Низом Қосим дар вазифаи раиси Иттифоқи нависандагон боқӣ мемонад?

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дар Анҷумани навбатии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (ИНТ), ки имрӯз, 11-уми ноябр баргузор мегардад, раис, муовинони ӯ ва аъзоёни Раёсати иттиҳодия аз нав интихоб мешаванд. Инчунин, интизор меравад, ки ба Оинномаи ИНТ таъйирот ворид шавад.

Дар ин бора аз Иттифоқи нависандагон ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфтанд, ки Анҷумани XVI-и ИНТ соати 9:00 дақиқа оғоз мешавад.

“Дар анҷуман ҳисоботи 5-солаи Низом Қосим ҳамчун раиси Иттифоқи нависандагон шунида мешавад. Пас аз он, аъзоёни Комиссияи тафтишот дар бораи фаъолити ИНТ дар 5 соли охир ҳисобот медиҳанд. Баъд аз ин, раис ва муовинони ӯ, инчунин аъзои Раёсати Иттифоқи нависандагон аз нав интихоб мешаванд”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Тибқи Оинномаи дар ҳоли ҳозир амалкунанда ҳайати роҳбарияти Иттифоқи нависандагон то 2 маротиба ҳақ доранд номзадии худро гузоранд. Яъне, як шахс наметавонад бори сеюм раис ё муовини раиси Иттифоқи нависандагон интихоб шавад.

 

Низом Қосим боз раиси ИН интихоб мешавад?

Низом Қосим бори аввал соли 2015 раиси Иттифоқи нависандагон интихоб шуд ва соли 2020 низ ин маснадро нигоҳ дошт. Ӯ дигар раиси ин иттиҳодия интихоб намешавад?

Ба ин савол худи Низом Қосим ба “Азия-Плюс” посух дод. Раиси феълии ИН гуфт, ки дар Анҷумани навбатӣ ба Оиннома интизор меравад, ки тағйирот ворид шавад.

“Чанд пешниҳоди тағйирот ба Оиннома ҳаст. Ҳоло як нафар ҳақ дорад ду мароитиба раиси ИН интихоб шавад. Инчунин, нафаре аъзои иттифоқ мешавад, ки аз синни 55 боло набошад. Комиссия ин ду масъаларо баррасӣ доранд ва инҳо дар Анҷуман ба овоз гузошта мешаванд. Дар сурати қабул, ба Оиннома тағйирот ворид шуда, ҳар дуи ин маҳдудият бардошта мешавад”, – иброз дошт Низом Қосим.

Дар ҳамин ҳол, ӯ дақиқ нагуфт, ки дар сурати тағйирот ба Оиннома бори сеюм номзадиашро пешниҳод мекунад ва ё на.

 

Ато Мирхоҷа аз соли 2015 ба ин сӯ муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагон аст. Маълум нест, ки дар сурати пазируфтани тағйирот, ӯ низ бори сеюм номзадиашро ба ин курсӣ пешниҳод мекунад ё на.

Ҳоло Равшан Махсумзод муовини раиси Иттифоқи нависандагон аст ва ӯ соли 2020 ба ин маснад интихоб шудааст. Ӯ имкон дорад, ки бори дигар номзадиашро ба ин вазифа пешбарӣ кунад.

 

Аз таърихчаи Иттифоқи нависандагон

Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон соли 1934 таъсис ёфтааст ва то кунун онро Абулқосим Лоҳутӣ, Саид Носиров, Нодир Шанбезода, Сотим Улуғзода, Мирзо Турсунзода, Муъмин Қаноат, Аскар Ҳаким, Меҳмон Бахтӣ ва Низом Қосим раҳбарӣ кардаанд.

Ин иттиҳодия дар замони шӯравӣ яке аз ниҳодҳои муътабари ҷамъиятӣ дониста мешуд ва раиси он дар ҷомеа аз мақом ва нуфузи болое бархӯрдор буд. Хусусан замони раисии шоирони варзидае чун Мирзо Турсунзода ва Муъмин Қаноат он яке аз ниҳодҳои муҳими идеологии Тоҷикистони Шӯравӣ ба ҳисоб мерафт.

Дар соли 1991 интихоби раиси ин ниҳод яке аз пурбаҳстарин интихобот буд ва он замон Лоиқ Шералӣ ва Аскар Ҳаким номзади асосӣ буданд. Интихобот бо пирӯзии Аскар Ҳаким натиҷагирӣ шуд.

Роҳбарияти Иттифоқи нависандагон аз раис, ду нафар ҷонишин ва ҳайати раёсат иборат аст, ки дар анҷумани нависандагон интихоб мешаванд.

Дар назди раёсати ИН бахшҳои назм, наср, драматургия, адабиёти кӯдакону наврасон, танқиди адабӣ, тарҷума ва робитаҳои адабӣ, адабиёти русизабону ӯзбекзабон босамар фаъолият мебаранд.

Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ҳамчунин, эҷодкорони халқҳои гуногунеро, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ ва эҷод мекунанд, пайваста сарҷамъу муттаҳид медорад.

Ин иттиҳод асосан аз буҷаи давлат маблағгузорӣ мешавад.

Маҷаллаи адабии миллии “Садои Шарқ”, маҷаллаи русии “Помир” ва ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” нашрияҳои махсуси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...