Қариб 87% муҳоҷирон имтиҳони забони русиро хуб супоридаанд

Date:

Қариб 87 дарсади муҳоҷирон тавонистаанд имтиҳони забони русиро супоранд. Ин имтиҳон дар семоҳаи сеюми соли 2025 (июл–сентябр) баргузор гардидааст. Дар ин бора Вазорати маориф ва илми Русия ба “РИА Новости” хабар додааст.

Дар ин давра 275 ҳазору 609 нафар аз забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Русия имтиҳон супоридаанд.

“Аз ин шумора, 86,9 дарсад имтиҳонро бомуваффақият гузаштанд. Ҳамзамон, 35,1 дарсад аз кӯшиши аввал дар имтиҳон муваффақ нашуданд”, – гуфта мешавад дар хабар.

Бояд гуфт, ин аттестатсия дар се сатҳ гузаронида мешавад:

– сатҳи аввал – барои гирифтани иҷозати кор дар ҳудуди Русия (патент);

– сатҳи дуюм – барои гирифтани иҷозати иқомати муваққатӣ (РВП);

– сатҳи сеюм – барои гирифтани иҷозати иқомати доимӣ (ВНЖ).

Ҳар як имтиҳон аз се бахш иборат аст. Ба бахши аввал танҳо санҷиши донишҳои забони русӣ дохил мешавад. Бахшҳои дуюм ва сеюм бошад, санҷиши донишҳои таърихи Русия ва асосҳои қонунгузориро дар бар мегиранд.

Дар хабар омадааст, ки имкони супоридани имтиҳон дар 203 нуқта дар қаламрави Русия ва Тоҷикистону Ӯзбекистон фароҳам шудааст. Ба шумори онҳо 88 донишгоҳи Русия дохил мешаванд, ки аз ин миён 82-тои онҳо ба Вазорати маориф ва илми Русия тобеъанд.

Муҳоҷирони тоҷик дар “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ”-и Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон имкони супоридани ин имтиҳонро доранд.

Ёдрас мешавем, ки қаблан муовини вазири маорифи Русия Константин Могилевск гуфта буд, ки аз соли 2026 имтиҳони забони русӣ, таърих ва асосҳои ҳуқуқ барои муҳоҷирон ба тариқи фосилавӣ гузаронида мешавад. Имконияти ҷорӣ намудани қисми шифоҳии имтиҳон ҳоло мавриди баррасӣ қарор дорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...