Ҳафт медали ҷудокорони тоҷик дар қаҳрамонии ҷудои Осиё дар Тайланд

Ҷудокорони тоҷик дар мусобиқоти инфиродии қаҳрамонии ҷудои Осиё, ки 25 то 27-уми апрел дар шаҳри Бангкоки Тайланд баргузор шуд, 7 медал, 2 нуқра ва 5 биринҷӣ ба даст оварданд. Дар рӯзи сеюми мусобиқот, 27-уми апрел Темур Раҳимов, паҳлавони сангинвазни тоҷик дар вазни ҷамъи 100 кг баромад карда, баъди шикасти рақиби худ Магомедумар Магомедумаров аз Амороти […]

Ҷудокорони тоҷик дар мусобиқоти инфиродии қаҳрамонии ҷудои Осиё, ки 25 то 27-уми апрел дар шаҳри Бангкоки Тайланд баргузор шуд, 7 медал, 2 нуқра ва 5 биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар рӯзи сеюми мусобиқот, 27-уми апрел Темур Раҳимов, паҳлавони сангинвазни тоҷик дар вазни ҷамъи 100 кг баромад карда, баъди шикасти рақиби худ Магомедумар Магомедумаров аз Амороти Муттаҳидаи Араб ба финал роҳ ёфт. Аммо дар ин марҳила ӯ дар рақобат бо варзишгари Куриёи Ҷанубӣ Сеунгёб Ли бо гирифтани се огоҳӣ (шидо) мағлуб шуда, маротибаи дуюм медали нуқраи қаҳрамонии Осиёро ба даст овард.

Паҳлавони дигари тоҷик Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кг баромад карда, бо шикст додани Каито Грин аз Ҷопон бори дуюм дар корномаи худ аз мусобиқоти қаҳрамонии Осиё медали биринҷӣ гирифт.

Дар ин рӯз, ҳамчунин, варзишгарони дигари тоҷик Умедҷон Раҷабов дар вазни то 90 кг, Кароматулло Ҳакимов дар вазни то 100 кг ва миёни занон Виктория Киселёва дар вазни ҷамъи 78 кг куштӣ гирифтанд. Вале ҳамаи онҳо дар марҳилаҳои гуногун ноком ва аз медалҳо маҳрум шуданд.

Бояд гуфт, ки  дар рӯзи аввали мусобиқот, 25-уми апрел Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар вазни то 60 кг, Эмомалӣ Нуралӣ ва Обид Ҷебов дар вазни поини 66 бо мағлуб кардани рақибони худ медалҳои биринҷиро соҳиб шуданд.

Дар рӯзи дуюми мусобиқот, 26-уми апрел ду намояндаи дигари Тоҷикистон Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг медали нуқра ва Абубакр Шеров дар вазни то 73 кг медали биринҷӣ гирифтанд.

Ҳамин тавр, паҳлавонони тоҷик аз Тайланд бо 7 медал, 2 нуқра ва 5 биринҷӣ бармегарданд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқот 11 варзишгар (9 мард ва 2 зан) намояндагӣ мекарданд.

Дар маҷмуъ, дар мусобиқоти инфиродии қаҳрамонии Осиё 289 варзишгар (165 мард ва 124 зан) аз 29 кишвар ширкат доштанд. Варзишгарон барои 14 маҷмуи медалҳо (7 вазн байни мардон ва 7 вазн миёни занон) талош карданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.