Дар Тоҷикистон барномаи рушди соҳаи зардолупарварӣ оғоз шуд

Дар Душанбе таҳти унвони “Мусоидат ба рушди устувор ва рақобатпазирии занҷираи арзиши иловашудаи зардолу дар Тоҷикистон” семинари муқаддимавӣ доир гардид. Он аз ҷониби Созмони озуқа ва кишоварзии СММ (ФАО) ва ширкати машваратии "Нексигол Мушовир" бо дастгирии Вазорати кишоварзӣ ва Агентии содироти ҷумҳурӣ созмон дода шуд. Дар ин бора ба "Азия-Плюс" аз  хадамоти матбуоти ФАО дар […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар Душанбе таҳти унвони “Мусоидат ба рушди устувор ва рақобатпазирии занҷираи арзиши иловашудаи зардолу дар Тоҷикистон” семинари муқаддимавӣ доир гардид. Он аз ҷониби Созмони озуқа ва кишоварзии СММ (ФАО) ва ширкати машваратии "Нексигол Мушовир" бо дастгирии Вазорати кишоварзӣ ва Агентии содироти ҷумҳурӣ созмон дода шуд. Дар ин бора ба "Азия-Плюс" аз  хадамоти матбуоти ФАО дар Тоҷикистон хабар доданд.

Семинар дар доираи барномаи “Як кишвар – як маҳсулоти афзалиятнок” (ОСОР), ки аз ҷониби ФАО соли 2021 роҳандозӣ гардида буд, баргузор шуд. Он ба рушди маҳсулоти нодири кишоварзӣ ва таҳкими ҳамаи занҷира – аз парвариш то фурӯш нигаронида шудааст. Соли 2022 Тоҷикистон бо назардошти аҳаммияти зардолу барои хоҷагиҳои кишоварзӣ, бахусус дар вилотяҳои Суғду Хатлон, онро ба сифати маҳсулоти афзалиятнок интихоб кард.

Сарфи назар аз дастовардҳо дар содироти зардолуқоқ, ин соҳа осебпазир боқӣ мемонад: истеҳсолот кӯна шуда, дастрасӣ ба технологияҳои муосир ва маблағ маҳдуд аст. Инчунин бозор начандон рушдёфта буда, тағйироти иқлим хавфҳои нав ба вуҷуд меорад.

Барои ҳалли он ФАО ва сохтори СММ оид ба рушди саноат (ЮНИДО) дар доираи барномаи глобалии “Суръатбахшӣ ба дигаргун сохтани низомҳои маҳсулоти кишоварзӣ” (АСТА) ба Тоҷикистон аз лиҳози техникӣ кумак мекунанд. Коршиносон занҷираи ба вуҷуд омадани арзишро мавриди таҳлил қарор дода, барои муайян кардани афзалият ва таҳияи тарҳи сармоягузорӣ кумак мекунанд. Равиши АСТА ба моделҳои тиҷорат, низомҳои бозор ва шарикии инноватсионӣ, ки бояд сармоягузориҳои навро ҷалб созанд, асос ёфтааст.

“Зардолу на танҳо  маҳсулоти муҳим барои иқтисод, балки рамзи осори кишоварзии Тоҷикистон аст. Ҳадафи мо дар баланд бардоштани арзиш, сифат ва устувории соҳаи зардолупарварӣ ифода меёбад, то ки он ба фаъолияти кишоварзону боғдорон, савдо ва мутобиқат ба тағйирёбии иқлим саҳми назаррас гузорад”, – зикр кардааст Агаси Артуюнян, иҷрокунандаи вазифаи намояндаи ФАО дар Тоҷикистон.

Дар кори семинар намояндагони сохторҳои давлатӣ, тиҷорат ва созмонҳои байнулмилалӣ иштирок карданд. Он оғози талошҳои миллӣ дар самти рушди соҳаи зардолупарварӣ ва чорабинии якум аз се машварат дар доираи OCOP-ACTA шуд. Ҳадаф аз онҳо роҳандозии ҳамоҳангӣ ва таҳияи харитаи роҳ баҳри рушди устувори соҳаи истеҳсоли зардолу дар Тоҷикистон мебошад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.