Қарздорӣ аз музди меҳнат дар Тоҷикистон дар як сол 20% зиёд шудааст

Қарзи умумӣ аз музди меҳнат дар Тоҷикистон бо назардошти солҳои пешин то аввали моҳи марти соли ҷорӣ ба зиёда аз 33,1 млн сомонӣ (беш аз 3 млн доллар) баробар шудааст. Дар ин бора Оҷонсии омори Тоҷикистон хабар медиҳад. Ин нишондиҳанда қариб 20% ё худ 5,5 млн зиёдтар дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2024 мебошад. […]

Қарзи умумӣ аз музди меҳнат дар Тоҷикистон бо назардошти солҳои пешин то аввали моҳи марти соли ҷорӣ ба зиёда аз 33,1 млн сомонӣ (беш аз 3 млн доллар) баробар шудааст. Дар ин бора Оҷонсии омори Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ин нишондиҳанда қариб 20% ё худ 5,5 млн зиёдтар дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2024 мебошад.

Қарзи аз ҳама зиёд аз маош дар соҳаи истихроҷи канданиҳои фоиданок ба қайд гирифта шудааст, ки ҳудуди 15,5 млн сомонӣ ё худ 46,8% аз маблағи умумии қарзро ташкил медиҳад.

Дар соҳаҳои зерин қарзҳо аз музди меҳнат нисбатан зиёданд:

 

Қарз аз музди меҳнат дар минтақаҳои кишвар тариқи зайл аст:

 

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Оҷонсии омор, дар моҳи феврали соли равон ҳаҷми маоши миёнаи моҳонаи номиналӣ дар Тоҷикистон 2654 сомонӣ ё худ 243 долларо ташкил додааст.

Музди меҳнати ҳадди ақалл (минималӣ) аз 1 январи соли равон дар ҳаҷми 800 сомонӣ (73 доллар) муқаррар шудааст.

Дар ҷумҳурӣ маоши кормандони бонк ва ширкатҳои суғурта нисбатан баланд аст, ки музди меҳнати миёна дар ин бахшҳо ба 5453 сомонӣ (ҳудуди 500 доллар) баробар аст.

Маоши коргарони соҳаи истихроҷи канданиҳои фоиданок, ки қарз аз онҳо ба 15,5 млн сомонӣ баробар аст, 4556 (418 доллар)-ро ташкил медиҳад.

Музди меҳнати пасттаринро дар ҷумҳурӣ коргарони бахши кишоварзӣ мегиранд, ки ҳаҷми он ба 1250 сомонӣ (ҳудуди 115 доллар) баробар аст.

Қобили зикр аст, ки миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ музди меҳнати пасттарин дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.  

Агентии "Ranking.kz" аввали соли ҷорӣ бо истинод ба маълумоти Кумитаи байнидавлатии омори ИДМ радабандӣ (рейтинг)-и зерини кишварҳои минтақаро оид ба музди миёнаи меҳнат нашр кард:

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.