Маоши миёна дар Тоҷикистон боло рафт, аммо дар пардохти он мушкил пеш омад

Дар моҳи августи соли 2025 маоши миёнаи кормандони кироя дар Тоҷикистон 2468 сомониро ташкил дод. Тибқи маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, ин нишондиҳанда 8,4% зиёдтар нисбат ба моҳи августи соли гузашта аст. Тайи соли ахир музди меҳнат аз ҳама бештар дар бахши воқеии иқтисод – 15% зиёд шудааст. Болоравии зиёдтар дар саноати коркард ба қайд гирифта […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар моҳи августи соли 2025 маоши миёнаи кормандони кироя дар Тоҷикистон 2468 сомониро ташкил дод. Тибқи маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, ин нишондиҳанда 8,4% зиёдтар нисбат ба моҳи августи соли гузашта аст.

Тайи соли ахир музди меҳнат аз ҳама бештар дар бахши воқеии иқтисод – 15% зиёд шудааст. Болоравии зиёдтар дар саноати коркард ба қайд гирифта шуда, маоши миёна ба 2925 сомонӣ расидааст. Дар бахши кишоварзӣ, соҳаҳои ҷангал ва моҳидорӣ маош 14% афзуда, 1192 сомониро ташкил додаанд. Дар соҳаи сохтмон музди меҳнат 13,6% зиёд шуда, ба 3778 сомонӣ расидааст.

Даромади аз ҳама зиёдтар мисли пешин дар кормандони бахши молия ба қайд гирифта шудааст. Маоши миёнаи онҳо 18,4% афзуда, 7592 сомониро ташкил додааст. Дар соҳаи иттилоот ва алоқа сатҳи афзоши ҳудуди 6%-ро ташкил дода, маоши миёна ба 6535 сомонӣ баробар шудааст.

Болоравии нисбатан камтар дар соҳаи иҷтимоӣ ба назар мерасад. Дар соҳаи тандурустӣ ва хидматрасонии иҷтимоӣ музди меҳнат ҳамагӣ 1,3 ва дар соҳаи маориф – 4,1% афзудааст.

Маоши баланд дар минтақаҳо тариқи зайл аст:

– дар Душанбе — 3526 сомонӣ;

– дар Ноҳияҳои тобеи марказ — 3104 сомонӣ;

– дар вилояти Суғд — 2213 сомонӣ;

– дар вилояти Хатлон — 1930 сомонӣ;

– дар ВМКБ — 1733 сомонӣ.

Маоши ҳадди ақалл дар Тоҷикистон 1000 сомонӣ муқаррар шудааст.

Бо вуҷуди болоравии умумии маошҳо дар кишвар, дар пардохти он мушкилот дида мешавад. То охири моҳи августи соли 2025 қарз аз пардохти маош қариб 25,7 млн сомониро ташкил додааст. Қарзи аз ҳама зиёдтар дар саноати истихроҷ – зиёда аз 10,9 млн сомонӣ, бахши кишоварзӣ – 5,6 млн сомонӣ, инчунин соҳаи нақлиёт – 5,4 млн сомонӣ ҷамъ шудааст.

Коршиносон зикр мекунанд, ки афзоиши даромад нобаробар аст: маош аз ҳама босуръат дар соҳаҳои саноат, сохтмон ва молия ва аз ҳама сустттар – дар соҳаҳои буҷетӣ боло меравад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.