Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?

Asia-Plus

Арзиши нони сафеди вазнаш 500 грамм дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 5,22 сомониро ташкил медиҳад. Кишвари мо дар радабандии анрзиши нони пойгоҳи "Numbeo" миёни 127 кишвари ҷаҳон дар зинаи 110-ум қарор гирифт.

Дар ин радабандӣ, ки рӯзи 17-уми октябр нашр шуд, нархи нон дар Тоҷикистон нисбат ба кишварҳои минтақа гаронтар аст.

Нони 500 грамма дар Қазоқистон 3,95 сомонӣ (зинаи 122-юм), Қирғизистон 3.90 сомонӣ (123-юм) ва Ӯзбекистон 3,60 сомонӣ (124-ум) мебошад.

Гаронтарин нони сафеди 500 грамма дар Исландия ба ҳисоби миёна қариб 30 сомонӣ сабт шудааст. Ин кишвар дар зинаи 1-ум қарор гирифта, дар идома Швейтсария (35,03 сомонӣ) ва ИМА (33,75 сомонӣ) ҷойгир шудаанд.

Нони сафеди вазнаш ним килограмми аз ҳама арзонтаринро дар Алҷазоир 1,61 сомонӣ харидан мумкин аст.

Ёдрас мекунем, ки дар нимсолаи аввали соли равон нон ва орд ҳам дар Тоҷикистон ва ҳамк кишварҳои ҳамсои Осиёи Марказӣ қимат шуд.

Тибқи маълумоти Оҷонсии омори назди Тоҷикистон, нисбат ба моҳи декабри соли 2024 давоми моҳҳои январ-июни соли 2025 шохис (индекс)-и нархи ба нон ба андозаи 4,7% ва орд – 4,9% боло рафт.

Имрӯз дар марказҳои савдои калони Душанбе номгӯи васеи мануоти нонӣ пешниҳод мешавад. Ба ин тариқ “Арзанда Боярский” бо вазни 550 грамм 7,90 сомонӣ, “Арзанда Крестянский” бо ҳамин вазн – 7,80 сомонӣ, “Маколли Дарнитский бе хамиртуруш (дрож)” бо вазни 400 грамм – 13,80 сомонӣ ва ҳамчунин “Нони Шоҳон Белий” (380 грамм) – 4,40 сомонӣ нарх доранд.

Агар соли гузашта нони маъмулии вазнаш 250 грамм 3-4 сомонӣ нарх дошт, пас акнун нархи он дар бозорҳо 5 сомонӣ ва супермаркетҳо – то 6 сомонӣ расидааст. Дар ҳамин ҳол, вазни он кам шудааст: ба ҷойи 250-300 грамми маъмулӣ нони тайёр акнун ҳудуди 230 грамм нарх дорад.

Болоравии нархи нону орд дар Тоҷикистон асосан ба гароншавии гандуми воридотӣ, афзоиши харҷот ба барқу нақлиёт, инчунин тағйири вазн ва шакли маҳсулот вобаста аст, ки амалан ба гароншавии пӯшида боис гардид. Сарфи назар аз каме суст шудани мизони таваррум дар моҳҳои охир, вобастагии кишвар ба воридоти зироати ғалладона баланд боқӣ мемонад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...