Қариб 87% муҳоҷирон имтиҳони забони русиро хуб супоридаанд

Қариб 87 дарсади муҳоҷирон тавонистаанд имтиҳони забони русиро супоранд. Ин имтиҳон дар семоҳаи сеюми соли 2025 (июл–сентябр) баргузор гардидааст. Дар ин бора Вазорати маориф ва илми Русия ба “РИА Новости” хабар додааст. Дар ин давра 275 ҳазору 609 нафар аз забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Русия имтиҳон супоридаанд. “Аз ин шумора, 86,9 дарсад имтиҳонро бомуваффақият […]

Нодира Собирзод, махсус барои “Asia Plus”

Қариб 87 дарсади муҳоҷирон тавонистаанд имтиҳони забони русиро супоранд. Ин имтиҳон дар семоҳаи сеюми соли 2025 (июл–сентябр) баргузор гардидааст. Дар ин бора Вазорати маориф ва илми Русия ба “РИА Новости” хабар додааст.

Дар ин давра 275 ҳазору 609 нафар аз забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Русия имтиҳон супоридаанд.

“Аз ин шумора, 86,9 дарсад имтиҳонро бомуваффақият гузаштанд. Ҳамзамон, 35,1 дарсад аз кӯшиши аввал дар имтиҳон муваффақ нашуданд”, – гуфта мешавад дар хабар.

Бояд гуфт, ин аттестатсия дар се сатҳ гузаронида мешавад:

– сатҳи аввал – барои гирифтани иҷозати кор дар ҳудуди Русия (патент);

– сатҳи дуюм – барои гирифтани иҷозати иқомати муваққатӣ (РВП);

– сатҳи сеюм – барои гирифтани иҷозати иқомати доимӣ (ВНЖ).

Ҳар як имтиҳон аз се бахш иборат аст. Ба бахши аввал танҳо санҷиши донишҳои забони русӣ дохил мешавад. Бахшҳои дуюм ва сеюм бошад, санҷиши донишҳои таърихи Русия ва асосҳои қонунгузориро дар бар мегиранд.

Дар хабар омадааст, ки имкони супоридани имтиҳон дар 203 нуқта дар қаламрави Русия ва Тоҷикистону Ӯзбекистон фароҳам шудааст. Ба шумори онҳо 88 донишгоҳи Русия дохил мешаванд, ки аз ин миён 82-тои онҳо ба Вазорати маориф ва илми Русия тобеъанд.

Муҳоҷирони тоҷик дар “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ”-и Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон имкони супоридани ин имтиҳонро доранд.

Ёдрас мешавем, ки қаблан муовини вазири маорифи Русия Константин Могилевск гуфта буд, ки аз соли 2026 имтиҳони забони русӣ, таърих ва асосҳои ҳуқуқ барои муҳоҷирон ба тариқи фосилавӣ гузаронида мешавад. Имконияти ҷорӣ намудани қисми шифоҳии имтиҳон ҳоло мавриди баррасӣ қарор дорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.