Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 сентябри соли 2025

Date:

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ 23 СЕНТЯБР

– Имрӯз дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Форуми минтақавии Муколамаи занони Осиёи Марказӣ таҳти унвони “Занон дар иқтисоди сабз ва рақамӣ” баргузор мегардад.

– Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши ҷашнии “Атои саҳна”  идома дорад. Ин намоиш ба ифтихори 85-солагии Ато Муҳаммадҷонов 16-уми сентябр оғоз гардид ва то 25-уми сентябр идома меёбад.

Дар намоиш беш аз 110 нигора, аз қабили мусаввараҳо, ордену медалҳо, ҷоизаҳо, ҳуҷҷатҳо, либосҳои саҳнавӣ, аксҳо, наворҳо ва китобҳо, ки бозгӯи фаъолияти пурсамари ҳунарпешаи шинохта Ато Муҳаммадҷонов аст, пешниҳод мешавад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

– Дар “Serena Art Gallery” намоиши асарҳои Сорбон Шифоев, мусаввири тоҷик таҳти унвони “Ногуфтаҳо” идома дорад. Намоишгоҳ то 24-уми сентябр давом мекунад ва меҳмонону сокинони пойтахт имкон доранд, ки дар ин рӯзҳо асарҳои мусаввирро тамошо кунанд.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 23 СЕНТЯБР

Соли 1991 – Дар ҷаласаи изтирории Шӯрои Олии Тоҷикистон Қадриддин Аслонов, раиси Шӯрои олӣ (парлумон) истеъфо дод. Ба ҷойи ӯ Раҳмон Набиев раиси Шӯро интихоб гардид.

Соли 2013 – Дар Душанбе аз як амали террористӣ пешгирӣ карда шуд. Кормандони мақомоти қудратӣ иддао карданд, ки гурӯҳи террористонеро безарар гардониданд, ки қасд доштанд муассисаҳои давлатӣ ва чор дарвозаи пойтахтро инфиҷор кунанд.

Соли 2015 – Бо Қарори Ҳукумати кишвар “Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии ба номи Восеъ” таъсис дода шуд.

Соли 2016 – Ҳайати Тоҷикистон ҷаласаи САҲА дар Варшаваро тарк кард, зеро дар он ҷо намояндаи Ҳизби мамнуъшуда ва террористии назҳати ислом иштирок дошт.

Соли 2017 – Меҳрубон Сангинов, муштзани тоҷик аз рӯйи версияи “WBC”  унвони қаҳрамони ҷаҳонро сазовор гардид.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Меҳрубон Сангинов

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1934 – Мавлуди Аврод Бурҳонов, овозхони тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистони шӯравӣ.

Аврод Бурҳонов гарчанде дар мактаби махсуси сарояндагӣ таълим нагирифтааст, аз мактаби овозхонони шинохта ва касбӣ сабақ гирифт, сабкашро дарёфт ва ба мартабаи баланди ҳофизӣ расид.

Ӯ аз соли 1955 дар хонаи маданияти ноҳияи Ғарм фаъолият намудааст. Таронаҳои, “Ёри булбул”, “Нақши девор”, “Ҳавои ишқ”, “Ғусса хурдам”, “Таскини дил”, “Нағмаи дутор”, “Интизорам”, “Муждаи васл”, “Эй ошиқон»”, “Доғи ҷудоӣ”, “Пайкони қисмат”, “Вафо”, “Ваъдаи аввал”, аз беҳтарин сурудаҳои ӯ ба шумор мераванд.

Соли 1954 – Мавлуди Асланшоҳ Раҳматуллоев, ҳунарпешаи театру синамо, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Асланшоҳ Раҳматуллоев

Асланшоҳ Раҳматуллоев, ҳунарманди маъруфи тоҷик буда, баъди таъбири маъруфи “Аз гуноҳат гузаштам, ин сӯ гузар!” аз намоиши “Қиссаи аҷибу ғариб”, ки аз рӯи асари “Гурба ва муш”-и Убайди Зоконӣ таҳия шудааст, “Шоҳи саҳна” ном бурда мешавад.

Ӯ хатмкардаи Институти давлатии умумииттифоқии кинематографияи шаҳри Маскав буда, фаъолияти худро соли 1975 дар Театри Лоҳутӣ оғоз кард ва дар намоишҳои маъруф чун “Гамлет”, “Корвони бахт”, “Ҳодисаҳои ғайриоддӣ”, “Гилеми кабуд”, “Шоҳ Лир”, “Роҳзанон”, “Мардон намегирянд”, “Вақте шаҳр хобидааст”, “Ғуруби Аҷам” нақш бозида, шӯҳрат пайдо кард.

