Музокироти сеюми Эрон ва Амрико. Ҷонибҳо онро “хеле ҷиддитар аз гузашта” тавсиф карданд

Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Иёлати Муттаҳидаи Амрико музокироти давраи сеюми худ бар сари барномаи ҳастаии Ҷумҳурии Исломиро, ки  рӯзи 26-уми апрел дар шаҳри Масқат баргузор шуд, “хеле ҷидитар аз гузашта” ва “мусбату созанда” арзёбӣ кардаанд. Пас аз анҷоми музокира Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон гуфтааст, ки “ба тадриҷ вориди баҳсҳои ҷузъитар, фаннитар ва техникитар шудаанд”. Як […]

Муҳаммад Назар,Asia-Plus

Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Иёлати Муттаҳидаи Амрико музокироти давраи сеюми худ бар сари барномаи ҳастаии Ҷумҳурии Исломиро, ки  рӯзи 26-уми апрел дар шаҳри Масқат баргузор шуд, “хеле ҷидитар аз гузашта” ва “мусбату созанда” арзёбӣ кардаанд.

Пас аз анҷоми музокира Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон гуфтааст, ки “ба тадриҷ вориди баҳсҳои ҷузъитар, фаннитар ва техникитар шудаанд”.

Як мақоми амрикоӣ ҳам бидуни зикри номаш дар суҳбат бо хабаргузориҳои “Ройтерз” гуфтугӯи охир бо Эронро “мусбат ва созанда” арзёбӣ кардааст.

Ин мақоми амрикоӣ гуфтааст, ки “ҳанӯз корҳои зиёде боқӣ мондааст, аммо пешрафтҳои бештаре барои дастёбӣ ба созиш ҳосил шудааст”.

Аббос Ароқчӣ ба расонаҳои Эрон гуфтааст, “ҳарду ҷониб ба таври ҷиддӣ вориди музокира шуданд ва ин фазоеро ба вуҷуд меорад, ки умедвор бошем, ки мешавад пешрафт кард”. Аммо ӯ илова кардааст, ки ин умедвории онҳо “ба шиддат эҳтиёткорона аст”.

“Як миқдоре аз баҳсҳои калон фосила гирифтем ва ин маънои онро ндорад, ки ихтилофот ҳама ҳал шудааст. Не, ҳам дар мавзуъҳои калон ихтилоф вуҷуд дорад ва ҳам дар ҷузъиёт”, – иброз доштааст вазири умумри хориҷаи Эрон.

Ин мақомдори эронӣ ҳамчунон гуфтааст, ки музокира фақат дар бораи “эътимодсозии барномаи ҳастаии Эрон ва рафъи таҳримҳо” аз сӯи Амрико аст.

"Мо танҳо дар ин мавзӯъ музокира хоҳем кард ва ҳеҷ масъалаи дигареро барои музокира намепазирем. Дар се даври гузашта ин масъала аз ҷониби ҳарду ҷониб комилан риоят шудааст”, – қайд кардааст Ароқчӣ.

Ин бор ҳам ӯ ба “ғайримустақим” будани музокирот таъкид карда, гуфтааст, ки назар ва саволҳои ду тараф “ба суртаи мактуб” радду бадал шудааст.

Бадр ал-Бусаидӣ, вазири хориҷаи Умон ва миёнҷии музокирот эълон кард, ки музокироти Эрон ва Амрико идома мекунад ва даври чоруми он рӯзи шанбеи оянда, 3-юми май дар чаҳорчӯби як нишасти сатҳи баланд дар назар аст.

Ба навиштаи расонаҳо, даври сеюми музокироти Эрон ва Амрико 6 соат давом кардааст ва ин бор ҳам Аббос Ароқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон ва Стив Уиткоф, намояндаи вижаи раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп дар умури Ховари Миёна, раҳбарони тимҳои музокиракунандаи ҳарду ҷонибро бар уҳда доштанд.

Ҳамчунин, дар ин даври музокирот ҳайатҳои фаннӣ ва коршиносии Эрон ва Амрико дар бораи ҷузъиёти тавофуқи ҳастаӣ гуфтугӯро оғоз кардаанд. Раёсати ҳайати фанниву коршиносии Эронро Маҷид Тахтравончӣ ва Козим Ғарибободӣ, муовинони вазири хориҷаи ин кишвар бар душ доштанд. Тими коршиносии Амрикоро Майкл Антон, мудири барномарезии сиёсатгузории вазорати корҳои хориҷии ин кишвар раҳбарӣ мекард.

Ба гуфтаи вазири умури хориҷаи Эрон, дар гуфтугӯҳои рӯзи шанбе барои нахустин бор коршиносони иқтисодӣ ҳузур доштаанд ва имкон дорад, ки дар даври оянда коршиносони энержии ҳастаӣ ба ҳайати музокиракунанда ҳамроҳ шаванд.

Мақомҳои Эрон ва Амрико пас аз чанд ҳафта танишҳои лафзӣ билохира рӯзи 7-уми апрел эълом карданд, ки дар Уммон бар сари барномаи ҳастаии Эрон музокира баргузор мекунанд. Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико ва чандин мақомдорони дигари амрикоӣ таъкид мекарданд, ки музокирот “мустақим” баргузор мешавад. Вале намояндаҳои Эрон пофишорӣ мекарданд, ки гуфтугӯҳо бо Амрико “ғақримустақим” хоҳад буд. Ҳамакнун ин сеюмин музоикроти Эрону Амрико бар сари барномаи ҳастӣ буд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2015 Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ ба созиши ҳастаӣ бо номи Барномаи Ҷомеи Иқдоми Муштарак ё БАРҶОМ, даст ёфтанд, аммо Трамп соли 2018 қарори хуруҷи Амрико аз ин созишро имзо кард.

Баъди дубора сари қудрат омадани Трамп, таҳдидҳои ӯ алайҳи Эрон шиддат гирифт. Ин буд, ки ҳамин чанд рӯз пеш баъзе таҳлилгарон аз эҳтимоли оғози муноқиша миёни Амрико ва Эрон ҳушдор медоданд.

Оид ба паёмадҳои мусбат ва манфии ин музокирот дар ин маводи “Азия-Плюс” “Музокироти Эрону Амрико бар сари барномаи ҳастаӣ. Созиш ё ҷанг? хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.