“OsonHona” барои хариди манзил. Дар Тоҷикистон аввалин замимаи оид ба амволи ғайриманқул роҳандозӣ шуд

Виктория Петрова, махсус барои Asia-Plus

Дар Тоҷикистон замимаи нав барои ҷустуҷӯ ва хариди манзил – “OsonHona” таҳия шуд. Он аллакай дар "Play Market" ва "App Store" барои боргирӣ дастрас аст. Ин замима ба корбарон барои интихоби манзил, пайгирии тағйирёбии нархҳо, омӯзиши пешниҳодоти бинокорон ва миёнарвҳо дар ин соҳа, инчунин ҳисоби фоизи қарз (ипотека) ва шартҳои он дар бонкҳо кумак мерасонад.

“Мо пеш аз таҳияи "OsonHona", мисли дигарон ҳамаи ин зинаҳо – аз ҷустуҷӯи манзилу таъмир то гуфтугӯ бо миёнаравҳоро тай кардем. Бо истифода аз таҷрибаи амалии андӯхта, замимаи қулай ва шаффоф таҳия кардем”, – мегӯяд Алиҷон Гармаков, мутахассиси "CEO OsonHona".

Ҳоло гурӯҳи мутахассисони бахши хидматрасонӣ, технологияҳои иттилоотӣ ( IT), зеҳни сунъӣ (AI) ва бозорёбӣ (маркетинг) барои қулай ва фаҳмо сохтани кори замима ва истифодаи роҳати он аз сӯйи корбарон гирди ҳам омадаанд.

 

Системаи экологӣ барои амволи ғайриманқул

OsonHona ҳамчун як системаи экологии комил, ки атрофи амволи ғайриманқул таҳия гардидааст, тарҳрезӣ шудааст. Ин як платформаест, ки дар он ҳама иштирокчиёни бозор метавонанд воситаҳои муфид пайдо карда, байни ҳам иртибот барқарор кунанд.

Хадамот ҷараёни иттилоотро ба тартиб дароварда, бозорро бештар шаффоф месозад ва ба одамон барои дарки вазъи воқеии соҳа ёрӣ мерасонад.

Амволи ғайриманқул имрӯз соҳаи хеле бузургмиқёс ва пурҷараёнест, ки мустақиман ба ҳазорон оила ва сармоягузорон рабт мегирад. Дар ҷумҳурӣ сохтмон пурҷӯшу хурӯш ҷараён дорад ва пайгирии тағйирот дар ин соҳа рӯз то рӯз душвортар мешавад.

OsonHona ба корбарон ҷиҳати огоҳиву дарки тағйирот ва қабули қарор имкон фароҳам меорад.

 

Технология ва хадамот

Замима тарзе таҳия шудааст, ки бо ёрии полоишҳо барои интихоби манзили муносиб, пайгирии тағйирёбии нархҳо, омӯзиши шартҳои бинокорон ва пешниҳодоти даллолон имкон медиҳад.

Он бо қарзи ипотекии бонкҳо ҳамгиро гардида, фарогири хадамоти иловагӣ – аз ороишу тарроҳӣ ва таъмири мукаммал то харидории масолеҳ ва кумаки ҳуқуқӣ дар мебошад.

Корбурди “Манзили орзуҳо” таваҷҷуҳи хосса талаб мекунад. Корбарон барои манзили дилхоҳ дархост мегузоранд, хадамот ҳамроҳи шарикон намунаҳои ба дархост муносибро пешниҳод менамояд.

Ҳисобкунаки насбшудаи ипотека барои иншооти мушаххас фавран шартҳои бонкҳоро нишон медиҳад. Ҳамааш шаффоф ва хеле зуд аст.

 

Барои ҳамаи иштирокчиёни бозор

"OsonHona" ҳам барои харидорон ва ҳам кормандони ҳирфаии бозор яксон муфид аст. Барои даллолон ва бинокорон ин сарфаи вақт мебошад: аудиторияи ҳадафнок аллакай ба амволи ғайриманқул тамаркуз мекунад, маводи таҳлилӣ, дархостҳои мустақими мизоҷон, чатҳо ва  боздидҳо дастрас аст. Афзалияти хадамоти OsonHona дар сохтори такмилёфта ва санҷидашудаи он аст.

Минбаъд пешниҳоди хидматрасониҳои санҷиши иншоот ба нақша гирифта шудааст, то ки корбарон вазъи ҳуқуқии амволи ғайриманқулро санҷанд ва эътимод ҳосил намоянд.

Дар "OsonHona" таваҷҷуҳи асосӣ ба он зоҳир мешавад, ки корбарон худашон роҳатӣ, шаффофият  ва эътимоднокии хадамотро эҳсос кунанд. Эътимод ва таҷрибаи мусбат асоси рушди он хоҳад шуд.

 

Стратегияи дарозмуҳлат ва рисолат

"OsonHona" ҳамчун системаи экологӣ бо таҳкурсӣ барои солҳои тӯлонӣ сохта мешавад. Ба ғайр аз ҷустуҷӯи манзил, ин ҷо хадамоти ҳимоя аз муомилот, таъминот аз лиҳози ҳуқуқӣ, таъмир ва тарроҳӣ рушд мекунанд. Лоиҳа ба тағйири фарҳанги муомилоти марбут ба амволи ғайриманқул дар Тоҷикистон нигаронида шудааст.

"Рисолати мо шаффофу фаҳмо кардани бозори амволи ғайриманқул дар Тоҷикистон аст. Мо хостори онем, ки одамон барои қабули қарорҳои оқилона, интихоби шарикони боэътимод ва ҳимоя аз таҷрибаҳои нодурусту беинсофона имкон дошта бошанд. "OsonHonа" як воситаест, ки бозорро тағйир дода, онро муосиру мутамаддин ва бехатар мекунад", – мегӯяд Алиҷон Гармаков. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...