Дар фарҳангсарои Ниёварони Теҳрон, шаби бузургдошти Фарзонаи Хуҷандӣ, Шоири халқии Тоҷикистон ва яке аз номоварони адабиёти муосири тоҷик баргузор шуд. Ин ҷашни фарҳангӣ дар чаҳорчӯбаи 884-умин шаби маҷаллаи машҳури “Бухоро” бо ташаббуси Алӣ Деҳбошӣ ва бо ҳамкории Анҷумани дӯстии Эрон ва Тоҷикистон роҳандоҳӣ гардид.
Ин маросим шахсиятҳои барҷастаи сиёсат, адабиёт ва фарҳанги ду кишварро гирди ҳам овард. Доктор Муҳаммадризо Шафеии Кадканӣ, шоир, пажӯҳишгар ва яке аз чеҳраҳои дурахшони адабиёти муосири Эрон ҳамчун меҳмони вежаи ин шаб ҳузур дошт.
Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон, Алиашрафи Муҷтаҳиди Шабистарӣ, сафири нахустини Эрон дар Тоҷикистон, Муҳсини Ҷаводӣ, муовини вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон, Мӯҳсини Фараҳбар, пажӯҳишгари шинохтаи эронӣ, Толиб Карими Озарахш, Шоири халқии Тоҷикистон ва ҳамсари Фарзона ва ҷамъе аз шоирони номдори ҳарду кишвар дар ин шаби эҷодӣ ширкат варзиданд.
Дар ин маҳфил шумораи №8-и маҷаллаи “Самарқанд” (вижаномаи Фарзона Хуҷандӣ) дар 720 саҳифа, ки дорои ёддоштҳо ва мақолоти андешамандону соҳибназарони кишварҳои Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Русия, Қазоқистон, Олмон ва Ингилистон дар хусуси зиндагӣ ва осори Фарзона Хуҷандӣ аст, рӯнамоӣ шуд.
“Азия-Плюс” навори комили шаби эҷодии Фарзонаи Хуҷандӣ дар Теҳронро, ки рӯзи 10-уми сентябр баргузор шуд, дастрас карда, суханронии суханварони маҳфилро навишт.
“Фарзона – ифтихори тоҷикон ва ҳуҷҷати барозандагии шеъри тоҷик”
Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Теҳрон, бо такя ба қавли муҳаққиқон гуфт, ки Фарзонаи Хуҷандӣ бонуи шеъри Тоҷикистон, фарзонае аз Хуҷанд, духтари Мавлоно ва Фурӯғи Тоҷикистон аст. Ӯ афзуд, “дар ҳамаи ин таърифҳо ишорае ба мазоёи (афзалиятҳои) шеъри Фарзона ва ишорае ба фазоили ахлоқиву маънавии ин шахсияти воқеан фарзона нуҳуфтааст”.
Сафир дар мавриди муҳити ба камол расидаи Фарзона ҳарф зада, аз гузаштаи аҷдодони ин шоир ёдовар шуд: “Ин хонадон дар тӯли 100 соли охир яке аз хонадони решадори Хуҷанди бостонӣ маҳсуб мешавад, ки аз ин хонадон сиёсатмадорони маъруф ва аҳли илму адаб ва фарҳанги волои Тоҷикистон бархостаанд”.
Ӯ аз бобои Фарзона – Абдураҳим Ҳоҷибоев, аз модараш профессор Бароат Ҳоҷибоева, аз хоҳарбузургаш профессор Матлубаи Мирзоюнус, аз шавҳараш Толиб Карими Озорахш ва аз фарзандони онҳо Шоҳона ва Шаҳнавоз ном бурда, таъкид кард, ки ин хонадон конуни бисёрҷанбаи сиёсату илму адабу шеър ва пажӯҳишро дар Тоҷикистон ташкил додаанд.
“Хонум Фарзона дар Тоҷикистон аз шоирони маҳбуб ва пурхонандаи тоҷик мебошанд ва дар Эрон ва дигар кишварҳои форсизабон ҳам аз маҳбубияти вижа бархурдор ҳастанд. Худованд ба эшон фареҳа ва нубуғи зотӣ ва худододӣ додааст. Номи Фарзона имрӯз боиси ифтихори мардуми Тоҷикистон ва шеъри Фарзона ҳуҷҷати барозандагии шеъри тоҷик дар қаламрави шеъри форсизабон аст”, – гуфт Низомиддин Зоҳидӣ.
