Қатар 60 муҳоҷири дигари тоҷикро ба кор даъват мекунад. Маош чӣ қадар аст ва ба куҷо бояд муроҷиат кард?

Оҷонсии бокортаъминкунӣ дар хориҷаи Вазорати меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон 60 шаҳрванди кишварро барои кор дар ширкати "Jusour"-и Қатар даъват кардааст. Масъулини ширкат рӯзи 2-юми октябр бо довталабон суҳбат мекунанд. Манбаъ гуфт, ин ширкат муҳоҷиронро ба ҳайси ошпаз, пешхизмат, фурӯшанда, хазинадор, ҳамчунин мутахассисони соҳаи мошинсозӣ ва таъмири мошинҳо даъват кардааст. Музди меҳнат барои як моҳ 550–825 доллар […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Оҷонсии бокортаъминкунӣ дар хориҷаи Вазорати меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон 60 шаҳрванди кишварро барои кор дар ширкати "Jusour"-и Қатар даъват кардааст. Масъулини ширкат рӯзи 2-юми октябр бо довталабон суҳбат мекунанд.

Манбаъ гуфт, ин ширкат муҳоҷиронро ба ҳайси ошпаз, пешхизмат, фурӯшанда, хазинадор, ҳамчунин мутахассисони соҳаи мошинсозӣ ва таъмири мошинҳо даъват кардааст.

Музди меҳнат барои як моҳ 550–825 доллар (ҳудуди 5500 – 8250 сомонӣ) мебошад.

Ширкат чунин нафаронро ба кор қабул мекунад:

Бахши нақлиёт:

-механики автомобил;

-механики мошинҳои боркаш;

еханики автобус;

-механики мошинҳои барқӣ;

-механики муҳаррик, кондитсионер ва шинамонтаж;

-механики насоби сӯзишворӣ;

-рангкор.

Бахши хидматрасонӣ:

изматрасони меҳмонхона;

-пешхизмат;

армен;

-хазиначӣ;

-маъмури меҳмонхона;

-ошпаз;

-ёвари ошпаз;

-зарфшӯ;

-коргари хизматрасонӣ;

-ёвари умумӣ.

Манбаъ гуфт, ширкати корфармо ҷойи зист, хӯрок, суғуртаи тиббӣ, хароҷоти нақлиёт, чиптаи ҳавопаймо барои баргаштан ба ватан инчунин 82-доллар изофапулӣ дар як моҳ ва баъд аз 11 моҳи корӣ 21 рӯз рухсатиро.пешниҳод мекунад.

Вале талабот чунин аст:

ину сол аз 25 то 45 сола;

онистани забони англисӣ (дар сатҳи муошират);

-доштани дипломи олӣ ё миёна дар соҳаи технология, мошинасозӣ ва механикӣ;

-доштани шаҳодатномаи тахассусӣ;

-таҷрибаи кории 2-сола дар бахши мошинсозӣ ё дигар соҳаҳои дахлдор.

Аз Оҷонсии бокортаъминкунӣ гуфтанд, ки шаҳрвандон бояд то рӯзи 2-юми октябр дар сомонаи “tawzeef.qa” дархост гузоранд.

“Рӯзи 2-юми октябр корфармо дар пахши мустақим, ки дар бинои оҷонсӣ баргузор мешавад, бо хоҳишмандон сӯҳбат карда ба саволи онҳо оиди кор посух медиҳад”, – гуфтанд аз ин ниҳод.

Хоҳишмандон метавонанд барои гирифтани маълумоти бештар ба суроғаи зерин муроҷиат кунанд ва ё дар тамос шаванд: 

– Душанбе: кӯчаи Лоҳутӣ, 80, телефон: 221-39-67, +992 55 555 1080, +992 987 906 666, +992 915 767 743, +992 908 661 652, +992 918 391 575, +992 930 934 994, +992 931 137 171

– Хуҷанд: маҳаллаи 28, хона 2А, телевон: +992 928 079 999;

– Бохтар: кӯчаи Файзалӣ Саид, хонаи 69, телефон: +992905 800 063, +992 934 878 828

– Хорӯғ: кӯчаи Н. Атобек, хонаи 16, телефон: +992 935 101 439

Ёдрас мешавем, ки давлати Қатар қаблан низ шаҳрвандони Тоҷикистонро барои кор дар ин кишвар даъват карда буд.

Ҳоло Русия ягона самти муҳоҷират барои шаҳрвандони Тоҷикистон дониста мешавад. Вале муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар пайваста зери фишор ва таъқиби мақомоти Русия қарор мегиранд ва солона ҳазорҳо муҳоҷир бидуни шарҳ аз ин кишвар ихроҷ карда мешаванд.

Чанд соли охир мақомоти Тоҷикистон кӯшиш доранд, самтҳои дигари муҳоҷиратро барои шаҳрвандон боз кунанд. Ин пеш аз ҳама ба Британияи Кабир, Қатар, Қувайт ва Кореяи Ҷанубӣ аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио