Мулоқоти раиси КДАМ-и Тоҷикистон ва раиси вилояти Балхи Афғонистон дар Душанбе

Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) дар Душанбе бо Юсуф Вафо, волӣ ё раиси вилояти Балхи Афғонистон мулоқот кардааст. Дар ин мулоқот таҳкими равобит, аз ҷумла амниятӣ ва истихборотӣ, мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ ва шабакаҳои қочоқи маводир мухаддир, густариши робитаҳои фарҳангӣ, иқтисодӣ ва илмӣ суҳбат шудааст. Ба навиштаи расонаҳои Афғонистон, Юсуф Вафо […]

Asia-Plus

Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) дар Душанбе бо Юсуф Вафо, волӣ ё раиси вилояти Балхи Афғонистон мулоқот кардааст. Дар ин мулоқот таҳкими равобит, аз ҷумла амниятӣ ва истихборотӣ, мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ ва шабакаҳои қочоқи маводир мухаддир, густариши робитаҳои фарҳангӣ, иқтисодӣ ва илмӣ суҳбат шудааст.

Ба навиштаи расонаҳои Афғонистон, Юсуф Вафо пештар раиси Қандаҳор будааст ва ҳоло яке аз афроди наздики раҳбари Толибон* аст. Сухангӯи волии Балх ба расонаҳои Афғонистон гуфтааст, ки Юсуф Вафо бо даъвати Тоҷикистон ба Душанбе сафар кардааст.

Дар бораи ин мулоқот мақомоти расмии Тоҷикистон иттилоъ надодаанд. Талоши “Азия-Плюс” барои дастрас кардани тафсилоти ин мулоқот дар мақомоти Тоҷикистон бесамар буд.

Расонаҳои Афғонистон аз қавли сухангӯи волии Балх навиштанд, ки Юсуф Вафо рӯзи 23-уми октябр ба Тоҷикистон сафар карда, дар суҳбат бо мақомоти тоҷик хостори таҳкими равобит шудааст. Ӯ баландтарин мақомдори Толибон аст, ки дар чор соли ҳукумати ин гурӯҳ бар Афғонистон, ба Тоҷикистон сафар мекунад.

Телевизиони “Ому” аз қавли сухангӯи волии Балх хабар додааст, ки “Юсуф Вафо афзуд, ду тараф бояд равобити дипломатӣ, исломӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, тиҷоратӣ ва илмӣ барқарор кунанд ва барои таҳкими онҳо талош кунанд”.

Ӯ зикр кардааст, ки рушди равобити иқтисодӣ ва илмии миёни Толибон ва кишварҳои ҳамсоя метавонад ба муваффақияти иқтисодии Афғонистон саҳм гузорад ва ба ҳамкориҳои минтақавӣ мусоидат кунад.

Волии Толибон ҳамчунин иддао кардааст, ки амният ва субот дар Афғонистон ба нафъи ин кишвар ва кишварҳои ҳамсоя аст ва кишварҳои минтақа бояд бо терроризм якҷоя мубориза баранд.

Ба навиштаи “Afghanistan International”, Юсуф Вафо таъкид кардааст, ки “мо хоки худро алайҳи ҳеҷ кишваре истифода намебарем ва ба касе иҷоза намедиҳем”. Ӯ зикр кардааст, ки “Толибон қабл аз тасарруфи Афғонистон дар мубориза бо ДИИШ қурбониҳои зиёде кардаанд ва ҳоло онҳо аз фаъолияти ДИИШ ҷилавгирӣ мекунанд ва намегузоранд, ки минтақа ноором шавад”.

Ин расона бо такя ба дафтари матбуоти волии Балх зикр кардааст, ки “вазири истихбороти Тоҷикистон итминон додааст, ки Тоҷикистону Афғонистон ҳамчун ду кишвари бародар дар сулҳу дӯстӣ зиндагӣ хоҳанд кард”.

Ба навиштаи ин расона, раиси КДАМ-и Тоҷикистон гуфтааст, ки “мо намегузорем, ҳеҷ як унсури бадӣ аз хоки мо барои таҳдид ба Афғонистон истифода кунад”.

Юсуф Вафо ҳамчунин пешниҳод кардааст, ки раванди додани раводид барои шаҳрвандони Афғонистон соддатар шуда, хароҷоти он коҳиш дода шавад.

Бояд гуфт, ин аз камтарин мулоқотҳои мақомдорони тоҷик бо намояндагони расмии Афғонистони зери идораи Толибон аст. Пештар аз ин, моҳи сентябри соли 2024 расонаҳои Афғонистон аз як мулоқоти Саймумин Ятимов бо раҳбарони мақомоти истихборотӣ ва низомии Толибон дар Кобул хабар доданд. Он замон ҳам мақомоти Тоҷикистон ин мулоқотро шарҳ надода буданд.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон ягона кишвар дар Осиёи Марказӣ аст, ки ба таври расмӣ мегӯяд бо Толибон равобити мустақим надорад. Роҳбарияти Тоҷикистон аз соҳибони қудрат дар Кобул хостаанд ҳамашумул таъсис диҳад ва ҳуқуқи инсонро муроот кунад. Талабе, ки аксари кишварҳои ҷаҳон аз Толибон доранд.

Аммо дар баробари ин, Тоҷикистон бо Афғонистон равобити тиҷоратӣ дорад ва кӯмакҳое ҳам ирсол мекунад. Фаъолияти сафорати Афғонистон дар Душанбе норӯшан боқӣ мондааст. Онро сафири аз сӯйи ҳукумати пешин таъиншуда роҳбарӣ мекуна. Аммо консулгарии Афғонистон дар Хоруғро намояндаи соҳибони нави қудрат дар Кобул роҳбарӣ мекунад.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.