Сафири Тоҷикистон дар маҷмӯъ таъкид кард, ки муҳити хонаводагӣ, огоҳии комил аз шеъри гузашта ва имрӯза, мутолиаи зиёди осори Мавлоно, роҳнамоии Лоиқ Шералӣ ниҳоят Фарзонаи фарзонаро садрнишини шеъри кунунии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои форсизабон кард.
Ба гуфтаи сафир, Фарзонаи Хуҷандӣ то кунун беш аз 50 китоб ба чоп расонид, ки дастикам 7-тои он дар Эрон ба табъ расидааст. Ӯ дар мавриди китоби осори мансури Фарзона бо номи “Қанди баста” ҳарф зада, таъкид кард, ки “насрашон идомаи шеърашон аст ва шеърашон идомаи насрашон аст”.
“Суханаш сидқу сафо дорад ва аз умқи ҷон меҷӯшад”
Алиашрафи Муҷтаҳиди Шабистарӣ дар ин шаби эҷодӣ аз Фарзона васф карда, гуфт, “ашъораш шунавандаро маҷзуб мекунад, бо итминон мегӯям, ки аз калом ва ашъораш пайдост, ки ҳамеша дилаш бо Худост, суханаш сидқу сафо дорад ва аз умқи ҷон меҷӯшад”.
“Дилаш чун оинаи сайқал хӯрдаест, ки анвори илоҳӣ дар он тобида ва ба сурати калимот зоҳир шудааст”, – таъкид кард Шабистарӣ.
Ба қавли Шабистарӣ, ишқ ва ранҷи он, ба вижа ишқи ирфонӣ қисми барҷастаи осори Фарзона аст ва ин шоири муосир бештар аз шоирони классик илҳом гирифтааст.
Ӯ сипас шеъреро, ки Фарзона барои фарзанди аз даст додааш суруда буд, қироат карда, таъкид дошт, ки дар ин ашъор Фарзона нигоҳи орифона дорад.
Шабистарӣ бо таъкид бар ин, ки ҳеҷ шоири тоҷик натавонистааст дар Эрон девон дошта бошад, афзуд: ба ҷуз девони Лоҳутӣ, ки дар Эрон мунташир шуд, дигар шоирони тоҷик тавонистаанд осори худро ба табъ расонанд, аммо девони Фарзонаи Хуҷандӣ нахустин асарест, ки дар Эрон мунташир шудааст.
Алиашрафи Муҷтаҳид ҳамчунин дар бораи мӯҳтавои шумораи вижаи “Самарқанд” сухан ронда, гуфт, ки Шоҳона – духтари Фарзонаи Хуҷандӣ шеърҳои модарашро хуб шарҳ медиҳад ва таъкид кардааст, ки ӯ ҳам адиб ва шоир шудааст.
“Хонандаи эрониро бештар бо Фарзона ошно мекунем”
Муҳсини Фараҳбар, пажӯҳишгари эронӣ, дар хусуси вижаномаи “Самарқанд” сухан ронда, гуфт, ғояи ин кор зимистони порсол дар зеҳнам равшан шуд, вақте хонум Фарзона барои мудово ба Эрон омад ва бо кумаки хоҳар, фарзандон ва дӯстони эшон ёддоштҳо, мақолаҳо, дилнома ва шеъҳоеро ба забони форсӣ баргардон ва чоп кардем.
Дар вижаномаи “Самарқанд” аз Абдураҳим Ҳоҷибоев, ҷадди Фарзона то модару хоҳару фарзандонаш, инчунин перомуни шахсият, зиндагинома ва корномаи ин шоири тавонои тоҷик маълумоти муфассал дода шудааст.
Фараҳбар таъкид кард, “азбаски ҳамаи форсизабонон ба эшон алоқа доранд, мехостем хонандаи эрониро бо Фарзона бештар ошно кунем”.
Ӯ дар поёни суханаш таъкид кард, ки шумораи навбатии “Самарқанд” ба рӯзгору осори Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон ва сардафтари адабиёти муосири тоҷик бахшида мешавад.
