Дар ним моҳ қурби рубл нисбат ба сомонӣ ба андозаи 6,5% поин рафт

Тайи ним моҳи ахир тадриҷан поинравии қурби рубли Русия нисбат ба арзи миллии Тоҷикистон – сомонӣ, инчунин дигар асъори асосии ҷаҳон ба машоҳида мерасад. Қурби расмии рубл нисбат ба сомонӣ, ки ҳамарӯза аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) муқаррар карда мешавад, ба андозаи 6,5% – аз 119,5 сомонӣ барои 1000 рубл дар рӯзи 27-уми август […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Тайи ним моҳи ахир тадриҷан поинравии қурби рубли Русия нисбат ба арзи миллии Тоҷикистон – сомонӣ, инчунин дигар асъори асосии ҷаҳон ба машоҳида мерасад. Қурби расмии рубл нисбат ба сомонӣ, ки ҳамарӯза аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) муқаррар карда мешавад, ба андозаи 6,5% – аз 119,5 сомонӣ барои 1000 рубл дар рӯзи 27-уми август то ба 111,7 сомонӣ дар рӯзи 11-уми сентябр поин рафтааст.

Бори охир таносуби қурби рубли Русия нисбат ба сомонӣ дар чунин сатҳ аввали моҳи феврали соли равон ба қайд гирифта шуда буд.

Қобили зикр аст, ки поинравии қурби рубл нисбат ба сомонӣ ба даромади оилаҳои муҳоҷирони кории тоҷик, ки ба онҳо аз саробони оилаашон аз Русия пул интиқол мешавад, таъсири манфӣ мерасонад. Зиёда аз 90% интиқоли маблағҳо тариқи рубл сурат мегирад.

Мутобиқи дастури БМТ, аз соли 2016 интиқоли маблағ аз ҷониби шахсони воқеӣ бо рубл ба қабулкунанда танҳо бо сомонӣ дода мешавад.

Поинравии қурби рубл нисбат ба сомонӣ ҳамзамон бо беқурбшавии он нисбат ба асъори дигар кишварҳо, аз ҷумла доллари амрикоӣ ҷараён дорад.

Ба ин тариқ, қурби рубл нисбат ба дигар асъори асосии ҷаҳон ба андозаи зайл поин рафт:

– нисбат ба доллар 5,8% (аз 80,29 рубл барои 1 доллар дар рӯзи 29-уми август то 84,92 рубл дар рӯзи 11-уми сентябр);

– нисбат ба евро 6,4% (аз 93,84 рубл барои 1 евро дар рӯзи 3-уми сентябр то 99,82 рубл);

– нисбат ба юан 6,4% (аз 11,18 рубл дар рӯзи 27-уми август то 11,9 рубл).

Коршиносон сабабҳои поинравии қурби рублро бо далелҳои зерин шарҳ додаанд:

– коҳиши даромад аз содирот, ки ба афзоши талабот ба асъор рост омад;

– поинравии меъёри калидӣ, ки бар асари он амалиёти марбут ба асъор дигар фоидаовар нашуданд;

– бекор шудани фурӯши ҳатмии асъор аз ҷониби содиркунандагон, ки ба коҳиши пешниҳоди асъор дар бозори дохилӣ боис гардид.

Илова бар ин, сармоягузорон бо сабаби шиддат гирифтани вазъи сиёсати ҷаҳонӣ (геополитикӣ) ба қурби рубл хавфи иловагӣ ҳамроҳ мекунанд, ки ин низ боиси коҳиш ёфтани арзиши пули миллӣ мегардад. Воридкунандагон бошанд, маъмулан пеш аз ҷашнҳо фаъолона ба харидории мол ва пур кардани анборҳо оғоз мекунанд, ки талабот ба асъорро зиёд мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.