Дар Тоҷикистон гӯшт гарону мева арзон мешавад

Дар давраи аз моҳи сентябри соли 2024 то сентябри соли 2025 нархи маҳсулоти истеъмолӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна ба андозаи 2,2%  боло рафтанд. Дар ин бора Агентии омори ҷумҳурӣ хабар медиҳад. Болоравии нарх дар навбати аввал ба гӯшту сабзавот ва равған дахл дорад. Дар ҳамин ҳол, баъзе аз навъҳои мева ва маҳуслоти ширӣ арзон […]

Дар давраи аз моҳи сентябри соли 2024 то сентябри соли 2025 нархи маҳсулоти истеъмолӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна ба андозаи 2,2%  боло рафтанд. Дар ин бора Агентии омори ҷумҳурӣ хабар медиҳад. Болоравии нарх дар навбати аввал ба гӯшту сабзавот ва равған дахл дорад. Дар ҳамин ҳол, баъзе аз навъҳои мева ва маҳуслоти ширӣ арзон шуданд.

Дар байни сабзавот аз ҳама бештар нархи карам ва сабзӣ зиёд шуд, ки мутаносибан 60% ва 50%-ро ташкил медиҳад.

Нархи равғани офтобпараст низ ба андозаи 8,5% зиёд шуд.

Гӯшти гӯсфанд дар ин давра 14,3% ва гӯшти гов – 12,6% гарон шуданд.

Арзиши орд ба андозаи 10,1%, биринҷ – 3,1% ва панир – 6,1% поин рафт.

Дар ҳамин ҳол, дар бозор анор 28,2%, себ – 16% ва мандарин 14,6% арзон шуданд.

Аз маҳсулоти ширӣ поинравии нархи шир ба андозаи 4,1% ва равғани маска – 2,7% ба қайд гирифта шудааст.

Ба сурати умум, тибқи маълумоти расмӣ, мизони таваррум дар Душанбе дар нархҳо ба ғизо муътадил боқӣ монда, лекин баъзе маҳсулоти мавсимӣ бамаротиб гарон шуданд.

Нишондиҳандаҳои мазкур ба ҳисоби миёна гирифта шуда, ба маълумот дар бозорҳои пойтахт асос ёфтааст. Дар минатқаҳои кишвар вобаста ба мавсим, логистика ва сатҳи даромади аҳолӣ, нархҳо метавонанд ба таври назаррас фарқ кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.