Сипосгузории Озарахш
Толиб Карими Озарахш, шоири шаҳир ва ҳамсари соҳибҷашн, бо шеъри Рӯдакӣ суханро оғоз карда, гуфт, “бораҳо дарҳои Бухорои шариф, ки барои тоҷикҳо гаҳвораи тамаддун аст, баста шуда ва боз гардид”.
Озарахш гуфт, то чанд соли пеш ин минтақа сарҳадбандӣ шуд ва мо наметавонистем ба Бухоро ва Самарқанд равем. Ман зодаи Зарафшон ҳастам ва ниме аз хешону табором дар Самарқанд, ё дар Бухоро ҳастанд, аммо наметавонистем ҳоли ҳамдигарро донем.
Ӯ ба маънии миннатдорӣ афзуд, чанд соли пеш бо ташаббуси сарони ду кишвар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон боз шуд, вале Алӣ Деҳбошӣ дарвозаҳои Бухоро ва Самарқандро тӯли ин солҳо дар Эрон боз нигоҳ дошт.
Дилномаи Фарзона
Фарзонаи Хуҷандӣ дар фарҷоми шаби эҷодӣ гуфт, “боиси шодӣ аст, ки эрониҳо Тоҷикистонро дӯст доранд ва алоқаи онҳо ба табиат, мардуми шариф ва шаҳрҳои Тоҷикистон машҳуд аст”.
Ӯ таъкид кард, ки муҳаббати мардуми ду кишвар мутақобил аст: “Чанд моҳ пеш, ки дар Эрон ҷанг шуд, дилхун будем ва гӯӣ, ки дар диламон хорҳое аз дарди Эрон доштем ва шабу рӯз дуо мекардем, ки Худованд Эрони моро наҷот диҳад ва имрӯз Эрон мазҳари сулҳу рифоҳ аст ва мо ва шумо метавонем ҳарфи муҳаббат радду бадал кунем”.
“Шумо имшаб бузургтарин ва нодиртарин ҳадяро ба мо додед ва он ҳам вақт аст. Аз вақт гаронбаҳотар чист, ки ба ҳам тақдим кунем? Инсонҳое, ки як умр худро ба дигарон бахшиданд, бузургтарин дороии худро тақдим карданд. Ҳеч чизе дар олам баробар бо вақт нест”, – чунин сипосгузорӣ кард Фарзона.
Ин шоираи тоҷик зимни ташаккур аз касоне, ки дар ин маросим суханронӣ карданд, афзуд, “ин афрод ойинае ҳастанд, ки Эрон ва Тоҷикистонро барои аҳли ҷаҳон дӯстдоштанӣ мекунанд”.
Фарзона таъкид кард, “дар рӯзҳои ҷанг, ба Муҳсини Фараҳбар занг мезадам ва мегуфт, ки аз Теҳрон намеравам ва барои “Самарқанд” ва “Бухоро” сари кор ҳастам. Фараҳбар мегуфт, ки осори устод Лоиқро мехонам ва агар ҷон диҳам, барои хондани осори устод Лоиқ ҷон медиҳам. Муҳсини Фараҳбар дар ҷанг ҳам ба ёди шеър ва муҳаббат буд”.
Вай афзуд, Алӣ Деҳбошӣ якнафара ба андозаи як вазоратхонаи аризу тавил фаъолият мекунад ва густараи корҳояш ба Бухоро, Самарқанд, Зарафшон, Ҳинд, Ҳирот, Қандаҳор, Шероз, Исфаҳон, Табриз ва … мерасад. Ӯ суфраи бузурги фарҳанги ирфон ва адаби форсиро густардааст”.
Фарзона Хуҷандӣ дар охир ҳадяи гулдӯзиеро ба Алӣ Деҳбошӣ, ташаббускори асосии ин маҳфил тақдим намуда, дар васфаш шеъре қироат кард.
Ҳоло гуфта метавонем, ки ин шаби эҷодӣ намунаи ҳамдилӣ ва дӯстии қарин байни мардуми Эрон ва Тоҷикистон буд. Фарзонаи Хуҷандӣ бо шеъри худ нишон дод, ки адабиёт сарҳад надорад ва дар ҳама ҷо дилҳои мардумро ба ҳам наздик месозад.


