Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?

Арзиши нони сафеди вазнаш 500 грамм дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 5,22 сомониро ташкил медиҳад. Кишвари мо дар радабандии анрзиши нони пойгоҳи "Numbeo" миёни 127 кишвари ҷаҳон дар зинаи 110-ум қарор гирифт. Дар ин радабандӣ, ки рӯзи 17-уми октябр нашр шуд, нархи нон дар Тоҷикистон нисбат ба кишварҳои минтақа гаронтар аст. Нони 500 грамма дар Қазоқистон 3,95 сомонӣ (зинаи 122-юм), […]

Asia-Plus

Арзиши нони сафеди вазнаш 500 грамм дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 5,22 сомониро ташкил медиҳад. Кишвари мо дар радабандии анрзиши нони пойгоҳи "Numbeo" миёни 127 кишвари ҷаҳон дар зинаи 110-ум қарор гирифт.

Дар ин радабандӣ, ки рӯзи 17-уми октябр нашр шуд, нархи нон дар Тоҷикистон нисбат ба кишварҳои минтақа гаронтар аст.

Нони 500 грамма дар Қазоқистон 3,95 сомонӣ (зинаи 122-юм), Қирғизистон 3.90 сомонӣ (123-юм) ва Ӯзбекистон 3,60 сомонӣ (124-ум) мебошад.

Гаронтарин нони сафеди 500 грамма дар Исландия ба ҳисоби миёна қариб 30 сомонӣ сабт шудааст. Ин кишвар дар зинаи 1-ум қарор гирифта, дар идома Швейтсария (35,03 сомонӣ) ва ИМА (33,75 сомонӣ) ҷойгир шудаанд.

Нони сафеди вазнаш ним килограмми аз ҳама арзонтаринро дар Алҷазоир 1,61 сомонӣ харидан мумкин аст.

Ёдрас мекунем, ки дар нимсолаи аввали соли равон нон ва орд ҳам дар Тоҷикистон ва ҳамк кишварҳои ҳамсои Осиёи Марказӣ қимат шуд.

Тибқи маълумоти Оҷонсии омори назди Тоҷикистон, нисбат ба моҳи декабри соли 2024 давоми моҳҳои январ-июни соли 2025 шохис (индекс)-и нархи ба нон ба андозаи 4,7% ва орд – 4,9% боло рафт.

Имрӯз дар марказҳои савдои калони Душанбе номгӯи васеи мануоти нонӣ пешниҳод мешавад. Ба ин тариқ “Арзанда Боярский” бо вазни 550 грамм 7,90 сомонӣ, “Арзанда Крестянский” бо ҳамин вазн – 7,80 сомонӣ, “Маколли Дарнитский бе хамиртуруш (дрож)” бо вазни 400 грамм – 13,80 сомонӣ ва ҳамчунин “Нони Шоҳон Белий” (380 грамм) – 4,40 сомонӣ нарх доранд.

Агар соли гузашта нони маъмулии вазнаш 250 грамм 3-4 сомонӣ нарх дошт, пас акнун нархи он дар бозорҳо 5 сомонӣ ва супермаркетҳо – то 6 сомонӣ расидааст. Дар ҳамин ҳол, вазни он кам шудааст: ба ҷойи 250-300 грамми маъмулӣ нони тайёр акнун ҳудуди 230 грамм нарх дорад.

Болоравии нархи нону орд дар Тоҷикистон асосан ба гароншавии гандуми воридотӣ, афзоиши харҷот ба барқу нақлиёт, инчунин тағйири вазн ва шакли маҳсулот вобаста аст, ки амалан ба гароншавии пӯшида боис гардид. Сарфи назар аз каме суст шудани мизони таваррум дар моҳҳои охир, вобастагии кишвар ба воридоти зироати ғалладона баланд боқӣ мемонад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.