Бонки осиёии рушд коҳиши рушди иқтисоди Тоҷикистон барои имсол ва соли ояндаро пешгӯӣ кард

Бонки осиёии рушд (БОР) пешгӯӣ кард, ки рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон 7,4%-ро ташкил дода, дар соли 2026 то 6,8% поин меравад. Дар ин бора дар гузориши нави БОР таҳти унвони "Гузориши рушди Осиё" зикр мешавад. Пешгӯиҳои БОР барои иқтисоди Тоҷикистон яке аз баландтаринҳо дар Осиёи Марказӣ боқӣ мемонанд. Ин нукта дар гузориши моҳи апрели соли раовни ин бонк […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бонки осиёии рушд (БОР) пешгӯӣ кард, ки рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон 7,4%-ро ташкил дода, дар соли 2026 то 6,8% поин меравад. Дар ин бора дар гузориши нави БОР таҳти унвони "Гузориши рушди Осиё" зикр мешавад. Пешгӯиҳои БОР барои иқтисоди Тоҷикистон яке аз баландтаринҳо дар Осиёи Марказӣ боқӣ мемонанд.

Ин нукта дар гузориши моҳи апрели соли раовни ин бонк низ зикр шуда буд.

Тибқи иттилои расмӣ, дар соли 2024 рушди иқтисоди Тоҷикистон 8,4%-ро ташкил дод.

Дар гузориш зикр мегардад, ки дар нимаи аввали соли 2025 рушди иқтисоди Тоҷикистон 8,1%-ро ташкил дод, ки ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2024 (8,2%) наздик аст.

Рушди иқтисоди кишварро асосан саноати истихроҷи маъдани кӯҳӣ, савдо ва бахши хидматрасонӣ таъмин мекунанд.

Дар соҳаи саноат рушд 24,0% дар як солро ташкил медиҳад:

– истеҳсоли маъданҳои фулузӣ (металлӣ) 110,0%

-маҳсулоти хӯрокворӣ – 8,0% афзуда,

– истеҳсоли сарулибос 3,5%

– маҳсулоти нафтӣ – 1,7% кам шуд.

Соҳаи хизматрасонӣ 12,8 фоиз тавсеа ёфт, ки аз ҳисоби афзоиши миёнаравии молиявӣ 80,2 фоиз, саноати меҳмонхона 21,1 фоиз, хизматрасонии тиббӣ 16,5 фоиз ва нақлиёт 13,3 фоиз афзоиш ёфт. 

Сарфи назар аз шароити номусоиди обуҳаво барои ҳосил ва ҳуҷуми малахҳо дар ҷануби кишвар, рушд дар бахши кишоварзӣ то 15,9% барқарор шуда, ҳаҷми сохтмон 7,1% афзудааст

Муаллифони гузориш зикр мекунанд, ки афзоиши босуръати интиқоли маблағ ва болоравии маош дар бахши давлатӣ ба ҳавасмандсозии истеъмоли хусусӣ идома доданд.

"Сарфи назар аз сангинтар шудани қоидаҳо нисбат ба қувваи кории хориҷӣ дар Русия, интиқоли маблағ босуръат зиёд шуд: аз 1,1 млрд доллар дар семоҳаи аввали соли 2024 то ба 1,8 млрд доллар дар ҳамин давраи соли 2025 расид", – таъкид месозанд таҳлилгарони Бонк.

Онҳо бар ин назаранд, ки самараи боқимондаи болоравии маош дар бахши давлатӣ, инчунин зиёд шудани маошу, стипендия ва нафақаҳо аз 1-уми сентябри соли 2025 ба афзоиши қарз ва амонатҳо мусоидат кард.

Музди меҳнат дар кишвар 24,2% бо ифодаи солона боло рафта, ба 268 доллар дар як моҳ расид.

"Ҳарчанд хавфҳо ба дурнамои миёнамуҳлат таъсир расонанд ҳам, афзоиши босуръати интиқоли маблағ ва суръати баланди рушд дар зарфи 6 моҳи аввали соли ҷорӣ, боқӣ гузоштани пешгӯиҳои рушди нисбатан пешинаро барои солҳои 2025 ва 2026 тасдиқ мекунанд", – ба чунин хулоса расидаанд коршиносони БОР.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.