Пойгоҳи рақамии “Maktabmobile.tj” барои хонандагону омӯзгорон. Он чӣ имконот дорад ва чӣ тавр аз он истифода бояд кард?

Дар бархе мактабҳои Тоҷикистон пойгоҳи миллии таълимии “Maktabmobile.tj” ба таври расмӣ мавриди озмоиши аввалия қарор гирифтааст. Вазорати маорифи кишвар бо нашри баёнияе аз муаррифии ин барнома дар шаҳрҳои Бохтару Хуҷанд ва мавриди озмоиши ибтидоӣ қарор гирифтани пойгоҳ иттилоъ дода, гуфтааст, пойгоҳи ҷадид ба омӯзгорон ва хонандагон имконият фароҳам меорад, ки дар муҳити ягонаи рақамӣ фаъолият […]

Дар бархе мактабҳои Тоҷикистон пойгоҳи миллии таълимии “Maktabmobile.tj” ба таври расмӣ мавриди озмоиши аввалия қарор гирифтааст. Вазорати маорифи кишвар бо нашри баёнияе аз муаррифии ин барнома дар шаҳрҳои Бохтару Хуҷанд ва мавриди озмоиши ибтидоӣ қарор гирифтани пойгоҳ иттилоъ дода, гуфтааст, пойгоҳи ҷадид ба омӯзгорон ва хонандагон имконият фароҳам меорад, ки дар муҳити ягонаи рақамӣ фаъолият кунанд.

Мо аз Маркази ҷумҳуриявии таҳлил, иттилоот ва технологияҳои рақамӣ маълум кардем, ки ин чӣ гуна пойгоҳ асту ба омӯзгорону хонандагон ва волидони онҳо кадом имконотро фароҳам меорад ва шеваи истифода аз он чӣ гуна аст.

Зикр кардан ба маврид аст, ки барнома бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ фаъол буда, корбарон метавонанд баъди сабти ном забони ба худ мувофиқро интихоб кунанд. Ҳоло танҳо қадамҳои вуруд ва сабти ном бо забони русӣ мебошанд. 

"Барнома ҳанӯз коркард мешавад ва қадам ба қадам қисмати вурудро низ бо забони тоҷикӣ танзим мекунанд", – гуфтанд аз Вазорати маориф ва илми кишвар.

Аз ин марказ ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ин пойгоҳи миллии рақамӣ бори аввал соли 2020 аввал дар 5 мактаби шаҳри Душанбе ҷорӣ гардида, қарор шуд, ки дар дигар макотиби пойтахт ва тамоми кишвар паҳн карда шавад. Ба иттилои манбаъ, барнома имрӯз дар шаҳрҳои Бохтару Хуҷанд ба таври таҷрибавӣ ба истифода дода шуд ва ҳадафи он санҷидани самаранокии он дар шароити воқеӣ ва омодагӣ барои васеъ ҷорӣ намудани он дар саросари Тоҷикистон аст.

 

Ин чӣ гуна пойгоҳ аст?

Maktabmobile.tj”, ки ҳам дар шакли пойгоҳ дар воситаҳои ҷустуҷӯӣ ва ҳам дар пойгоҳи боргирии Google Play дастрас аст, ба хонандагон аз тамоми гӯшаҳои кишвар имкон медиҳад, ки ба маводи таълимӣ ва китобу супоришҳо дастрасӣ дошта бошанд.

Ҳамчунин, манбаъ гуфт, барнома машқҳои амалӣ, наворҳои таълимӣ ва лавҳаи омӯзиши инфиродӣ (Dashboard) пешниҳод мекунад, ки ба хонандагон имкони берун аз синф бо суръати худ таҳсил карданро медиҳад. Тавассути ин пойгоҳ иртиботи хонанда бо омӯзгор ва дастрасӣ ба маводи таълимӣ бемаҳдуд мегардад. Ҳамчунин, волидон низ имкон пайдо мекунанд, ки аз раванди таълими фарзандони худ огоҳ бошанд.

 

Барнома ба омӯзгорон чӣ имкониятҳо медиҳад?

Барои омӯзгорон низ ин пойгоҳ имкон фароҳам меорад, ки дарсҳоро ба таври ҷолибу муосир баён кунанд. Дар он дарсҳо бо унсурҳои гуногуни чандрасонаӣ (навор, аниматсия, акс, сабтҳои овозӣ) тавсиф мешаванд ва супоришҳои интерактивӣ дода мешаванд. Омӯзгор ҳамчунин метавонад тариқи он вазифа диҳад, иҷрои супоришро пайгирӣ ва баҳогузорӣ кунад.

 

Оё барои истифодаи он дастрасӣ ба интернет зарур аст?

