Расонаҳо: Даргирии дуюм миёни марзбонони тоҷик бо нерӯҳои Толибон давоми ду моҳ

Date:

Ба навиштаи расонаҳои Афғонистон, дар марзи Тоҷикистон бо ин кишвар даргирии мусаллаҳона рух дода, боиси талафоти ҷонӣ шудааст. Ин задухӯрд рӯзи шанбеи 25-уми октябр дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳини Тоҷикистон бо ноҳияи Шаҳрибузурги Афғинистон ба вуқӯъ пайвастааст.

Ба иттилои манобеи рӯзномаи “8 субҳ”, ин даргирӣ рӯзи шанбе дар деҳаи Дованг байни нерӯҳои Толибон* ва марзбонони Тоҷикистон сурат гирифтааст.

Мувофиқи гузоришҳо, сабаби асосии ин даргирӣ тағйир додани самти ҷараёни об дар дарёи Омӯ (Панҷ) будааст. Ин яке аз сабабҳоест, ки пештар низ боиси танишҳои байни ду тараф гашта буд. Дарёи Омӯ марзи байни Афғонистон ва Тоҷикистонро ҷудо мекунад.

Манобеи расонаҳо таъкид мекунанд, ки ин даргирӣ дар минтақаи истихроҷи тилло рух додааст, ки ширкатҳои хориҷӣ, аз ҷумла чинӣ, дар он фаъолият мекунанд.

Ин даргирӣ талафоти ҷонӣ ба ҷо гузоштааст, аммо то ҳол теъдоди дақиқи қурбониён муайян нашудааст. Маълум нест, ки кадом ҷониб талафот дордааст.

Мақомоти Тоҷикистон то кунун ба ин ҳодиса вокуниши расмӣ накардааст. Талошҳои мо барои гирифтани назар аз Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Тоҷикистон бенатиҷа анҷомид.

Толибон ҳам расман дар бораи ин даргирӣ иттилоъе надодаанд.

Ба иттилои “8 субҳ”, дар натиҷаи ин ҳодиса мақомоти баландпояи Толибон бо Исмоил Ғазнавӣ, волии нави ин гурӯҳ дар вилояти Бадахшон, ҷаласа баргузор кардаанд. Ҳадафи ин нишаст баррасии вазъияти амниятии минтақа ва идораи оқибатҳои даргирӣ гуфта шудааст.

Волусволии Шаҳрибузург пештар низ шоҳиди даргириҳо байни нерӯҳои Толибон ва марзбонони Тоҷикистон буд.

Қаблан мақомдорони Толибон борҳо гуфта буданд, ки Сарҳади Афғонистону Тоҷикистон амн боқӣ хоҳад монд. Аз ҷумла, чанде пеш Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон, дар вокуниш ба изҳороти ахири Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, дар бораи зарурати таъмини амнияти сарҳади Афғонистон ва Тоҷикистон, эълом доштааст, ки ин марз таҳти назорат аст.

“Ҳар ду ҷониб дар ин замина масъулиятҳо доранд, мо масъулиятҳои худро ба хубӣ анҷом додаем ва дар оянда низ идома хоҳад дошт”, – гуфта буд Муҷоҳид.

Ин даргирӣ дар ҳоле рух додааст, ки чанде пеш як ҳайти мақомдорони Толибон бо роҳбарии Юсуф Вафо, раис ё худ волии Толибон дар вилояти Балх ба Душанбе омаданд ва бо Саймумин Ятимов, раиси КДАМ-и Тоҷикистон мулоқот карданд.

Инчунин, мутобиқи иттилои расонаҳои Афғонистон, Юсуф Вафо бо Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламо низ дар Душанбе дидор доштааст.

Дар ҳамин ҳол, Тоҷикистон ягона кишвар дар Осиёи Марказӣ аст, ки ба таври расмӣ мегӯяд, бо Толибон равобити мустақим надорад. Роҳбарияти Тоҷикистон аз соҳибони қудрат дар Кобул хостаанд ҳукумати ҳамашумул таъсис диҳад ва ҳуқуқи инсонро муроот кунад. Талабе, ки аксари кишварҳои ҷаҳон аз Толибон доранд.

Аммо, дар баробари ин, Тоҷикистон бо Афғонистон равобити тиҷоратӣ дорад ва кӯмакҳое ҳам ирсол мекунад. Фаъолияти сафорати Афғонистон дар Душанбе норӯшан боқӣ мондааст. Онро сафири аз сӯйи ҳукумати пешин таъиншуда роҳбарӣ мекунад. Аммо консулгарии Афғонистон дар Хоруғро намояндаи соҳибони нави қудрат дар Кобул роҳбарӣ мекунад. Дар Афғонистон бошад сафорат ва консулгарии Тоҷикистон фаъол аст.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...