Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ

Asia-Plus

Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон шаби гузашта, 19-уми октябр дар синни 83 дунёи фониро падруд гуфт. Дар ин бора дӯстону наздикони ин адиби шинохта дар шабакаҳо иҷтимоӣ хабар доданд. Сабаби даргузашти марҳум маълум нест.

Ҷанозаи марҳум дар зодгоҳаш деҳаи Нилкони ҷамоати Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ хонда мешавад. Ҳоло маълум нест, ки ӯ дар куҷо ба хок супорида мешавад. Тибқи анъана онҳое, ки унвони шоир ва ё нависандаи халқӣ доранд, дар қабристони Лучоб гӯронда мешаванд.

Кароматуллоҳи Мирзо барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ ва аз шинохтатарин нависандаҳои тоҷик буд.

Ӯ 25-уми апрели соли 1942 дар деҳаи Нилкони ҷамоати Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ ба дунё омадааст. Соли 1963 факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо хатм карда, фаъолияташ аз муаллимӣ дар мактаб оғоз шудаачт.

Минбаъд Кароматуллоҳи Мирзо дар рӯзномаҳои “Пионери Тоҷикистон”, “Комсомоли Тоҷикистон”, “Тоҷикистони Советӣ”, нашриёти “Маориф”, “Адиб” кор кардааст. Чанд муддат сармуҳаррири ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” буд. Соли 2004 мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон таъин шуда, ҳамзамон раиси Раёсат ва Шӯрои насри Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

Ин нависандаи маъруфи тоҷик муаллифи чандин асарҳо буда, романҳои “Дар орзуи падар” (иборат аз се қисмат), “Марги бегуноҳ”, “Ду ҳикоя” ва “Деҳаро хоб мебинам” мақоми ӯро дар адабиёти тоҷик шоиста гардонидаанд.

Дар заминаи романи сегонаи “Дар орзуи падар” силсилафилми ҳамноме иборат аз 23 қисмат танзим гардидааст, ки на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Эрону Афғонистон низ маъруфияту маҳбубияти хоссае пайдо кардааст.

Пиромуни зиндагиву эҷоди нависанда дар мусоҳибаи "Азия-Плюс" бо номи "Кароматулло Мирзоев: ман намехоҳам, ки гурӯҳе шинанду маро таъриф кунанд" мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...