Пуштибонӣ аз ташкили давлати Фаластин. Маҷмаи умумии СММ “Эъломияи Ню-Йорк”-ро қабул кард

Маҷмаи умумии СММ рӯзи 12-уми сентябр пешнависи қатъномеро, ки кишварҳои Арабистони Саудӣ ва Фаронса барои ташкили давлати Фаластин пешниҳод карда буданд, бо аксарияти раъй қабул кард. Қатъномаи мазкур, ки бо номи “Эъломияи Ню-Йорк” низ зикр мешавад, моҳи июли соли ҷорӣ зимни як нишасти байналмилалӣ дар СММ иаҳия гардид. Ташаббускорон баргузории ин нишаст Арабистони Саудӣ ва […]

Asia-Plus

Маҷмаи умумии СММ рӯзи 12-уми сентябр пешнависи қатъномеро, ки кишварҳои Арабистони Саудӣ ва Фаронса барои ташкили давлати Фаластин пешниҳод карда буданд, бо аксарияти раъй қабул кард.

Қатъномаи мазкур, ки бо номи “Эъломияи Ню-Йорк” низ зикр мешавад, моҳи июли соли ҷорӣ зимни як нишасти байналмилалӣ дар СММ иаҳия гардид. Ташаббускорон баргузории ин нишаст Арабистони Саудӣ ва Фаронса буданд ва ҳадафи онро ҳалли муноқишаи чансола миёни фаластиниҳо ва Исроил номиданд. Дар он нишаст Амрико ва Исроил иштирок накарданд.

Дар нишасти ахири Маҷмаи умумии СММ, ки дирӯз, 12 сентябр баргузор шуд, ба ҷонибдории “Эъломияи Ню-Йорк” ва ташкили давлати Фаластин 142 кишвар раъй дод. 10 кишвар, аз ҷумла Амрико ва Исроил раъйи мухолиф доданд ва 12 кишвар аз раъй додан худдорӣ намудад.

Сафири Фаронса Ҷером Боннафон пеш аз овоздиҳӣ гуфт, “Эъломияи Ню-Йорк” харитаи ягонаи роҳро барои ташкили ду давлат пешниҳод мекунад. Он ҳамчунин, ба оташбаси фаврӣ дар Ғазза, раҳоии ҳама гаравгонҳо ва таъсиси давлати соҳибихтиёри Фаластин таъкид мекунад.

Дар харитаи роҳ ҳамчунин халъи силоҳи гурӯҳи “Ҳамос” ва барканории он аз идораи Ғазза, ба эътидол овардани равобити Исроил ва кишварҳои арабӣ ва кафолатҳои амнияти дастаҷамъӣ пешбинӣ шудааст.

Бояд гуфт, 22-юми сентябр бо иштироки сарони кишварҳо иҷлоси Маҷмаи умумии СММ баргузор хоҳад шуд, ки дар он интизор меравад Бритониё, Фаронса, Канада, Австралия ва Белгия ба таври расмӣ Фаластинро ба расмият бишиносанд.

Пештар аз ин, Маҷмаи умумии СММ ҳамлаи “Ҳамос” ба Исроил дар 7-уми октябри соли 2023, ҳамлаҳои Ироил алайҳи ғайринизомиён ва зерсохтҳои ғайринизомӣ дар Ғазза, муҳосира ва барқасдона ба миён овардани қаҳтиро низ маҳкум намуда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.