“Dushanbe Invest-2025”. Тоҷикистон барои ҷалби сармоягузорони сабз замина омода мекунад

Аз 14 то 16-уми октябр шаҳри Душанбе Форуми байнулмилалии сармоягузорӣ "Dushanbe Invest Forum-2025" баргузор мегардад, ки мавзӯи асосии он лоиҳаҳои сабз, иқтисоди рақамӣ ва моделҳои нави рушди саноатӣ мебошад. Ташкилкунандаҳо бовар доранд, ки чорабинӣ огоҳии муҳим барои тиҷорати байналмилалӣ оид ба омодагии Тоҷикистон ба рушди устувор ва воридшавии сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ мешавад. Дар доираи кори форум дурнамои […]

Милана Ена, Asia-Plus

Аз 14 то 16-уми октябр шаҳри Душанбе Форуми байнулмилалии сармоягузорӣ "Dushanbe Invest Forum-2025" баргузор мегардад, ки мавзӯи асосии он лоиҳаҳои сабз, иқтисоди рақамӣ ва моделҳои нави рушди саноатӣ мебошад.

Ташкилкунандаҳо бовар доранд, ки чорабинӣ огоҳии муҳим барои тиҷорати байналмилалӣ оид ба омодагии Тоҷикистон ба рушди устувор ва воридшавии сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ мешавад.

Дар доираи кори форум дурнамои нерӯи барқи барқароршаванда, ҷорисозии таҷрибаҳои "ESG", маблағгузорӣ ба иқлим ва рушди сайёҳии экологӣ баррасӣ мешаванд.

Бахши ҷудогона ба рақамисозӣ, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, молия ва техника, амнияти киберӣ ва хадамоти нави электронӣ бахшида мешавад. Рушди босуръати саноат, имконоти нав барои минтақаҳои саноатӣ ва истеҳсолоти ивазкунандаи воридот боз як самти дигар маҳсуб меёбад.

Барнома аз ҷаласаҳои мавзӯӣ бо иштироки президени Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарони сатҳи байнулмилалӣ ва раисони корпоратсияҳо, муколамаҳои мавзӯӣ дар соҳаҳо, "Startup Summit 2025", намоишгоҳи инноватсияҳо, инчунин тренингу маърӯзаҳо барои соҳибкорони ҷавон иборат аст.

Барои иштирокчиёни хориҷӣ боздидҳо аз иншооти саноатӣ ва манзараҳои табиати кишвар, инчнуин барномаи фарҳангӣ бо консерту намоишгоҳҳо ва шомгоҳҳо бо таъомҳои миллӣ ба нақша гирифта шудааст.

Форум аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо мақомоти шаҳрдории Душанбе бо дастгирии ҳукумат созмон дода мешавад. Чорабиниҳои асосӣ дар маҷмааи миллии “Кохи Ваҳдат” баргузор мешаванд.  

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.