Аз соли соли 1994 то дами маргаш корманди Театри “Оина” буд.

Асланшоҳ Раҳматуллоев фарзанди Низорамоҳ Зарипова, сиёсатмадори маъруфи тоҷик буд. Ӯ 27-уми апрели соли ҷорӣ дар 71-солагӣ аз олам чашм пӯшид

Гузориши “Азия-Плюс”-ро аз маросими бахоксупории ӯ дар матлаби “Шоҳ”-е, ки аз гуноҳи ҳама гузашт, даргузашт. Асланшоҳ Раҳматуллоев дар Лучоб ба хок супорида шуд бубинед.

Соли 1957 – Зодрӯзи Мардон Муҳаммад, рӯзноманигори тоҷик.

Соли 1958 – Зодрӯзи Бурҳониддин Раҷабов, ҳунарпеша ва коргардони театр, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Бурҳониддин Раҷабов

Бурҳониддин Раҷабов хатмкардаи Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзода ва Омӯзишгоҳи олии театрии ба номи Б. Шукини шаҳри Маскав буда, фаъолияти худро дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Қурғонтеппа ҳамчун ҳунарпеша оғоз намуда, дар идома ба сифати коргардон, саркоргарон ва директори ин боргоҳи ҳуар заҳмат кашидааст.

Ӯ дар як қатор намоишҳо, чун “Модар нигарон буд”, “Хирс”, “Булдок”, “Тӯи бедомод”, “Авлиё ва осӣ”, “Моҷарои обфурӯш”, “Фарёди ишқ” нақш бозида, хулқу атвори қаҳрамононашро бо нозукӣ дар назари бинанда ба ҷилва овардааст.

Ҳамчун коргардон “Давлати Сомониён”, “Фариштаҳо”, “Ҳазрати Амирҷон”, “Бозиҳои манфиатҷӯёна”, “Оршин мол-олон” барин намоишҳоро рӯи саҳна овардааст.

Соли 1969 – Ҳошим Қосимов, овозхони тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистони шӯравӣ дар синни 62 аз олам чашм баст.

Ҳошим Қосимов, падари Одина Ҳошим, овозхони маъруфи тоҷик аст. Ӯ то соли 1958 дар хонаи маданияти Даштиҷум кор карда, баъдан дар ноҳияи Ҳамадонӣ зиндагӣ ва фаъолият кардааст.

Ӯ асосан бо дутор таронаҳои халқӣ суруда, аз осори шоирони муосир низ намунаҳои зиёд иҷро кардааст. Мутаасифона, бо садои ӯ ягон суруд ба лента сабт нашудааст, вале таронаҳои ҷудогонааш, чун “Гул мекунад”, “Ошиқи бечораам”, “Дар як ҷо”, “Ҷигӣ-ҷигӣ”, “Гул ба фасли баҳор мезебад”, “Дил бурдӣ аз ман” аз даҳон ба даҳон гузашта, имрӯз аз сӯи сарояндагони касбию ҳаваскор садо медиҳанд.

Фарзандонаш Одина Ҳошим ва Абдулхайр Ҳошимов ҳунари падарро идома ва такмил додаанд.

Соли 1979 – Мавлуди Ҳусния Исҳоқӣ, вакили парлумони Тоҷикистон.

Соли 1997 – Хадича Абдуҳалимова, овозхони тоҷик дар синни 47 даргузашт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Хадича Абдуҳалимова

Хадича Абдуҳалимова соли 1967 Омӯзишгоҳи мусиқии ба номи Аҳмад Бобоқуловро хатм карда, дар дастаҳои ҳаваскорони санъати шаҳри Душанбе кор кардааст. Ӯ аз соли 1974 то поёни умр сарояндаи Филармонияи давлатии Тоҷикистон буд.

Овозхон аз ашъори шоирони классику муосири тоҷик ва мероси шифоҳии халқ бештар тарона хондааст. “Боз ой”, “Дорам ҳанӯз”, “Абрешимо-абрешим”, “Таронаи таскин”, “Шоҳи анҷуман” аз беҳтарин сурудаҳои ӯ мебошанд.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

23-юми сентябр ҳамасола дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии забонҳои имову ишора (International Day of Sign Languages) ҷашн гирифта мешавад. Он бо қарори Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар моҳи декабри соли 2017 таъсис ёфта, нахустин бор соли 2018 ҷашн гирифта шуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ҳадафи ин рӯз баланд бардоштани огоҳии ҷомеа аз нақши ҳаётан муҳими забонҳои ишора дар ҳаёти ношунавон ва афроди дорои шунавоии маҳдуд аст.

