Вазири саноат: “Тоҷикистон аввалин кишвари истеҳсолкунандаи литий дар фазои ИДМ хоҳад буд”

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дирӯз, 14-уми октябри соли равон дар ҳамоиши байналмилалии сармоягузории "Dushanbe Invest–2025" гуфтааст, ки аз 12 фулузот (металл)-и муҳим барои гузариш ба иқтисоди “сабз”, Тоҷикистон 10-тои онро дорад.  Шашто аз ин фулузот аллакай дар ҷумҳурӣ истеҳсол мешаванд.

“Мо барои худ муайян кардем, ки дар занҷираи нави таҳвили фулузоти нодир иштирок мекунем”, – иброз доштааст ӯ.

Фулузоти муҳим ё худ калидӣ барои гузариш ба иқтисоди "сабз" ашёи хоми минералӣ мебошанд, ки ивази онҳо масалан, дар низомҳои энергияи таҷдидшаванда (нерӯгоҳҳои барқи офтобӣ ва бодӣ, мошинҳои барқӣ ё худ электромобилҳо) ғайриимкон аст.

Вазир зикр кардааст, ки дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ танҳо се корхонаи истеҳсоли фулузоти нодир амал мекарданд, ки дутои онҳо дар қаламрави Тоҷикистон ва яктоаш дар Русия буд.

Ӯ гуфтааст, ки барои таъмиру навсозии ин корхонаҳо бо ширкатҳои ҷаҳонӣ гуфтушунидҳо ҷараён доранд.

“Ман итминони комил дорам, ки дар ояндаи наздик мо ба натиҷаҳои хеле хуб даст меёбем”, – афзудааст Шералӣ Кабир.

Ӯ таъкид кардааст, ки аз ҷумла, сурма барои гузариш ба иқтисоди “сабз” хеле муҳим аст.

“Аз лиҳози захираҳои сурма Тоҷикистон дар мавқеи дуюм қарор дорад. Дар мо чор корхонаи истеҳсоли сурма дар марҳилаи коркард қарор доранд. Яке заминаи фанниву иқтисодӣ таҳия карда, дигаре бо корҳои таҳқиқотӣ машғул аст ва сохтмони сеюмаш идома дорад”, – зикр кардааст Шералӣ Кабир.

Вазир таъкид доштааст, ки Тоҷикистон аллакай ба истеҳсоли мис, ки барои иқтисоди”сабз” хеле муҳим аст, оғоз кард.

“Мо истеҳсоли онро бамаротиб зиёд кардан мехоҳем. Дар ин масъала ман мавқеи мушаххасу дақиқ дорам, барои афзоиши истеҳсоли мис сармоя ҷалб мекунем”, – гуфтааст вай.

Вазъи ба истеҳсоли тилло дар кишварро Шералӣ Кабир хуб арзёбӣ карда, гуфтааст, ки "ҳаҷми истеҳсоли он ҳар сол 20% зиёд мешавад".

Вазир ҳамчунин иттилоъ додааст, ки ҳаҷми захираҳои никел ва литий низ хеле зиёд аст.

“Мо якумин кишвар дар фазои ИДМ хоҳем шуд, ки дар он литий истеҳсол мешавад”, – изҳор доштааст ӯ.

Корхонаҳое мисли “Анзоб” ва “Талко голд”-ро вазир “на танҳо бозигарони минтақавӣ”, балки “қисмате аз сиёсати ҷаҳонӣ оид ба ин фулузот” шуморидааст.

Шералӣ Кабир илова кардааст, ки дар мавриди рушди саноати кӯҳкорӣ барномаҳои давлатӣ таҳия шуда, Тоҷикистон дар дурнамои наздик дар самти истеҳсоли фулузоти зарурӣ барои гузариш ба иқтисоди “сабз” мавқеи арзандаи худро касб мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...