Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025

Date:

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ 20 ОКТЯБР

– Имрӯз дар Осорхонаи миллӣ, Намоишгоҳи 13-уми байналмилалии “Китоби Душанбе” ифтитоҳ мегардад. Он то 22-юми октябр давом карда, дар рафти намоиш китобҳои нашркардаи ноширони дохилу хориҷ муаррифӣ ва пешниҳоди алоқамандони китоб хоҳанд шуд.

Ҳамчунин, дар доираи ин намоишгоҳ, баргузории конфронсу ҳамоишҳои илмӣ ва адабӣ низ дар назар аст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

– Имрӯз дар Тоҷикистон размоишҳои “Бародарии шикастнопазир-2025”-и СААД оғоз мешавад. Тамринҳои муштараки сулҳҷӯёнаи “Бародарии шикастнопазир-2025” ва машқҳои махсуси “Монеа-2025, инчунин, размоишҳои зиддитеррористии “Иттиҳоди зиддитеррористӣ – 2025” бо ширкати бархе кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар машқгоҳи “Фахробод”-и Хатлон баргузор мешавад.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 20 ОКТЯБР

Соли 2006 – Дар Тоҷикистон сохтмони нақб дар зери ағбаи Шар-Шар оғоз гардид.

Соли 2008 – Дар Душанбе дафтари нави намояндагии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ифтитоҳ ёфт.

Соли 2014 – Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар арафаи 20-солагии қабули Конститутсия лоиҳаи Қонун “Дар бораи авф”-ро ба баррасии парлумони кишвар пешниҳод намуд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1953 – Мавлуди Мақсудҷон Инъомов, муаррих, доктори илмҳои таърих.

Соли 1972 – Қиматшо Иматшоев, ҳунарпешаи театру синамо дар синни 42 даргузашт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Қиматшо Иматшоев

Қиматшо Иматшоев хатмкардаи Институти давлатии санъати театрию рассомии ба номи А. Н. Островский шаҳри Тошканд буда, як муддат дар Театри драмаи мусиқии ба номи А. Рӯдакии шаҳри Хоруғ фаъолият кардааст.

Минбаъд сарояндаи ансамбли мусиқӣ, тарона ва рақси Филармонияи давлатии Тоҷикистон, роҳбари бадеии хонаи маданияти ноҳияи Шаҳритус, ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмаи ба номи А. Лоҳутӣ будааст.

Нақши Бахтиёр дар "Нисо", Ҳоҷиваққос дар "Арўси панҷсӯма", Муҳоҷир дар "Сароби хунин", Раҳимбоев дар "Ҳурият", Анта дар "Мурдаҳои пок", Ҷўра Содиқович дар "Тағо ва ҷиноятҳо" аз нақшҳои мондагори ӯ дар саҳнаи театр аст.

Иматшоев ҳамчунин дар чандин филмҳо нақшҳои асосиро бозидааст, аз ҷумла нақши раиси колхоз дар "Ҷўра саркор", директори музей дар "Минтақаи парвоз", мудири гараж дар "Роҳи сафар гуногун аст" ва ғайра.

Соли 1995 – Зодрӯзи Асрор Воҳидов, муштзани тоҷик.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Ҳамасола 20-уми октябр ошпазони тамоми ҷаҳон Рӯзи байналмилалии ошпазонро таҷлил мекунанд. Ин сана соли 2004 бо ташаббуси Иттиҳоди ҷаҳонии ҷомеаҳои ошпазӣ (World Association of Chefs’ Societies) таъсис ёфтааст. Ба ҳайати ин созмон зиёда аз 8 миллион узв аз кишварҳои гуногуни дунё дохиланд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Пешаи ошпазӣ аз замонҳои бостон яке аз муҳиму серталабтарин пешаҳо буда, дар ташаккули фарҳанг ва ҳаёти рӯзмарраи мардум нақши муҳим бозидааст. Гарчанде маълум нест, ки аввалин шахсе, ки ғизо пухт, кист, вале аввалин дастурҳои ошпазӣ ҳазорон сол пеш дар Вавилон, Мисри қадим, Чини бостон ва кишварҳои Шарқи араб навишта шудаанд. Баъзе аз ин дастурҳо то имрӯз боқӣ мондаанд ва мувофиқи онҳо метавон хӯрокҳое омода кард, ки замоне фаръавнҳои мисрӣ ё императорони чинӣ чашидаанд.

Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии омор таҷлил карда мешавад. Ин рӯз аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид на ҳар сол, балки расман ҳар панҷ сол як маротиба дар сатҳи ҷаҳонӣ (яъне соли 2010, 2015, 2020, 2025 ва ғайра) баргузор мегардад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Аммо бисёр кишварҳо онро ҳар сол дар сатҳи миллӣ ҷашн мегиранд. Мақсади ин рӯз таъкиди аҳамияти омор дар банақшагирӣ, қабули қарорҳои дуруст ва рушди устувор аст.

20-уми октябри соли 1961 дар шаҳри Амстердам Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои танзимгарони ҳавоӣ (IFATCA) таъсис ёфт. Имрӯз ин созмон 137 кишвар ва беш аз 50 ҳазор танзимгарро муттаҳид мекунад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Танзимгарони ҳавоӣ масъули амнияти ҳаракати ҳавопаймоҳо дар замин ва осмонанд. Онҳо самти парвоз, фосилаи байни ҳавопаймоҳо ва нишасти амнро назорат мекунанд. Дар ҳолатҳои фавқулода бошад, ба экипажи ҳавопаймо кӯмак мерасонанд.

Имрӯз ҳамчунин Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо остеопороз таҷлил мешавад. Остеопороз бемориест, ки  зичии устухонҳо коҳиш ёфта, сохтори он заъф мегардад. Бо мурури замон ин ҳолат метавонад боиси шикастани даст, по ва сутунмӯҳра гардад. Омилҳои асосии пайдоиши он синну сол, ғизои номуносиб ва набуди фаъолияти ҷисмонӣ мебошанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ин сана соли 1997 бо ташаббуси Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) таҷлил мешавад. Ҳадафи он баланд бардоштани огоҳии мардум дар бораи роҳҳои пешгирӣ, ташхис ва табобати остеопороз аст.

Имрӯз ҳамчунин Рӯзи байналмилалии коҳилак (ҳайвони дарахтгарди Амрикои Ҷанубӣ) аст. Ин рӯз соли 2010 таъсис ёфтааст.

Коҳилак яке аз ҳайвоноти ҷолиб ва ғайриодии ҷаҳон аст. Он бо ҳаракати сусташ маъруф аст, вале ин хусусият на нишонаи танбалӣ, балки усули сарфаи энергия тафсир шудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 20 ОКТЯБРИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 6+11º гарм, рӯзона 18+23º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0+5º гарм, рӯзона 13+18º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 9+14º гарм, рӯзона 25+30º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 8+13º гарм, рӯзона 20+25º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 9+14º гарм, рӯзона 23+28º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6º гарм, рӯзона 19+24º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат борида, дар шарқи вилоят борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 1+6º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 9+11º гарм, рӯзона 15+20º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 23+25º гарм, дар шарқи вилоят шабона 8-13º хунук, рӯзона 7+12º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  камабри бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 10+12º гарм, рӯзона 25+27º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои камабри бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 8+10º гарм, рӯзона 21+23º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 10+12º гарм, рӯзона 24+26º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 3+5º гарм, рӯзона 18+20º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...