“Харбуза” хеле гарон аст”. Чаро касе намехоҳад чойхонаи маъруф дар Ҳисорро харад ва арзиши он чанд аст?

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Бинои чойхонаи миллии маъруф ба “Харбуза” дар шаҳри Ҳисор, ки 10 сол пеш дар ин рӯз ифтитоҳ гардида, самаранок истифода нашуд, ҳоло ба фурӯш гузошта шудааст, аммо беш аз як сол аст, ки харидор намеёбад. Як масъули фурӯши ин чойхона гуфт, ки бо сабаби нархи баланд ягон нафар ба хариди ин бино “ҳавасманд нашуданд”.

 

Нархи “Харбуза” чанд аст ва чаро касе онро намехарад?

Бинои “Чойхонаи миллӣ”, ки намуди зоҳириаш ба харбуза монанд аст, даҳ сол пеш, 27-уми октябри соли 2015, ба ифтихори 3000-солагии шаҳри Ҳисор бунёд шуд. Он замон гуфта мешуд, ки дар ин бино 100 нафар бо кор таъмин мешаванд ва он маркази ош ташкил мешавад, аммо ҳеҷ яке аз ин нақшаҳо амалӣ нашуд ва соли 2024 бинои “Харбуза” ба фурӯш гузошта шуд.

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ арзиши биноро 34,9 миллион сомонӣ (беш аз 3 миллион доллар) муайян кард.

Як корманди Раёсати хусусигардонӣ ва дороиҳои давлатии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бидуни зикри ном ба “Азия-Плюс” гуфт, ки дар ин муддат “ягон кас ба хариди чойхонаи “Харбуза” ҳавасманд нашудааст”.

“Нархи муайяншудаи чойхонаи “Харбуза” қиммат аст ва бо ин нарх то ҳол ягон нафар харидор пайдо нашудааст. Ҳар моҳ як бор музояда эълон мешавад, лекин ҳеҷ кас ҳамчун харидор ширкат намекунад. Нарх поён намешавад, ба хотире, ки бо “Агроинвестбонк” ҳисоббаробарӣ шудааст ва охирон нарх бо қарори ҳукумати кишвар тасдиқ шудааст”, – гуфт ӯ.

Дар сомонаи muzoyada-kvd.tj ягона эълон дар бораи фурӯши чойхонаи “Харбуза” 27-уми сентябри соли 2024 нашр шудааст. Минбаъд дар хусуси музоядаи ин чойхона эълоне мунташир нашудааст.

 

“Лоиҳаи ғайриоддии беҳамто”, аммо….

Бинои чойхонаи миллии “Харбуза” бо сарфи қариб 35 млн сомонӣ ва дар майдони 4,7 гектар бунёд шудааст. Тибқи маълумоти расонаҳо, Муродалӣ Алимардон, раиси пешини Бонки миллии Тоҷикистон ва роҳбари “Агроинвестбонк”, ки баъдан муфлис шуд, сармоягузори аслии он аст. Биноро 650 нафар дар муддати як сол сохтаанд.

 

Чойхона аз ду ошёна иборат буда, ошёнаи дуюмаш, ки 2000 метри мураббаъ аст, шакли харбузаро дорад. Баландии чойхона 43 метр, дарозиаш 100 метр, бараш 55 метр мебошад. Гуфта мешуд, ки дар ошёнаи якум панҷ ошхона, дар ошёнаи дуюми он барои 1 ҳазору 300 меҳмон ҷой пешбинӣ шудааст.

Ба ин макон бештар сокинону сайёҳони хориҷӣ барои тамошо мерафтанд. Бар иддаои мақомот баъди ифтитоҳи чойхона бояд 100 нафар бо кор таъмин мешуданд, аммо ба қавли сокинон, ин чойхона баъди ифтитоҳ се моҳ фаъолият кардаасту халос.

Баъди муфлис шудани “Агроинвестбонк” чойхона ба ҳисоби давлат мусодира ва баъдан ба фурӯш гузошта шуд.

 

Ваъдаи табдили чойхонаи “Харбуза” ба “маркази ош” низ амалӣ нашуд

Соли 2020 Шарифҷон Ҷумъазода, раиси пешини шаҳри Ҳисор гуфта буд, ки  дар чойхонаи “Харбуза”, “маркази бузурги омода намудани оши палави тоҷикӣ” фаъол мешавад.

“Бо мақсади  ташкили маркази  омода намудани оши палави тоҷикӣ ният дорем беҳтарин ошпазҳои касбиро аз саросари ҷумҳурӣ ҷамъ намоем, то ба мизоҷон ва дигар меҳмонони хориҷӣ, ки ба шаҳри Ҳисор меоянд, дар сатҳи баланд хизмат расонанд”, – гуфта буд Ҷумъазода.

Аммо ин ваъдаи ӯ низ бо сабабҳои ба расонаҳо номаълум амалӣ нагардид. Коршиносон яке аз далели нокомии иншооти мазкурро ба сарфи назар шудани таҳлили дурусти суду зиён ва мавқеи ҷойгиршавии он рабт медиҳанд. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...