Дар ҳамлаи Исроил ба Яман 9 кас кушта ва беш аз 170 тани дигар маҷруҳ шудаанд

Дар пайи ҳамлаи Артиши Исроил ба шаҳри Санъо, пойтахти Яман, дасти кам 9 нафар кушта ва 174 каси дигар маҷруҳ шудаанд. Артиши Исроил гуфтааст, ин ҳамларо рӯзи 25-уми сентябр дар посух ба партофти паҳподи Ҳусиҳои Яман ба шаҳри Эйлати Исроил, ки боиси захмӣ шудани беш аз 20 нафар шуд, анҷом додааст. Исроил мегӯяд, дар ҳамлаи […]

Asia-Plus

Дар пайи ҳамлаи Артиши Исроил ба шаҳри Санъо, пойтахти Яман, дасти кам 9 нафар кушта ва 174 каси дигар маҷруҳ шудаанд. Артиши Исроил гуфтааст, ин ҳамларо рӯзи 25-уми сентябр дар посух ба партофти паҳподи Ҳусиҳои Яман ба шаҳри Эйлати Исроил, ки боиси захмӣ шудани беш аз 20 нафар шуд, анҷом додааст.

Исроил мегӯяд, дар ҳамлаи худ ба Яман мавзеъҳои Ҳусиҳо дар Санъоро ҳадаф қарор додааст, вале “Ал-Масира”, расонаи марбут ба Ҳусиҳо, навиштааст, дар пайи бомбборони ҷангандаҳои Исроил даҳҳо хонаҳои истиқоматӣ низ зарар дидаанд. Ҳамчунин, гузоришҳо аз ҳадафи ҳамлаи Исроил қарор гирифтани як зиндон дар Санъо низ нашр шудаанд.

Шабакаи 12-и Исроил гуфтааст, дар ҳамлаи Артиши ин кишвар ба Яман 20 ҷанганда ширкат карда, 65 бомб ба минтақаҳои гуногуни шаҳри Санъо партоб кардаанд.

Пас аз чанд соати анҷоми ҳамлаи Исроил, Ҳусиҳо ба ин кишвар як мушаки болистикӣ партоб кардаанд, ки боиси фаъол гаштани бонги хатар дар маркази Исроил ва ба паноҳгоҳҳо рафтани ҳазорҳо исроилӣ шудааст. Мақомоти Исроил гуфтаанд, ин мушакро раҳгирӣ кардаанд ва аз кушта ё захмӣ шудани сокинон гузорише дастрас накардаанд.

Ин ҳамларо Исроил посух ба ҳамлаи паҳподии Ҳусиҳо дар ду рӯзи пеш унвон карданд.

 

24-уми сентябр Ҳусиҳои ба шаҳри Эйлати Исроил дар ҷануби ин кишвар ва соҳили баҳри Сурх бо паҳпод ҳамла карданд, ки дар пайи он ба иттилои мақомоти исроилӣ ҳадди ақал 22 нафар захмӣ шудаанд.

Яҳё Сареъ, сухангӯи Ҳусиҳо рӯзи чаҳоршанбе гуфт, ду паҳпод дар амалиёти “муваффақ” ду “мавқеияти душмани исроилиро ҳадаф қарор доданд”. Артиши Исроил ба ҳадаф расидани яке аз ин паҳподҳоро тасдиқ кардааст. Пулиси ин кишвар гуфтааст, ин паҳпод ба маркази шаҳри сайёҳии Эйлат бархӯрда, ба ҷуз захмиён, ба маҳалле, ки сайёҳон дар он рафтуомад мекунанд, зарар ворид кардааст.

Дар наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, дида мешавад, ки як паҳпод ба минтақае дар шаҳри Эйлат асобат мекунад ва аз он ҷо дуди ғализ баланд мешавад.

Ёдовар мешавем, ки аз оғози ҷанги Исроил дар Ғазза дар моҳи октябри соли 2023, Ҳусиҳо борҳо киштиҳои тиҷоратӣ бо парчами Исроилро ҳадаф қарор дода, бо истифода аз даҳҳо мушак ва паҳпод ба ин кишвар ҳамла ҳам карданд. Онҳо ин ҳамлаҳои худро ҳамбастагӣ бо фаластиниҳо унвон медиҳанд. Дар посух ба ин ҳуҷумҳо, Исроил чанд маротиба шаҳри Санъо, пойтахти Яманро, ки зери идораи Ҳусиҳо аст, бомбборон кард ва садҳо нафарро кушт.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.