“Шоҳ”-е, ки аз гуноҳи ҳама гузашт, даргузашт. Асланшоҳ Раҳматуллоев дар Лучоб ба хок супорида шуд

Асланшоҳ Раҳматуллоев, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, ки дирӯз, 27-уми апрел, дар 71-солагӣ аз олам чашм пӯшид, имрӯз, 28-уми апрел дар оромгоҳи Лучоби Душанбе ба хок супурда шуд. Ҳамкасбону ҳамкоронаш аз ӯ ҳамчун ҳунарманди асил, ҳаҷвнигори хуб ва инсони зиндадил ёд мекунанд. Маросими хайрбод субҳи имрӯз дар назди хонаи истиқоматиаш дар Душанбе баргузор шуд ва он ҷо […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Асланшоҳ Раҳматуллоев, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, ки дирӯз, 27-уми апрел, дар 71-солагӣ аз олам чашм пӯшид, имрӯз, 28-уми апрел дар оромгоҳи Лучоби Душанбе ба хок супурда шуд. Ҳамкасбону ҳамкоронаш аз ӯ ҳамчун ҳунарманди асил, ҳаҷвнигори хуб ва инсони зиндадил ёд мекунанд.

Маросими хайрбод субҳи имрӯз дар назди хонаи истиқоматиаш дар Душанбе баргузор шуд ва он ҷо садҳо ҳаводорони санъат ва ҳунармандону коргардонҳо ҷамъ омада буданд. Маросими ҷанозаи Асланшоҳ Раҳматуллоев бошад, дар масҷиди ҷомеи ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа (масҷиди нави Душанбе) баргузор гардид.

Пайвандонаш гуфтанд, ки Асланшоҳ Раҳматуллоев ҳеҷ беморӣ надошт ва нобаҳангом даргузашт.

“Тахминан соати 11-и рӯзи гузашта, нахуст дар хона ҳаммом кард, ранге барои ҷон додан омода шуд ва соати 11:15 нобаҳангом аз олам чашм пӯшид. Ҳамон гунае, ки худи падарам орзу дошт, баобрӯ ҷон ба ҷонофарин супорид, бе беморӣ ва бистарӣ шудан”, – гуфт писараш Шӯҳратшоҳ Раҳматуллоев.

Асланшоҳ Раҳматуллоев аз саҳнаҳои ҳунарӣ дар Театри Лоҳутӣ машҳур шуд ва 30 соли охир дар Театри “Оина” нақш меофарид. Ҳамчунин, ӯ дар чандин филм нақш бозида буд.

 

"Шоҳ"-е, ки аз гуноҳи ҳама гузашт

Ортиқи Қодир, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, ки солҳо бо Асланшоҳ Раҳматуллоев кор кардааст, мегӯяд, “бо вуҷуди он ки дар оилаи сиёсатмадори маъруф Низорамоҳ Зарифова ба воя расид, вале марди хоксор буд ва тамоман кибр надошт”.

Ӯ бо ифтихор мегӯяд, ки дар намоишҳои бисёре бо Асланшоҳ Раҳматуллоев нақш офаридааст ва аз намоиши “Қиссаи аҷибу ғариб”-и Театри Лоҳутӣ, ки аз рӯи асари “Гурба ва муш”-и Убайди Зоконӣ таҳия шудааст, ёд меоварад.

“Дар ин намоиш Асланшоҳ Раҳматуллоев нақши шоҳи мушонро бозиду ман нақши вазири мушонро, ки дар маҷмӯъ норасоиҳои давру замонро мазаммат мекард. Ҳамон таъбири маъруфи “Аз гуноҳат гузаштам, ин сӯ гузар!” аз намоиши мазкур баромад ва Асланшоҳ Раҳматуллоев аз ҳамон вақт шоҳи саҳна эътироф гардид”, – нақл кард Ортиқи Қодир.

