Нерӯгоҳи “Норак” ба мавсими тирамоҳу зимистон омода мешавад

Мутахассисони Нерӯгоҳи барқи обӣ (НБО)-и "Норак" барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 дар ин нерӯгох корҳои омодагӣ ва таъмири ҷорӣ, миёна ва асосии гидроагрегатҳою таҷҳизоти ёрирасонро мегузаронанд. Анвар Киромаддинов, муовини сармуҳандиси нерӯгоҳ ба АМИТ “Ховар” гуфтааст, ки ин тадбирҳо барои дар фасли зимистон таъмин намудани аҳолӣ бо барқ амалӣ мешаванд. Ба гуфтаи ӯ, мутахассисони […]

Asia-Plus

Мутахассисони Нерӯгоҳи барқи обӣ (НБО)-и "Норак" барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 дар ин нерӯгох корҳои омодагӣ ва таъмири ҷорӣ, миёна ва асосии гидроагрегатҳою таҷҳизоти ёрирасонро мегузаронанд.

Анвар Киромаддинов, муовини сармуҳандиси нерӯгоҳ ба АМИТ “Ховар” гуфтааст, ки ин тадбирҳо барои дар фасли зимистон таъмин намудани аҳолӣ бо барқ амалӣ мешаванд.

Ба гуфтаи ӯ, мутахассисони НБО "Норак" мувофиқи нақшаи тасдиқшуда як қатор чорабиниҳои муҳимро пурра ба иҷро расонидаанд:

– захира намудани маводи зиддилағжиш барои роҳҳои нақлиётии нерӯгоҳ;

– омода намудани нақлиёт ва механизмҳои хоҷагии нақлиёти автомобилӣ;

– тоза намудани сангрезаҳо аз паси девори муҳофизатии бинои “Зилзиласанҷӣ”;

– дар ҳолати омодабош нигоҳ доштани дизел-генераторҳо;

– баровардани селовардҳо аз "барраж"-ҳои №1-2-и сойи "Сафедоб" ва аз ҳавзи сойи Лагер.

Айни замон дар нерӯгоҳи "Норак" корҳои навсозии гидроагрегати ҳафтум ва таъмири ҷории баъзе механизмҳои гидроагрегатҳо идома дорад.

Нерӯгоҳи барқи обии "Норак" яке аз иншооти стратегии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки зиёда аз нисфи истеҳсоли нерӯи барқро дар кишвар, бахусус дар давраи зимистон таъмин мекунад.

Иқтидори муқарраршудаи нерӯгоҳ айни замон 3 015 (МВт)-ро ташкил медиҳад (9 гидроагрегат ҳар кадоме бо иқтидори 335 МВт).

Аввалин гидроагрегати нерӯгоҳ соли 1972 ва охиринаш – охири солҳои 1970-ум мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Айни замон дар нерӯгоҳи “Норак” корҳои таъмиру навсозии механизму таҷҳизоти он ҷараён доранд.

Моҳи октябри соли 2022 гирдроагрегати якуми барқароршуда пас аз таъмиру навсозӣ мавриди истифода қарор гирифта, иқтидори он то 375 МВт расонда шуд, ки тақрибан 10% зиёдтар нисбат ба иқтидори пешинааш аст.

Моҳи августи соли 2024 гидроагрегати чоруми барқароргардида пас аз анҷоми корҳои таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд.

Дар назар аст, ки пас аз анҷоми ҳамаи корҳои пешбинигардида тибқи нақша, иқтидори нерӯгоҳ то 3375 МВт зиёд карда мешавад.

Қобили зикр аст, ки ҳамасола аз охири моҳи сентябр то апрели соли дигар дар Тоҷикистон мушкили норасоии барқ ба мушоҳида мерасад.

Дар ин давра ба сокинони деҳоти ҷумҳурӣ дар ҳаҷми маҳдуд нерӯи барқ интиқол дода мешавад. Танҳо шаҳрҳои бузург шабонарӯзӣ бо барқ таъмин карда мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.