Тавсифи ҳамдигар ва изҳори омодагӣ барои созиши тиҷорӣ. Доналд Трамп ва Си Ҷинпин дидору гуфтугӯ кардаанд

Asia-Plus

Доналд Трамп ва Си Ҷинпин, раисҷумҳурҳои Амрико ва Чин, имрӯз, 30-юми октябр, дар шаҳри Сеули Куриёи Ҷанубӣ мулоқот карданд. Ба навиштаи расонаҳо, мавзуи асосии ин дидор, ки беш якуним соат давом кардааст, ҷанги тиҷории Амрикову Чин будааст.

Ба навиштаи расонаҳои ҷаҳон, қабл аз оғози мулоқот Трамп гуфтааст, ки “як вохӯрии хеле муваффақ хоҳем дошт”, аммо дарҳол илова кардааст, ки “албатта, вай (Си Ҷинпин) як музокиракунандаи хеле сахтгир аст ва ин асло хуб нест!”.

Дар посух ба ин гуфтаи раисҷумҳури Амрико Си Ҷинпин гуфтааст, “мо на ҳамеша назари якхела доштем ва ин табиист”.

“Барои қудратҳои бузурги иқтисодӣ ихтилофҳо ногузиранд. Чин ва Иёлоти Муттаҳида бояд шарик ва дӯст бошанд”, – зикр кардааст Си.

Роҳбарони ҳарду кишвар зикр карданд, ки сари созиш дар бораи равоити тиҷоратӣ ҳайатҳо кор мекунанд.

Си гуфтааст, “ҳайатҳои тиҷоратии ду кишвар ба як “созишномаи аслӣ” расиданд” ва ӯ омода аст корро бо Трамп “барои бунёди заминаи мустаҳкам барои равобити дуҷониба идома диҳад”.

Раҳбари Чин ҳамчунин аз талошҳои Трамп дар роҳи “сулҳофарӣ” дар манотиқи гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла дар Ғазза миёни ҲАМОС ва Исроил ва миёни Тайланд ва Камбоҷа қадрдонӣ ва ситоиш карда, гуфтааст, ки “шумо ба сулҳи ҷаҳон аҳамияти хоса медиҳед ва барои ҳалли бӯҳронҳои мухталифи минтақавӣ бо шавқу ҳавас кор мекунед” ва Чин низ талош мекунад барои ҳалли бӯҳронҳои ҷаҳонӣ мусоидат кунад.

 

Трамп гуфтааст, Вашингтон ва Пекин метавонанд “хеле зуд” як созиши тиҷорӣ имзо кунанд. Ӯ изҳор доштааст, ки дар ин нишаст масъалаи дастрасии Амрико ба маъданҳои камёб, ки Чин содироти онро маҳдуд кардааст, ҳал шудааст. Трамп илова кардааст, ки Амрико фавран таърифаҳо алайҳи молҳои чиниро коҳиш хоҳад дод, аммо нагуфтааст то чӣ сатҳ.

Раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, ҳамчунин, гуфтааст, ки дар масъалаи Украина ҳам бо ҳамтои чинияш гуфтугӯ кардааст ва дар ин робита як ҷо кор хоҳанд кард.

Трамп гуфтааст, ки ният дорад дар моҳи апрели соли оянда ба Чин равад ва пас аз он Си Ҷинпин ҳам ба Амрико сафар хоҳад кард.

Аз сӯи Чин дар мавриди мулоқоти раисҷумҳури ин кишвар бо ҳамтои амрикоияш то кунун изҳори назаре баён нашудааст.

Ёдовар мешавем, ки ин нахустин мулоқоти рӯбарӯи Доналд Трамп ва Си Ҷинпин баъд аз нишасти G20 дар Осакаи Ҷопон дар соли 2019 аст. Ин дидор низ дар пасманзари ҷанги тиҷории ду кишвар, ки боиси ҷорӣ кардани боҷҳои зиёд ба молу маҳсулоти ҳамдигар шудааст, сурат мегирад.

Пас аз музокироти соли 2019, Вашингтон ва Пекин ба мувофиқа расиданд, ки музокироти тиҷоратиро аз сар гиранд.

Интизор меравад, ки пас аз дидору гуфтугӯи ахир роҳ барои азсаргирии музокироти густурдаи тиҷорӣ миёни ИМА ва Чин боз шавад, ҳарчанд таҳлилгарон таъкид мекунанд, ки тафовутҳои сохторӣ байни ду қудрати иқтисодии ҷаҳон, аз фанноварӣ то амнияти Тайван, боқӣ хоҳанд монд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...