Дар Тоҷикистон гӯшт гарону мева арзон мешавад

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар давраи аз моҳи сентябри соли 2024 то сентябри соли 2025 нархи маҳсулоти истеъмолӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна ба андозаи 2,2%  боло рафтанд. Дар ин бора Агентии омори ҷумҳурӣ хабар медиҳад. Болоравии нарх дар навбати аввал ба гӯшту сабзавот ва равған дахл дорад. Дар ҳамин ҳол, баъзе аз навъҳои мева ва маҳуслоти ширӣ арзон шуданд.

Дар байни сабзавот аз ҳама бештар нархи карам ва сабзӣ зиёд шуд, ки мутаносибан 60% ва 50%-ро ташкил медиҳад.

Нархи равғани офтобпараст низ ба андозаи 8,5% зиёд шуд.

Гӯшти гӯсфанд дар ин давра 14,3% ва гӯшти гов – 12,6% гарон шуданд.

Арзиши орд ба андозаи 10,1%, биринҷ – 3,1% ва панир – 6,1% поин рафт.

Дар ҳамин ҳол, дар бозор анор 28,2%, себ – 16% ва мандарин 14,6% арзон шуданд.

Аз маҳсулоти ширӣ поинравии нархи шир ба андозаи 4,1% ва равғани маска – 2,7% ба қайд гирифта шудааст.

Ба сурати умум, тибқи маълумоти расмӣ, мизони таваррум дар Душанбе дар нархҳо ба ғизо муътадил боқӣ монда, лекин баъзе маҳсулоти мавсимӣ бамаротиб гарон шуданд.

Нишондиҳандаҳои мазкур ба ҳисоби миёна гирифта шуда, ба маълумот дар бозорҳои пойтахт асос ёфтааст. Дар минатқаҳои кишвар вобаста ба мавсим, логистика ва сатҳи даромади аҳолӣ, нархҳо метавонанд ба таври назаррас фарқ кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...