Нахустин мураттиби “Сармашқ” бо забони тоҷикӣ. Масири як муаллимаи тоҷик, ки умри худро фидои таълиму тарбия кард

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Номи Муҳаббат Маҳмудова, мураттиби нахустин “Сармашқ” бо забони тоҷикӣ,  ки шурӯъ аз рӯзҳои сахти Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ба таълиму тарбия пардохт ва умре дар ин ҷода қадам зад, дар таърихи маорифи кишвар бо хатҳои заррин сабт шудааст. Ӯ, ки дорандаи унвонҳои олии Муаллими шоистаи Тоҷикистон ва  Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ аст, тамоми умри худро барои таълиму тадриси кӯдакон бахшид ва бо ташаббусҳои навоварона ва талошҳои пайвастааш барои рушд ва ташаккули маорифи кишвар саҳм гирифтааст.

Дар Рӯзи муаллим пиромуни корномаи Муҳаббат Маҳмудова, ки омӯзгорӣ дар рагу пайвандаш маъво гирифта ва дар шароити сангин барои рушди соҳа талош кардааст, қисса мекунем.

 

“Деҳқонбачагонро илм омӯзед”

Соли 1938 дар мактаби ҳафтсолаи колхози “Коммунизм” ба номи Андрееви ноҳияи Орҷоникидзеобод (ҳозира Ваҳдат) Муҳаббат Маҳмудова ном духтари 15-соларо ҳамчун омӯзгор ба кор пазируфтанд. 

“Марҳамат, акнун деққонбачагонро илм омӯзонед, онҳо ташнаи илманд”, – бо чунин истиқболи роҳбари мактаб фаъолияти омӯзгории ӯ, ки 12 сол дар ин макон идома кард, маншаъ гирифт. Нахустин дарсаш дар анбори пахтаи колхоз сурат гирифт. Тӯли 12 сол, минҷумла солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар ин мактаб ҳамчун мудир ва омӯзгори синфҳои ибтидоӣ заҳмат кашид ва ҳанӯз дар 21-солагӣ бо унвони “Аълочии маорифи Тоҷикистон” қадр гардид. Баъди итмоми ҷанг ба Душанбе омад ва дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳсилро идома дод ва ҳамзамон дар мактаби 10-и пойтахт ба фаъолият пардохт.

 

Мураттиби аввалин “Сармашқ” бо забони тоҷикӣ

Муҳаббат Маҳмудова дар давоми фаъолияти омӯзгории худ навовариҳои зиёдро дар таълим ҷорӣ намудааст. Аз ҷумла, ӯ нахустин “Сармашқ” бо забони тоҷикиро мураттаб кардааст, ки солҳои зиёд дар макотиби кишвар хонандагони синфҳои ибтидоӣ аз он истифода кардаанд.

Дилрабо Қодирова, духтари ӯ, ки доктори илмҳои тиб ва профессори Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абуалӣ ибни Сино аст, дар ёддоштҳои худ аз модараш навиштааст, “ҳар як варақи онро худашон менавиштанд ва он машқи хати аввалин солҳо дар байни хонандагони синфҳои ибтидоии мактабҳои кишварамон истифода гардид”.

Таҷрибаи омӯзгории ӯ солҳо сармашқи омӯзиши муаллимони синфҳои ибтидоии ҷумҳурӣ буда, дастурҳои мураттабнамудаи ӯро дар таълим истифода кардаанд. 

Махсусан, замони фаъолият дар мактаби №53-и шаҳри Душанбе, ки то охири фаъолияти корӣ дар он таълим додааст, навгониҳои зиёдро дар таълими синфҳои ибтидоӣ пешбарӣ кардааст.

 

Нахустин муаллими кӯдакони шашсола

Соли 1967, замоне ки дар кишвар аввалин маротиба барномаи нави таълими кӯдакони шашсола дар синфи 1 роҳандозӣ мегардид, Муҳаббат Маҳмудоваи то он замон ҳамчун беҳтарин омӯзгори синфҳои ибтидоӣ шинохташуда барои татбиқи ин барнома интихоб гардид. Ӯ бо корбурди усулҳои нави таълим аз ин “имтиҳон” низ сарбаландона гузашт ва ҳамаи 39 хонандаи ин синфи озмоишӣ ба синфи дуюм гузаштанд.

 

Мавлуда Ҳошимӣ, ки яке аз39 хонандаи ин синф будааст, дар ёддоштҳои худ чунин нигоштааст: 

“Дар бораи усули нави таълими синфҳои ибтидоӣ ҳамаи рӯзномаҳои он замон менавиштанд ва хабарнигорон аксҳои синфи моро бо муаллимаамон зуд-зуд дар саҳифаҳои рӯзнома ва маҷаллаҳо ҷой медоданд. Синфи мо низ мисли исми муаллимаамон маъруф буд”.

Маҳмудова ҳамеша дар ҷустуҷӯи навгонӣ буда, дар кишвар аввалин барномаи таълими ибтидоиро ба муҳлати се сол озмудааст. 

Ҳамчунин, омӯзгорони синфҳои ибтидоии ҷумҳурӣ чандин сол аз рӯйи дастури “Таблитса, алифбои бурида ва ҳиҷоҳо”-и тартибдодаи ӯ дарс гуфтаанд. Ӯ инчунин дар таҳия ва татбиқи барномаи нави таълими математика низ саҳм доштааст.

 

“Мақсади педагогӣ танҳо ёд додани хондану навиштан нест…”

Ба нигоштаи шогирдону ҳамкасбонаш, дарсҳои Муҳаббат Маҳмудова на танҳо омӯзиши илм, балки талқини худшиносӣ ва муҳаббат ба ватан будааст. 

