Тоҷикистону Русия мушкилоти муҳоҷирони тоҷик ва ҷалби онҳо ба кор дар Русияро баррасӣ карданд

Ин масъала дар ҷаласаи нуҳуми Гуруҳи кории Тоҷикистону Русия матраҳ гардида, ҷониби Тоҷикистон ба зарурати ҳамкорӣ барои ҳалли мушкилоти муҳоҷирони тоҷик таъкид кардааст. Ҷаласа рӯзи 16-уми сентябр, дар доираи Ҳафтаи байналмилалии ҳифзи меҳнат, дар шаҳри Сочӣ доир гардида, дар он амалисозии Созишномаи ҷалби муташаккили шаҳрвандони Тоҷикистон ба кори муваққатӣ дар Русия низ гуфтугӯ сурат гирифтааст.  […]

Asia-Plus

Ин масъала дар ҷаласаи нуҳуми Гуруҳи кории Тоҷикистону Русия матраҳ гардида, ҷониби Тоҷикистон ба зарурати ҳамкорӣ барои ҳалли мушкилоти муҳоҷирони тоҷик таъкид кардааст.

Ҷаласа рӯзи 16-уми сентябр, дар доираи Ҳафтаи байналмилалии ҳифзи меҳнат, дар шаҳри Сочӣ доир гардида, дар он амалисозии Созишномаи ҷалби муташаккили шаҳрвандони Тоҷикистон ба кори муваққатӣ дар Русия низ гуфтугӯ сурат гирифтааст. 

Тибқи иттилои расмӣ, дар нишаст аз ҷониби Хадамоти федералии меҳнати Русия абзорҳои нави рақамӣ дар соҳаи муҳоҷират муаррифӣ шудаанд, ки “метавонанд раванди бақайдгирӣ ва хидматрасонии марбут ба муҳоҷиратро осонтар созанд”. 

Дар ҷаласаи мазкур, ҳамчунин, масъалаҳои зерин баррасӣ гардидаанд:

– ташкили муоинаи тиббӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон пеш аз сафар ба Русия;

– гузаронидани имтиҳони донистани забони русӣ, таърих ва қонунгузории Русия барои муҳоҷирон дар Тоҷикистон;

– таъсиси пойгоҳи таълимӣ дар Тоҷикистон барои омода кардани муҳоҷирони тоҷик тибқи стандартҳои давлатии таҳсилоти касбии Русия; 

– беҳтарсозии хидматрасонии намояндагии Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводиди Вазорати корҳои дохилии Русия дар Тоҷикистон;

Дар натиҷаи музокирот, ҷонибҳо аҳамияти таҳкими ҳамкориҳои минбаъда ва баланд бардоштани ҳимояи иҷтимоии муҳоҷиронро зикр кардаанд.

Мақомоти Тоҷикистону Русия қаблан низ дар ҷараёни музокирот масоили ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират, қонунӣ гардонидани будубоши шаҳрвандони дар рӯйхати таҳти назорат қарордошта, баргузории муоинаи тиббии шаҳрвандон, ташкили марказҳои имтиҳонсупории забони русӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ карда буданд.

Дар як соли охир махсусан, баъди ҳамла ба “Крокуси Сити Ҳол”, ки ҳамчун гумонбар дар он чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шуданд, фишор болои муҳоҷирон бештар шуд. Мақомоти ин кишвар ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ карданд, “рӯйхати сиёҳ”-и муҳоҷиронро тартиб доданд ва ба қонунгузории самти муҳоҷират даҳҳо тағйиру иловаҳо ворид карданд, ки будубоши муҳоҷиронро сахттар мекунад.

Дар пайи ин мақомоти Тоҷикистон талош доранд барои гуногунсамт кардани бозори муҳоҷирати кишвар чораҳо андешанд. Аммо тавре мушоҳида мешавад то ба ҳол роҳи ҳалли онро пайдо накардаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.