Боздошти як ӯзбекистонӣ бо гумони қочоқи асъори хориҷӣ ба Тоҷикистон

Дар вилояти Тошканди Ӯзбекистон марди 34-солае бо гумони қочоқи асъори хориҷӣ ба Тоҷикистон боздошт шудааст. Ба иттилои Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон, ин мард ҳангоми интиқоли маблағ дар дидбонгоҳи сарҳадии “Фарҳод” дастгир шуда, аз ӯ беш аз 428 ҳазору 700 доллар (ба қурби ҳозираи сӯм ба доллар) бо асъори гуногун дарёфт ва мусодира шудааст. Ба гуфтаи ин ниҳод, боздоштшуда […]

Дар вилояти Тошканди Ӯзбекистон марди 34-солае бо гумони қочоқи асъори хориҷӣ ба Тоҷикистон боздошт шудааст. Ба иттилои Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон, ин мард ҳангоми интиқоли маблағ дар дидбонгоҳи сарҳадии “Фарҳод” дастгир шуда, аз ӯ беш аз 428 ҳазору 700 доллар (ба қурби ҳозираи сӯм ба доллар) бо асъори гуногун дарёфт ва мусодира шудааст.

Ба гуфтаи ин ниҳод, боздоштшуда бо мақсади интиқоли ғайриқонунии маблағ 140 ҳазору 700 сомонӣ, 180 миллион сӯми ӯзбекӣ ва 18 миллиону 680 ҳазору 300 рубли русиро ба 34 шаҳрванди Ӯзбекистон тақсим кардааст. 

Ба иттилои мақомот, ҳамаи ин шаҳрвандон низ дар дидбонгоҳи сарҳадии “Фарҳод”, воқеъ дар шаҳри Бекободи ин кишвар боздошт шудаанд.

Манбаъ шахсияти боздоштшударо ошкор накарда, танҳо гуфтааст, ӯ сокини 34-солаи шаҳри Бекободи Ӯзбекистон аст. Ҳангоми тафтишот танҳо аз нақлиёти сабукрави худи ӯ 24 ҳазору 107 сомонии тоҷикӣ, 13 миллиону 538 ҳазору 305 рубли русӣ, 885 евро, 300 доллари амрикоӣ, 300 юани чинӣ, 6 ҳазору 840 соми қирғизӣ ва 10 миллиону 207 ҳазор суми ӯзбекӣ дарёфт ва ҳамчун далел ба расмият дароварда шудааст.

Ба иттилои Хадамоти амнияти давлатии ин кишвар, алайҳи гумонбаршуда бар асоси банди “а”, қисми 2-и моддаи 182-и Кодекси ҷиноии Ӯзбекистон барои  вайрон кардани қонунгузории гумрук парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Гумонбаршуда ҳоло дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, тафтишот идома дорад. Назари боздоштшуда ба ин иттиҳоми мақомот маълум нест. Ҳамчунин маълум нест, ки нисбати 34 шаҳрванди дигари боздоштшуда чӣ чора андешида шудааст. 

Бояд гуфт, тибқи қонунгузории Тоҷикистон, шаҳрвандони кишвар ва хориҷиён то 3 ҳазор долларро бидуни зикри маблағ дар эъломия аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар бароварда метавонанд. Дар сурати беш аз 3 то 10 ҳазор сомонӣ будани маблағ мусофир бе пешниҳоди ҳуҷҷатҳои иҷозатномавӣ бояд эъломияи хаттӣ пур кунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.