Забонҳои ишора ба ин гурӯҳи мардум имкон медиҳанд, ки бо ҷомеа иртибот барқарор кунанд, маълумот дарёфт намоянд ва дар фаъолияти иҷтимоиву иқтисодӣ ширкат варзанд.

Тибқи омори СММ, дар ҷаҳон беш аз 70 миллион ношунаво зиндагӣ мекунанд ва беш аз 300 забони ишора вуҷуд дорад.

23-юми сентябри соли 1938 дар шаҳри Ню-Йорк аввалин “Капсулаи замон” (Time Capsule) дар таърихи инсоният гузошта шуд. Ин иқдом аз ҷониби ширкати “Westinghouse Electric Corporation” амалӣ гардид.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Капсула 228 см тӯл ва16,5 см қутр дошта, вазнаш 363 кг буд. Он аз шишаи ба ҳарорат тобовар ва қабати муҳофизатии мис, хром ва нуқра таркиб ёфта буд.

Капсулаи аввалин дорои беш аз 100 ашёи иттилоотӣ ва фарҳангӣ, аз ҷумла, китобҳо, филми ҳуҷҷатӣ, Энсиклопедия дар микрофилм, 75 намунаи матоъ ва маводи муосир, 35 ашёи рӯзгор (масалан, кулоҳи занона, чӯбдони сигоркашӣ) буд.

Қарор шудааст, ки капсула пас аз 5000 сол, яъне дар солӣ 6939 боз шавад. Капсулаи дуввум бошад соли 1965 гузошта шуда, дар он маълумот дар бораи силоҳи ҳастаӣ, корти бонкӣ, доруҳои зидди ҳамл, дили сунъӣ, диски гурӯҳи “Beatles” ва қисми киштии кайҳонӣ ҷо дода шудааст. Ҳарду капсула дар чуқурии 15 метр нигаҳдорӣ мешаванд ва барои наслҳои оянда паём аз фарҳангу таърих мебошанд.

23-юми сентябри соли 2008 аввалин маротиба барномаи оператсионии “Android” барои смартфонҳо ба таври расмӣ нашр шуд. Таҳияи он аз ҷониби ширкати “Android Inc.” оғоз гардида буд ва соли 2005 ширкати “Google” онро харид ва рушди минбаъдаи онро бар уҳда гирифт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

“Google” барои пешбурди он ширкати технологии “Open Handset Alliance”-ро таъсис дод. Смартфони “HTC Dream” (“T-Mobile G1”) аввалин дастгоҳе буд, ки бо системаи “Android” ба бозор баромад. То соли 2018, “Android 17” версия ва зиёда аз 40 навсозӣ ба даст овард. Имрӯз, “Android” яке аз паҳншудатарин системаҳои оператсионӣ дар ҷаҳон аст

23-юми сентябри соли 1848 ҳамчун Рӯзи ихтирои сақич (жвачка) шинохта шудааст. Дар ин рӯз ихтироъкори амрикоӣ Ҷон Куртис (John B. Curtis) аввалин сақичро дар хонааш омода кард. Таркиби аввалин сақич аз атрони дарахти сосна (пайн), парафин иборат буд.

Соли 1869 ихтироъкори дигар – Томас Адамс (Thomas Adams) сақичро аз каучук истеҳсол кард. Ӯ соли 1871 аввалин мошини истеҳсоли автоматии сақичро ихтироъ ва патент кард.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 23 СЕНТБЯРИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 12+17º гарм, рӯзона 24+29º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10º гарм, рӯзона 15+20º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 15+20º гарм, рӯзона 30+35º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 13+18º гарм, рӯзона 25+30º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 14+19º гарм, рӯзона 25+30º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11º гарм, рӯзона 23+28º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 9+14º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 17+19º гарм, рӯзона 24+29º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 31+33º гарм, дар шарқи вилоят шабона -3+2º, рӯзона 14+19º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 17+19º гарм, рӯзона 28+30º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 15+17º гарм, рӯзона 25+27º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 15+17º гарм, рӯзона 30+32º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 11+13º гарм, рӯзона 25+27º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...