Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат кадом иншоотро ифтитоҳ кард?

Asia-Plus

Имрӯз, 26-уми сентябр, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат рафта, дар онҷо бинои нави Беморхонаи кӯдаконаи зидди сил, шуъбаи Кумитаи амнияти амнияти миллӣ, мактаб ва якчанд корхонаро ба истифода дод.

Бинои нави Беморхонаи кӯдаконаи зидди сил дар назди Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси бо маблағгузории Бонки олмонии рушд бунёд гардида, барои табобати кӯдакони гирифтори бемории сил пешбинӣ шудааст.

Корҳои сохтмони иншоот соли 2023 оғоз гардида, бо маблағи 2 миллиону 595 ҳазору 274 евро бунёд шудааст.

“Дар беморхона шуъбаҳои бемориҳои сили микробхориҷкунанда, бемориҳои сили такроран сироятёфта, шуъбаи шакли мутобиқгаштаи сили кӯдакона, ҷарроҳии сили кӯдакона ва дигар бахшҳои зарурӣ мавҷуданд”, – навиштааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.

Мактаби №152 ин шаҳр, ки бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ шуд аз се ошёна иборат буда, барои 2400 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Сохтмони бинои мактаби мазкур соли 2020 дар масоҳати 4 ҳазору 447 метри мураббаъ оғоз гардидааст. Муассисаи таълимӣ дорои 53 синфхона, толори маҷлис, ошхона ва ҳавзи нигоҳдории об мебошад.

“Озмоишгоҳҳои фаннӣ ва китобхона бо теъдоди 10 ҳазор нусха адабиёт, аз ҷумла, 1500 китоби дарсӣ барои рушди ҷаҳонбинии хонандагон пешбинӣ гардидааст”,-навиштааст манбаъ.

Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон бинои нави шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллиро ба истифода додааст. Тибқи иттилои расмӣ, бино 4-ошёна буда, дар он  ҳуҷраҳои корӣ, китобхона, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ, ошхона ва ҳуҷраи бойгонӣ мавҷуданд.

“Дар ҳамин рӯз ба кормандони шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат калиди манзилҳои нави истиқоматӣ супорида шуд”, – гуфта мешавад дар хабари расмӣ.

Инчунин дар шаҳри Ваҳдат корхонаҳои истеҳсоли хишти “Талант”, корхонаи гач ва масолеҳи сохтмонии “Зиннат Гач” ва корхонаи “Роял Бебӣ” ба истифода дода шудаанд.

Тибқи иттилои расмӣ ҶДММ “Талант”-ро соҳибкор Муҳаммадӣ Қодирзода дар якҷоягӣ бо бародаронаш дар масаоҳати 3 гектар замин бунёд кардаанд.

Гуфта мешавад, ки корхона дар як шабонарӯз имкони истеҳсоли 250 ҳазор дона хишти пухтаро доштааст.

Корхонаи саноатии “Зиннат Гач” аз ҷониби гурӯҳи соҳибкорони ватанӣ бунёд шуда, дар он гачкартон, ғуррагачҳо, ранг, намудҳои ширеши тахтасангҳои ба обу намнокӣ тобовар ва дигар молҳои ивазкунандаи воридот истеҳсол мешаванд.

Гуфта мешавад, ки дар корхона 40 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин шудаанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи корхонаи “Роял Бебӣ” ба таври маҷозӣ ширкат кардааст.

Ба навиштаи манбаъ корхона бо ҷалби сармояи хориҷӣ бунёд шуда, ашёи хом аз хориҷа ворид гардида дар анборҳо нигаҳдорӣ мешаванд.

Гуфта мешавад, ки дар инҷо 65 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин шудаанд.

“Иқтидори лоиҳавии корхона дар як моҳ истеҳсоли 6 миллиону 240 ҳазор ва дар як сол 75 миллион донаро ташкил медиҳад”,-навиштааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.

Дар идомаи сафари корӣ Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Раҷаб Исмоилови шаҳри Ваҳдат аз хоҷагии ниҳолпарварӣ, намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва кишти такрорӣ боздид кардааст.

Хоҷагии ниҳолпарварӣ дар масоҳати 5 гектар замин бунёд шуда дар он беш 25 ҳазор бех ниҳолу дарахтони гуногуни ҳамешасабз, сояафкану ороишӣ шинонида шудаанд.

Раисҷумҳур ҳамзамон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва анвои нону хурокҳои миллӣ боздид кардааст.

“Кишоварзони шаҳр сабзавоту полезӣ ва меваи тару тоза, аз ҷумла картошка, пиёз, сабзӣ, карам, тарбузу харбуза, себу ангурро бо шаклу услуби зебо ба намоиш гузоштанд”,-навиштааст манбаъ.

Тибқи иттилои расмӣ дар шаҳри Ваҳдат 19 ҳазору 470 гектар замини кишт дорад, ки 6 ҳазору 460 гектари онро боғу токзор ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...