Таҷлили 90-солагии Баҳриддин Камолиддинов дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Имрӯз, 4-уми октябр, дар толори ба номи Шарифҷон Ҳусейнзодаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи забони тоҷикӣ ва 90-солагии забоншиноси шинохтаву зиндаёд Баҳриддин Камолиддинов, конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Конфронси ҷумҳуриявии илмию амалӣ ба мавзуи ”Масъалаҳои мубрами медиалингвистика ва услубшиносӣ дар замони муосир” бахшида шуда, пажуҳишгарони услуби забонро ба ҳам овард. Дар ҷараёни чорабинӣ, маърӯзачиён нақши […]

Asia-Plus

Имрӯз, 4-уми октябр, дар толори ба номи Шарифҷон Ҳусейнзодаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи забони тоҷикӣ ва 90-солагии забоншиноси шинохтаву зиндаёд Баҳриддин Камолиддинов, конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

Конфронси ҷумҳуриявии илмию амалӣ ба мавзуи ”Масъалаҳои мубрами медиалингвистика ва услубшиносӣ дар замони муосир” бахшида шуда, пажуҳишгарони услуби забонро ба ҳам овард.

Дар ҷараёни чорабинӣ, маърӯзачиён нақши бузурги шодравон профессор Баҳриддин Камолиддиновро дар шаклгирӣ ва рушди услубшиносии тоҷик ва медиалингвистика ишора карда, шогирдону фарзандон аз шахсияту хислатҳои неки ӯ ҳамчун падар, устод, олим ва роҳнамо ёдовар шуданд.

 

Баҳриддин Камолиддинов доктори илмҳои филология, профессори соҳибмактаб, яке аз бунёдгузорони услубшиносии тоҷик буда, оид ба самтҳои гуногуни забоншиносии тоҷик асарҳои бунёдии илмиву таҳқиқотӣ навиштааст.

 

Баҳриддин Камолиддинов 8-уми октябри соли 1935 дар ноҳияи Ашт ба дунё омадааст. Соли 1959 факултаи филологияи ДМТ-ро хатм карда, дар кафедраи забони тоҷикӣ ба кор шурӯъ кард. Соли 1966 дар мавзӯи “Забон ва услуби ҳикояҳои Ҳаким Карим” рисолаи номзадӣ ва соли 1988 дар мавзӯи “Муродифоти наҳвӣ дар забони адабии ҳозираи тоҷикӣ” рисолаи докторӣ ҳимоя кардааст.  Солҳои 1992-1994 ба ҳайси ноиби ректори ДМТ ва аз соли 1994 то охири умр дар кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии факултаи журналистика ҳамчун мудир ва муаллим кор кардааст.  Баҳриддин Камолиддинов муаллифи наздики 20 асари илмӣ ва зиёда аз 170 мақолаи илмию методӣ аст. Маъруфтарин асарҳои ӯ “Масъалаҳои баҳсноки наҳви забони тоҷикӣ”, “Услубшиносӣ”, “Ҳусни баён”, “Сухан аз баҳри дигарон гӯянд” ва “Сухандонон сухан санҷида гӯянд” мебошанд.

Агар умр вафо мекард, имсол устод Баҳриддин Камолиддинов 90 сола мешуд. Ӯ 13-уми майи соли 2020 дар синни 84 солагӣ аз олам чашм пӯшид.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.