Тавофуқи Тоҷикистону Туркия дар бораи афзоиши гардиши моли дуҷониба то 1 млрд доллар

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Тоҷикистон ба густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Туркия ҳавасманд буда, ният дорад, ки ҳаҷми гардиши молу маҳсулоти дуҷонибаро то ба 1 млрд доллар расонад. Дар ин бора муовини сарвазири ҷумҳурӣ Ҳоким Холиқзода зимни вохӯрӣ бо вазири меҳнат ва таъминоти иҷтимоии Туркия Ведат Ишикхан дар Душанбе изҳори назар кард.

Ба гуфтаи Холиқзода, саноати нассоҷӣ, коркарди алюминий ва таъсиси корхонаҳои муштарак аз самтҳои афзалиятноки ҳамкории мутақобила маҳсуб меёбанд. Ӯ муҳим будани ҷаласаи қарибулвуқӯи Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Туркияро, ки моҳи октябр дар Душанбе доир мегардад, таъкид кард.

Дар мулоқоти ҷонибҳо ҳамчунин ҳамкориҳо дар бахшҳои сайёҳӣ, маориф ва фарҳанг, инчунин идомаи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи иҷтимоӣ бо дастгирии Агентии ҳамкории байнулмилалии Туркия (TİKA)  баррасӣ шуданд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, давоми моҳҳои январ-август ҳаҷми савдо бо Туркия беш аз 277,4 млн долларро ташкил додааст, ки 2,2% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 аст.

Тайи солҳои охир муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ байни Тоҷикистону Туркия рушди устуворро нишон медиҳанд. Соли 2022 ҳаҷми савдои дуҷониба байни кишварҳо 351,2 млн долларро ташкил дода, бақияи мусбаташ ба 7,9 млн доллар баробар буд.

Соли 2023 нишондиҳандаҳо ба 363 млн доллар расида, лекин дар ҳаҷми 32,3 млн доллар бақияи манфӣ ба қайд гирифта шуд. Аллакай дар соли 2024 вазъият тағйир ёфт: гардиши молу маҳсулот то 445,8 млн доллар расида, бақия боз мусбат шуд ва 32,3 млн долларро ташкил дод.

Ведат Ишикхан инчунин дар вохӯрии якуми Кумитаи муштараки кории Туркия – Тоҷикистон иштирок кард. Дар ин вохӯрӣ ҷонибҳо масоили татбиқи созишнома дар бораи ҳамкориҳоро, ки ҳанӯз соли 20002 ба имзо расида буд, баррасӣ намуданд ва самтҳои нави ҳамкории мутақобила, аз ҷумла рушди нозироти кор ва таъмини бехатари кор, рақамисозии хидматрасониҳои шуғл, такмили малакаҳои касбӣ ва баргузори таҳқиқоти муқоисавиро барррасӣ карданд.

Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода ва Ведат Ишикхан протоколи дахлдорро ба имзо расониданд, ки дар он Нақшаи амали муштарак барои солҳои 2026 – 2027 тасдиқ ва самтҳои ҳамкорӣ барои ду соли оянда мушаххас карда шуданд.

Нашрияи Milliyet-и Туркия зикр мекунад, ки дар ҷараёни сафар Ишикхан ҷонибдории Туркияро ба таҳкими робитаҳои дуҷониба ва рушди лоҳаҳои муштарак таъкид кард.

Вазир ҳамчунин дар шабакаҳои иҷтимоӣ изҳор намуд, ки аз сафараш ба Душанбе хушнуд аст ва аҳаммияти қарордодҳои имзошударо барои ояндаи муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистону Туркия таъкид дошт.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...