Ҷашнвора-озмуни “Андалеб-2025”: Шоҳҷоиза ба “Дастаи ҳаваскори санъат” аз ноҳияи Шоҳмансур тақдим шуд

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

“Дастаи ҳаваскори санъат” аз ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе шоҳҷоизаи Ҷашнвора-озмуни “Андалеб-2025”-ро, ки дирӯз, 29-уми окябр, ҷамъбаст шуд, соҳиб шуд. Чанд дастаи ҳунарии дигар ҳам ҷойҳои ифтихориро гирифтанд.

Фестивал-озмуни “Андалеб-2025” аз рӯйи 12 номинатсия, аз ҷумла ҳунарҳои бадеии халқӣ, суруди ҳамсароён, навозиши умумӣ, навозиши якка, рақси якка, хор, намоиши либосҳои миллӣ, намоиши порча аз ҷашну анъанаҳои мардумӣ, сурудҳои анъанавӣ, бахши ҳаҷвӣ ва ғайра баргузор шуд.

Шоҳҷоизаи озмунро “Дастаи ҳаваскори санъат” аз ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе соҳиб шуданд.

Ба мақоми аввал ҳунармандони шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон сазовор дониста шуданд. Ҷойи дуюм насиби дастаҳои ҳаваскорони санъати ноҳияҳои  Муъминобод, Файзобод ва шаҳри Панҷакент шуд. Зинаи сеюм ба ҳаваскорони ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Рӯшон ва шаҳри Ҳисор дода шуд.

 

Маросими ҷамъбасти Ҷашнвора-озмуни “Андалеб-2025” дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев бо садои карнаю доира дар фазои идона оғоз гардид. Ҳунармандон аз вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва ноҳияҳои тобеи кишвар ва шаҳри Душанбе ҳунарҳои чакандӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, тоқидӯзӣ, ҷӯроббофӣ, либосҳои миллӣ ва созу асбобҳои мусиқиро дар ғурфаҳои худ ба намоиш гузоштанд.

Матлубахон Сатториён, вазири фарҳанги Тоҷикистон, Давлат Сафар, муовини вазири фарҳанг ва дигар намояндагони вазорату кумитаҳои кишвар аз намоишгоҳ боздид карданд. Дар баробари ин, занону модарон имкон пайдо карданд, ки маҳсули писандидаашонро аз ин намоишгоҳ харидорӣ кунанд.

Дар идома маросими ҷоизасупорӣ бо пешниҳоди барномаҳои фарҳангӣ бо ширкати сарояндагон ва  дастаҳои ҳунарӣ оғоз гардид. Дастаи ҳавакорон аз минтақаҳои ҷумҳурӣ навъҳои гуногуни рақси миллӣ, аз ҷумла “Рақси табақ”, “Рақс бо қошуқ”, “Рақси Зарафшонӣ”, “Рақси бадахшонӣ” ва “Рақс бо доира”-ро иҷро карданд. Ҳамчунин занони ҳунарманд аз шаҳри Панҷакент дар саҳна “рағзабофӣ” карда ин намуди ҳунари дастиро дар зери оҳанги созу наво ба тамошобинон муаррифӣ карданд.

 

Бояд гуфт, ба даври ҷамъбастии Фашнвора – озмуни “Андалеб-2025”, ки аз 20 то 25-уми октябр дар Душанбе баргузор шуд, ҳунармандон аз 12 шаҳру навоҳии кишвар роҳ ёфтанд. Озмун аз моҳи июн то моҳи октябр дар се давр гузаронида шуд.

Ҳадафи ҷашнвораи мазкур дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъат, рушди фаъолияти дастаҳои ҳунарӣ ва ҷалби мардум ба фарҳангу ҳунар арзёбӣ мешавад.

“Андалеб” – ҷашнвора-озмуни ҷумҳуриявӣ буда дар ду сол як маротиба баргузор мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...