Таҳсил дар коллеҷҳо як сол кам шуд. Дар Тоҷикистон шаклҳои нави таҳсил қабул гардид

Дар Тоҷикистон дар бораи таҳсил дар коллеҷҳо қонуни нав қабул шуд, ки он муҳлати хонишро то 1 сол кам карда, ҳамзамон, мафҳумҳои навро шарҳ медиҳад. Акнун қонуни 10 сол пеш дар ин самт қабулшуда аз эътибор соқит мегардад. Рӯзи 1-уми октябр раисҷумҳури Тоҷикистон дар зери қонуни нав дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ имзо гузошт. Ҳукумати кишвар […]

Дар Тоҷикистон дар бораи таҳсил дар коллеҷҳо қонуни нав қабул шуд, ки он муҳлати хонишро то 1 сол кам карда, ҳамзамон, мафҳумҳои навро шарҳ медиҳад. Акнун қонуни 10 сол пеш дар ин самт қабулшуда аз эътибор соқит мегардад.

Рӯзи 1-уми октябр раисҷумҳури Тоҷикистон дар зери қонуни нав дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ имзо гузошт. Ҳукумати кишвар онро рӯзи 29-уми май мақбул дониста, ба баррасии Маҷлиси намояндагон пешниҳод карда буд. Вакилони палатаи поёнии парлумон рӯзи 25-уми июн онро қабул карданд.

Қонуни мазкур аз 7 боб ва 32 модда иборат буда, ҳадафаш навсозӣ, дақиқсозӣ ва мутобиқгардонии меъёрҳои қонунгузорӣ ба талаботи замони муосир ва рушди босуръати бозори меҳнат зикр мешавад.

Ин қонуни нав қонуни аз соли 2015 амалкунандаро аз эътибор соқит кард.

 

Қонун чӣ ҳарфи нав дорад?

Қонун “Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ” ба ғайр аз тағйироти сохторӣ ва дақиқкунии мафҳумҳо, боз чанд муқаррароти комилан наверо дар бар мегирад, ки барои рушди таҳсилоти миёнаи касбӣ аҳамияти бунёдӣ доранд.

Кӯтоҳ кардани мӯҳлати таҳсил яке аз муҳимтарин навовариҳост, ки дар қонуни пешина ба ин шакл вуҷуд надошт. Лоиҳаи нав муҳлати таҳсилро то 1 сол кам кардааст:

– барои шахсоне, ки таҳсилоти асосӣ (синфи 9) доранд, мӯҳлати таҳсил дар коллеҷҳо аз то 4 сол ба то 3 сол кам карда мешавад.

– барои шахсоне, ки таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11) доранд, мӯҳлати таҳсил аз то 3 сол ба то 2 сол кам карда мешавад.

 

Шаклҳои нави таҳсил – таҳсили дуалӣ

Қонуни нав таҳсили “дуалӣ”-ро ҳамчун шаклҳои расмии таҳсил дар коллеҷҳо муайян кардааст. Ин шакли таҳсил дар қонуни то кунан амалкунанда зикр нашуда буд.

Таҳсили дуалӣ (Dual Education) – ин низоми таълим назарияро бо амалия якҷоя мекунад. Донишҷӯён қисми вақтро дар коллеҷҳо ва қисми дигарро дар корхона ё ташкилот мегузаронанд. Ин низом имкон медиҳад, ки донишҷӯён аз оғоз таҳсил дар амалия ва раванди кор бошанд.

Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон 65 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ фаъолият мекунад, ки дар онҳо аз рӯйи 14 самт аз ҷумла техника ва технология, нақлиёт, энергетика, меъморӣ ва сохтмон, кишоварзӣ ва ғайра мутахассис омода мешаванд. Ҳамчунин 88 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ аз рӯйи 10 самт аз ҷумла омӯзгорӣ, тиббӣ, фарҳанг, кишоварзӣ, иқтисодӣ, технологӣ, техникӣ, ҳуқуқ кадр омода мешаванд.

Соли 2023-юм дар Тоҷикистон Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди ҳукумати ҷумҳурӣ таъсис гардида, назорат ва идораи литсею коллеҷҳо, ки қаблан ба души Вазорати маориф ва илм буд ва дӯши ин ниҳоди нав гузашт.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.