Боздошти ду гумонбар дар куштори зан ва се фарзанди ӯ дар Рӯдакӣ

Asia-Plus

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар робита ба куштори зан ва се фарзанди ноболиғи ӯ дар ноҳияи Рӯдакӣ, ду гумонбарро боздошт кардааст. Ҳодиса рӯзи 5-уми сентябр рух дод ва боиси сару садо ва тарсу изтироби сокинон гашт.

ВКД бо нашри як изҳорот дар сомонааш гуфт, гумонбарон шахсони 32 ва 16-сола буда, аз онҳо “далелҳои шайъӣ гирифта шуд”.

Ин ниҳод аз гумонбарон А. С. ва С.Н. ном бурда, навиштааст, ки онҳо пеш суд шуда буданд.

ВКД дар шарҳи ангезаи куштор гуфтааст, ки “… бо мақсади дуздиву ғоратгарӣ ба манзили истиқоматии Иброҳимов Ҳ.Р. ворид гашта, ҳангоми огоҳ шудани соҳибхона онҳо ваҳшиёна даст ба куштор задаанд”.

Ба иттилои ин ниҳод, ҳоло гумонбарон дар “маҳкамаи нигоҳдории муваққатӣ боздошт шуда, тафтишоти парвандаи ҷиноятӣ аз ҷониби мақомоти Прокуратура идома дорад”.

Назари худи гумонбарони боздоштшуда ба ин иттиҳом маълум нест. Ҳамчунин, маълум нест, ки оё онҳо бо вакили дифоъ таъмин ҳастанд ё не.

Куштори мармузи Шаҳло Назарова ҳамроҳ бо се фарзандаш  – Ҳабиба (синфи 10), Ҳамида (синфи 8) ва Шараф (синфи 6) дар манзили истиқоматияшон дар деҳаи Дарёободи ҷамоати Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ миёни ҷомеа сарусадои зиёдро барпо карда, боиси тарси сокинон шуд. Мақомот тасдиқ кард, ки куштор шаби 5-уми сентябр дар рух додааст. Ҳамсояҳои ин зан ва кӯдакони кушташуда мегӯянд, ки ҷасади онҳо ду рӯз баъд пайдо шуд.

Баъди ин ҳодиса мақомоти кишвар сокинони ин деҳаро ба ҳушёриву эҳтиёткорӣ даъват карда, чанд нафарро ҳам бозпурсӣ кардаанд ва огоҳ намудаанд, ки дар ҳолати мушоҳидаи шахсони шубҳаовар ба онҳо иттилоъ диҳанд. Ин ҳодиса миёни сокинон тарсу заронф афканд.

Хабарнигори "Азия-Плюс" аз деҳаи Дарёободи ноҳияи Рӯдакӣ гузориш омода карда буд, ки онро дар пайванди зерин хонда метавонед: "Дару тирезаҳои баста ва кӯчаҳои холӣ. Гузориш аз деҳае, ки зан ва се фарзанди ӯро кушта пайдо карданд".

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...