“Таҳсил, кор, озодӣ ва риояи ҳуқуқи инсон”. Узви Парлумони Аврупо роҳи беҳтарини таъмини амният ва шукуфоӣ барои Тоҷикистонро гуфт

Asia-Plus

Ҷузи Принчи, узви Парлумони Аврупо, раиси ҳайати ИА оид ба равобит бо кишварҳои Осиёи Марказӣ (DCAS), ҳамраиси Кумитаи байнипарлумонии Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон дар доираи Ҷаласаи Кумитаи ҳамкориҳои байнипарлумонии Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон, ки 15-уми сентябр иштирок кард. Ӯ дар доираи сафари худ ба Тоҷикистон бо мансабдорон, вакилони парлумон ва донишҷӯёни тоҷик низ мулоқот намуд.

Ҷузи Принчи зимни ин сафар ба чанд саволи “Азия-Плюс” посух дод, ки онро манзури шумо мекунем.

 

– Муносибатҳои имрӯзаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

– Муносибатҳо дар сатҳи хуб қарор дошта, рушд мекунанд. Чунон ки Созишномаи шарикӣ ва ҳамкории густурда исбот мекунад, мо онҳоро пайваста такмил медиҳем.

Бо вуҷуди ин, дар рӯйдодҳои фоҷиабори ҷаҳони мо ҳар кас бояд масъулияти худро ба дӯш гирад ва қонуни дохилиро ҳимоя кунад ва бар зидди таҷовуз, ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳои зидди инсоният мубориза барад.

Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон мавқеъ ва таърихи муҳими геополитикӣ доранд, ки мо онро комилан дарк ва эҳтиром мекунем. Аммо, агар ҷаҳон, тавре ки ба назар мерасад, миёни кишварҳои озод ва ҳокимияти истибдод (автократия) тақсим шавад, Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ бояд барои дифоъи арзишҳои баробар бештар амал кунанд.

Ин раванд низ аз поён оғоз мешавад ва дар равобити худ мо бояд муносибатҳои байниинсониро ба асос гирем. Дар робита ба ин, мо бояд бештар ба табодули донишҷӯён, афзоиши идрорпулиҳо ва осонгардонии дастрасии раводид таваҷҷӯҳ диҳем.

 

 

– Дар ҷаласаи Кумитаи ҳамкориҳои байнипарлумонии Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон кадом масъалаҳо ва мавзӯъҳо баррасӣ шуданд? Ба кадом самтҳои ҳамкории байнипарлумонӣ бояд таваҷҷӯҳи аввалиндараҷа дода шавад?

– Мо бо вакилони порлумон, ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳамчунин донишҷӯён масъалаҳои зиёдеро баррасӣ кардем. Мо мавқеъи худро оид ба дастгирии Украина дар муқобили таҷовузи Русия, инчунин пуштибонии мо аз Оинномаи СММ ва Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ таъкид кардем.

Мо зарурати такмил додани вазъияти ҳуқуқи инсон дар кишвар, дифоъи расонаҳои мустақил ва ба зудӣ таҳияву қабули қонуни махсус барои мубориза бо хушунати хонаводагиро баррасӣ кардем.

Ҳамчунин, чанд мавзӯъи дигар, аз қабили вазъият дар Афғонистон, ки дар ин росто мо иқдоми ҳукумати Тоҷикистонро ҷонибдорӣ мекунем, тағйирёбии иқлим, равиши бисёрҷониба ва тиҷорати озодро ҳам матраҳ кардем. Иттиҳоди Аврупо сиёсати худро тағйир намедиҳад, мо барои Тоҷикистон ва дигар дӯстону шарикони худ ҳамчун дӯсти боэътимод боқӣ мемонем.

 

– Оё Иттиҳоди Аврупо дастгирии худро барои рушди соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ афзоиш медиҳад? Тоҷикистон барои сармоягузорони Аврупо то чӣ андоза ҷолиб аст?

– Шомилшавӣ ба GSP+ воқеан сармоягузориро афзоиш медиҳад, зеро истеҳсол дар кишвар ва содирот ба Иттиҳоди Аврупо рақобатпазиртар мешавад. Аммо дар ин робита масъалаи татбиқи 27 конвенсияи байналмилалӣ бояд ба таври чиддӣ гирифта шавад ва ин такмили вазъи ҳуқуқи инсонро тақозо мекунад. Илова бар ин, ҳатто бидуни GSP+, Иттиҳоди Аврупо метавонад ва бояд бештар ба Тоҷикистон сармоягузорӣ кунад ва шарти пешакии он таваҷҷуҳ ба рушди иртибот, аз ҷумла иртиботи рақамӣ аст, ки дар Саммити имсолаи байни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд.

 

Албатта, мо бояд ба ҳамкориҳои зич дар соҳаи омодасозии касбии соҳибкорони ҷавон мусоидат кунем. Осонгардонии раводид низ муфид хоҳад буд, зеро бисёре аз соҳибкорони тоҷик дарёфти раводидро дар муддати муносиб барои дастрасии мустақим ба шарикон аз Иттиҳоди Аврупо мушкил медонанд. Вале Тоҷикистон бояд фазои сармоягузории худро беҳтар кунад, аз ҷумла тавассути таҳкими волоияти қонун. Ин бахш ҳам барои шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳам барои хориҷиён муҳим аст.

 

– Тоҷикистон дар минтақаи ноустувор ҷойгир аст. Иттиҳоди Аврупо дар таҳкими амният ва мубориза бо таҳдидҳои минтақавӣ чӣ нақш бозида метавонад?

– Мо ҳамеша дар бораи равиши минтақавӣ ба Осиёи Марказӣ ва зарурати ҳамкориҳои бештари фаромарзӣ сӯҳбат мекардем.

Иттиҳоди Аврупо аллакай дар дастгирии идоракунии сарҳад бо Афғонистон, масалан, тавассути таъмини таҷҳизоти назоратӣ ва омӯзиши кормандони амният саҳми худ мегузорад. Ин вазифаи мост. Марз  бо Афғонистон, ки 1400 километрро ташкил медиҳад, на танҳо мушкили Тоҷикистон, балки мушкили тамоми Аврупо аст. Бо вуҷуди ин, амният мафҳуми васеътар аст. Мо чунин мешуморем, ки беҳтарин роҳи таъмини амният ва шукуфоӣ ин таъмини ҳамаи шаҳрвандон бо таҳсилоти хуб, имконоти шуғл ва озодӣ дар доираи қонун ва эҳтироми ҳуқуқи инсон аст. Ин беҳтарин роҳи мубориза бо тундгароӣ ва таҳдидҳои дигар аст.

 

– Аз сафар ба Душанбе ва вохӯриҳо бо ҳамкасбони тоҷик чӣ таассурот доред?

– Мо аз дустони тоҷик барои истиқболи хуб самимона миннатдорем. Ин на танҳо масъалаи хушмуомилагӣ аст, инчунин омода будан ба муҳокимаи ҳамаи масъалаҳо, хатто масъалаҳое, ки дар робита ба онҳо мо ҳамфикр нестем, бо дили кушод, чуноне ки танҳо бародарон ва хоҳарон метавонанд сӯҳбат кунанд. Берун аз чаҳорчӯби вохӯриҳои расмии мо, Душанбе пойтахти серҳаракат ва дурахшон аст, мо ҳузури бештари Чинро дидем – дар мошинҳо, биноҳо ва ғайра – ва ҷавонони зиёде, ки ояндаи Тоҷикистон ҳастанд ва сазовори дурнамои муносиб мебошанд, ки Иттиҳоди Аврупо низ бояд дар ин росто саҳм гузорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...