Ин омӯзгори тоҷик, ки соли 1964 унвони “Муаллими хизматнишондодаи Тоҷикистон”-ро сазовор гардид, ба ҳикмати “аввалин шарти муаллим будан инсон будан аст” арҷ мегузошт. 

“Мақсади педагогӣ натанҳо ба кӯдакон ёд додани хондану навиштан, балки дар қалби онҳо бедор кардани ҳисси ватандӯстию эҳтиром ба фарҳанги халқҳои гуногун аст”, – мегуфтааст ӯ.

 

Дилрабо Қодирова, , аз заҳматҳои шабонарӯзии модараш ёд меоварад.

“Модарам ба ҳар як дарси оянда тайёрии “пухта” медид. Барои шавқовар гузаштани дарсҳои намунавияш ҳар гуна асбобҳои аёнӣ, ба монанди сабадчаҳо, гулҳо ва меваҳои дастисохт омода мекард”, – навиштааст ӯ.

Ба нигоштаи ӯ, барои омӯзиши усули дарсдиҳии Муҳаббат Маҳмудова муаллимони шаҳру деҳоти дигар ва ҳатто кишварҳои ҳамсоя барои таҷрибомӯзӣ меомадаанд. 

“На танҳо ҳамкасбони модарам, балки олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҷрибаи ӯро омӯхта, дар асоси натиҷаҳои таҳқиқот ва омӯзиши усулҳои нави таълимие, ки модарам роҳандозӣ карда буданд, рисолаҳои номзадии худро ҳимоя кардаанд”, – меафзояд ӯ. 

 

Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ

Муҳаббат Маҳмудова 1-уми июли соли 1968, дар арафаи Анҷумани дуюми умумииттифоқии муаллимон барои хидматҳои пурсамару бардавом ва комёбиву тозакориҳояш дар таълиму тарбия бо унвони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ қадр мешавад. 

Дар варақаи мукофотии ӯ чунин навишта шуда буд: “Дар тамоми фаъолияти кориаш Муҳаббат Маҳмудова дар тарбияи насли наврас саҳми хоса гузоштааст. Дарсҳои ӯ шавқовар ва ҷолиб мегузаранд. Кӯдаконро бо маводи дарсии нав, ки фаҳмову самарбахш аст, таъмин ва ба корҳои мустақилона ва китобхонӣ ҳидоят мекунад…”

 

Бонуи хонавода

Дилрабо Қодирова аз модараш дар баробари омӯзгори масъулиятшинос буданаш, ҳамчун бонуи асили хонавода ёд оварда, ӯро чароғи хонадон, танзимгари одобу рафтор ва маншаи илму маърифати фарзандон унвон додааст. 

“Модарам дар хона низ ҳалиму меҳрубон буд ва оромона суҳбат мекард. Ҳамчунин, пазанда ва дӯзандаи моҳир буд ва ба фарзандон низ ин ҳунарҳоро омӯхтааст”, – мегӯяд ӯ.

Муҳаббат Маҳмудова бо Абдуқаюм Қодиров, олими шинохтаи илми математика, ки устоди Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ будааст, 42 сол зиндагии ҳамҷоя доштааст. 

Фарзандонаш низ касби волидонро пеша намуда, дар донишгоҳҳо омӯзгорӣ кардаанд.

Симои Муҳаббат Маҳмудова ҳамчун муаллими муваффақу шуҷоъ ва навовар сабт шуда, ҳатто дар асарҳои рассомон тасвир шудааст. Нимпайкарааш низ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо номи “Муаллимаи тоҷик” нигоҳдорӣ мешавад.

Ҷодаи тайнамудаи муаллима Муҳаббат Маҳмудова илҳомбахши садҳо шогирдони ӯ, ҳазорҳо муаллимони кишвар ва намунаи ибрату сармашқ барои барои омӯзгорони ҷавон аст.

 

Маълумотнома

Муҳаббат Маҳмудова 25-уми майи соли 1923 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омада, соли 1938 Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Сталинабод (имрӯза Душанбе)-ро хатм кардааст. Худи ҳамон сол,  ки 15-сола буд, дар мактаби ҳафтсолаи “Коммунизм”-и колхози ба номи Андрееви ноҳияи Орҷоникидзеобод (ҳозира Ваҳдат) ба синфҳои ибтидоӣ ба дарсгӯӣ пардохта, муддате муовини директор буд. 

Соли 1946 фаъолияти кории худро дар мактаби №10-и шаҳри Душанбе оғоз намуда, аз соли 1965 дар мактаби миёнаи №53 ба муаллимӣ пардохтааст. Соли 1956 Донишкадаи педагогии Душанбе ба номи Т.Г.Шевченкоро бо ихтисоси “муаллими забон ва адабиёти тоҷик” хатм намуд. 

Муҳаббат Маҳмудова ҳамзамон аз соли 1964 дар Донишкадаи такмили ихтисоси шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ дарс гуфтааст. 

Бо фармони Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС аз 1 июли соли 1968 барои хизматҳои шоиста дар таълиму тарбияи коммунистӣ Муҳаббат Маҳмудова бо ордени Ленин ва медали тиллоии “Серп и Молот” сарфароз гардида, ба унвони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ мушарраф шуд.

Муҳаббат Маҳмудова вакили Шӯрои Олии ИҶШС даъвати 8-ум (солҳои 1970-1974) ва вакили шӯроҳои вилоятӣ ва шаҳрӣ интихоб шудааст. 

Муҳаббат Маҳмудова моҳи марти соли 1994 дар синни 71 аз олам даргузашт.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...