Барои дастрасӣ ба маводҳои таълимӣ дар пойгоҳи “Мактаб Мобайл” ва боргирии он пайваст будан бо интернет зарур аст, аммо баъди зеркашии он метавон бидуни интернет аз он истифода кард. Яъне хонанда маводро пешаки зеркашӣ намуда, бидуни интернет истифода мебарад ва натиҷаҳо баъдан ҳамоҳанг мешаванд. Ин барнома дар ҳама гуна дастгоҳҳо – компютер, планшет ва телефонҳои ҳамроҳ имкони истифода дорад.

 

Чӣ гуна хонандагон аз “Мактаб Мобайл” истифода мебаранд?

Барои истифода ва сабти номи худ дар барномаи “Мактаб Мобайл” ҳамчун хонанда қадамҳои зеринро бояд иҷро кард:

Қадами аввал: Зеркашӣ ва насби барнома. Ба пойгоҳи боргирии Google Play (Play Market) дар дастгоҳи худ ворид шуда, “Мактаб Мобайл”-ро пайдо карда, зеркашӣ ва насб намоед.

Қадами дуюм: Гирифтани рамзи синф. Пас аз насби барнома, аз омӯзгори синфи худ рамзи пайвастшавӣ ба синфро дархост кунед. Омӯзгор қаблан синфи шуморо дар система сабти ном мекунад ва барои он рамзи махсус мегузорад. Шумо бояд ин рамзи синфро аз муаллими худ бигиред, то ба синфи худ дар барнома пайваст шавед.

Қадами сеюм: Сабти ном дар барнома: Ба барнома дохил шуда, бо ворид кардани номи худ ва маълумоти тамос сабти ном кунед. Ҳангоми сабти ном, барнома аз шумо дохил кардани рамзи синферо талаб мекунад, ки омӯзгор додааст. Рамзро ворид намуда, ба синфи худ пайваст шавед. Пас аз бақайдгирӣ, саҳифаи шахсии шумо дар “Мактаб Мобайл” эҷод мегардад.

 

Қадами чорум: Дидани супоришҳои дарсӣ: Баъд аз сабти ном, шумо метавонед супоришҳо ва дарсҳои таъинкардаи муаллими худро бубинед. Барои ин, ба бахши Classes (Синфҳо) дар дохили барнома даромада, синфи худро интихоб ва ҷадвали “Classwork”-ро боз кунед. Дар экран рӯйхати супоришҳои дарсӣ ва вазифаҳо барои синфи шумо пайдо мешаванд. Шумо метавонед вазифаи хонагӣ, тест ё корҳои дигареро, ки омӯзгор ҷойгир кардааст, дар ҳамин қисмат пайдо кунед.

Қадами панҷум: Иҷро ва фиристодани ҷавобҳо: Супоришро интихоб намуда, рӯяш ангушт занед ва тафсилоти супоришҳо пайдо мешаванд. Барнома ҳамчунин метавонад барои ҳар супориш маводи иловагӣ (масалан, китобҳои электронӣ, навор ё ҳуҷҷатҳо), ки омӯзгор ҷойгир кардааст, пешниҳод мекунад, ки шумо метавонед аз и мваои таълимӣ омӯзед. Пас аз иҷро кардани вазифа, ҷавоб ё “файл”-и худро ба воситаи ҳамон бахши супориш дар барнома боргузорӣ ё ирсол намоед. Барои фиристодани ҷавоб тугмаи махсус вуҷуд дорад. Барои баъзе супоришҳо шумо метавонед мустақиман дар дохили барнома матни ҷавобро ворид кунед ва фиристед.

Қадами шашум: Бозбинии пешрафт ва баҳоҳо. Барои назорат кардани натиҷаҳои худ низ метавонед дар бахши Classwork шинос шавед. Барнома баъди ҳар супориш нишон медиҳад, ки оё шумо онро ҷро кардаед, чӣ андоза пешрафт доред ва чӣ гуна баҳо гирифтаед. Шумо метавонед аз пешрафти умумии худ ва баҳои аз омӯзгор гирифтаатон дар зери ҳар як супориш ё дар қисми Progress шинос шавед. Ин имконот ба шумо кӯмак мекунад, ки аз иҷрои вазифаҳои худ ва баҳоҳои гирифтаатон хабардор бошед.

Тартиби боло барои истифодаи хонандагон аз пойгоҳи раақамии “Мактаб Мобайл” буд. Бояд гуфт, барои истифодаи хонандагону волидони онҳо аз барнома омӯзгор бояд аввал синф эҷод намуда, рамз ҷудо кунад ва волидон метавонанд бо истифода аз рамзи синфи фарзандашон пайваст шуда, пешрафти ӯро назорат кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.