӯҳсор осмон баландтар аст” (“В горах выше небо»), «Даҳмарда» ва боз се-чор филми дигар.

– Ягон филми бадеӣ ба навор гирифтаед?

 – Не. Пас аз филмҳои хуҷҷатӣ ба филми тасвирӣ рӯ овардам.

– Кадом маҳсули эҷоди Шумо дар озмунҳои байнулмилалӣ ширкат варзидааст?

– Филмҳои “Афсонаи тирамоҳ” (“Легенда осени”), “Гурба чӣ гуна бо мушҳо меҷангид” (“Как кот с мышами воевал”) ва ғайра ба фестивалҳо роҳ ёфта, сазовори ҷойҳои махсус шуданд. Филмҳои тасвирии шӯравӣ пурмазмун буданд. Аз ин рӯ, ман наметавонистам ҷойи аввалро ишғол намоям. Қисми зиёди гурӯҳи моро донишҷӯён ташкил медоданд. Барои бандубасти филм танзимгарон аз Маскав меоманд ва моро меомӯзонданд. Бо кӯмаки якдигар сарҷамъ шуда, ин филмҳоро месохтем.

– Орзуе доред, ки то ҳол дар зиндагиатон амалӣ нашуда бошад?

– Бале. Орзуҳои зиёде доштам, ки мутаассифона, амалӣ нашуданд. Яке аз нақшаҳоям ин буд, ки шогирдони зиёдро дар соҳаи мултипикатсия тайёр кунам. Онҳо дар Тоҷикистон фаъолият кунанду ин соҳаро инкишоф диҳанд, лекин амалӣ нашуд. Пас аз ҷанги шаҳрвандӣ ҳама пароканда шуданд.

– Агар бо раисҷумҳур вохӯред, барои рушди соҳа аз ӯ чӣ хоҳиш мекардед?

– Хоҳиши аввалинам – гурӯҳҳои эҷодиро ҷамъ кунем, то филмҳои зиёди тасвирӣ таҳия созем. Дуюм – навомӯзонро барои таҳсил ба хориҷа равон кунем. Сеюм – ҳаққи заҳматашонро саривақт бипардозем.

– Айни ҳол вақти худро чӣ хел мегузаронед?

– Истроҳат мекунам. Гоҳ-гоҳ ба иттифоқи синамогарон меравам.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон 0,46 кг партови сахт ба як нафар дар як рӯз ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.