 

 

Шахси калидии Театри “Оина”

Ортиқи Қодир ба “тими Убайдулло Раҷабов” гузаштани Асланшоҳ Раҳматуллоевро ҳам ёд овард: “Устод Убайдулло Раҷабов, Сайидмурод Мардонов ва бандаи камтарин дар Театри Лоҳутӣ театрчаи алоҳида сохта будем ва вақте Убайдулло Раҷабов Театри “Оина”-ро сабтином карданд, яке аз аввалин ҳунармандоне, ки ба ин тим даъват гардид – Асланшоҳ Раҳматуллоев буд. Ӯ бо омаданаш тими “Оина”-ро шукӯҳ бахшид ва саҳначаҳои ҳаҷвиро рангину пурханда кард”.

Абӯалӣ Муродов, раҳбари Театри “Оина” ҳам мегӯяд, ки саҳми Асланшоҳ Раҳматуллоев дар ташакули ин театр бориз буда, яке аз шахсони калидии он маҳсуб мешуд.

“Устод ҳам ҳунарманди хуб, ҳам сенариянавис ва ҳам коргардони хуби Театри “Оина” буданд, ки бо даргузашташон натанҳо театри мо, балки соҳоти ҳунару фарҳанг талафоти бузург дод”, – таъкид мекунад Абӯалӣ Муродов.

 

Ҳунарманде, ки теару синаморо рангин мекард

Исфандиёр Ғуломов, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон мегӯяд, ки “Асланшоҳ Раҳматуллоев ҳунарманди хубе буд, ки бо вуҷудаш ҳам саҳнаи театр ва ҳам саҳнаи синамои тоҷик дигар мешуд, рангин мегашт”.

“Мо дар синамо бештар кор кардем ва бо ҳамдигар бештар шинос шудем ва ӯро марди самимӣ, ҳаҷвнигори хуб ва ҳунарманди асил дарёфтам. Бо шӯхиҳои Асланшоҳ мо аз таҳти дил механдидем ва будани ӯ кофӣ буд, ки дарду ранҷи кори ҳунариро фаромӯш кунему дами беғам занем”, – гуфт Исфандиёр Ғуломов.

Асланшоҳ Раҳматуллоев – ин ҳунарманди маъруфи тоҷик 23-юми сентябри соли 1954 дар ноҳияи Восеъ дида ба дунё кушода, Институти давлатии умумииттифоқии кинематографияи шаҳри Маскавро хатм карда буд.

Баъди хатми институт, соли 1975 дар Театри Лоҳутӣ ба кор оғоз кард ва дар намоишҳои маъруф чун “Гамлет”, “Корвони бахт”, “Ҳодисаҳои ғайриоддӣ”, “Гилеми кабуд”, “Шоҳ Лир”, “Роҳзанон”, “Мардон намегирянд”, “Вақте шаҳр хобидааст”, “Ғуруби Аҷам” нақш бозида, шӯҳрат пайдо кард.

Аз соли соли 1994 то дами маргаш корманди Театри “Оина” буд.

 

“Беҳуда ба дунё наомадаам”

Рӯзи 21-уми октябри соли гузашта 50-умин солгарди фаъолияти эҷодии Асланшоҳ Раҳматуллоев дар Театри Лоҳутӣ таҷлил гардид. Он вақт Асланшоҳ Раҳматуллоев бо чашмони пур аз ашки шодӣ изҳор дошт:

“Имрӯз вақте муҳаббати беандозаи мардумро мебинам, мечашам ва аз он лаззат мебарам, бо боварии комил метавонам бигӯям – ман беҳуда ба дунё наомадаам ва умрамро бар бод надодаам”.

Бояд гуфт, ки Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе дирӯз дар робита ба даргузашти Асланшоҳ Раҳматуллоев ба наздикону пайвандони ӯ изҳори ҳамдардӣ баён карда, барои онҳо сабри ҷамил хост.

Ёдовар мешавем, ки Асланшоҳ Раҳматуллоев чанде пеш ба муносибати 70-солагиаш бо “Азия-Плюс” мусоҳиба анҷом дода буд, ки метавонед дар ин пайванд мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.