Дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар Ёвон 5 кас ҷон бохтанд

Дар як садамаи нақлиётӣ дар ноҳияи Ёвон 5 нафар, аз ҷумла ду кӯдак ҷон бохтаанд. Ҳодиса рӯзи 25-уми апрел тахминан соати 14:40 рух дода, имрӯз, 28-уми апрел расонаӣ шуд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки Орзу Калтаев, ронандаи мошини тамғаи “Мерседес-Бенс” “ҳангоми ҳаракат аз самти маркази ноҳия ба самти деҳаи Ҷойламаи ҷамоати деҳоти Ҳ.Ҳусейнови ноҳияи […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Дар як садамаи нақлиётӣ дар ноҳияи Ёвон 5 нафар, аз ҷумла ду кӯдак ҷон бохтаанд. Ҳодиса рӯзи 25-уми апрел тахминан соати 14:40 рух дода, имрӯз, 28-уми апрел расонаӣ шуд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки Орзу Калтаев, ронандаи мошини тамғаи “Мерседес-Бенс” “ҳангоми ҳаракат аз самти маркази ноҳия ба самти деҳаи Ҷойламаи ҷамоати деҳоти Ҳ.Ҳусейнови ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канали обгузари қисмати рости роҳ сарозер шудааст”.

Дар пайи ин ҳодиса, модару ҳамсари ронанда бо ду кӯдаки 4 ва 2-солааш ва зани бародари ронанда дар ҷойи воқеа ҷон бохтаанд.

Гуфта мешавад, ки дар робита ба ин ҳодиса мақомоти интизомии ноҳияи Ёвон тафтишот бурда истодаанд.

Мувоффиқи маълумоти Раёсати БДА дар Тоҷикистон давоми соли гузашта 1 ҳазору 233 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст. Ин дар муқоиса бо соли 2023, 122 маротиба (соли 2023 –  1 ҳазору 111 садама) бештар будааст. 

Гуфта мешавад, ки дар пайи ин ҳодисаҳо 552 нафар (соли 2023 –  519 кас) ҷон бохта, 1 ҳазору 353 нафар ҷароҳат бардоштаанд. 

Мақомот мегӯянд, суръати баланд, вайрон кардани қоидаҳои сабқат ва ҷойивазкунӣ, риоя накардани фосила, гуфтугӯ бо телефони мобилӣ, омилҳои асосии садамаҳои нақлиётӣ мебошад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.