Ҳавои гарм ва набудани боришот. Мақомот сабаби канда шудани пораи пиряхи “Деҳдал”-ро шарҳ доданд

Муҳаммад Назар, Asia-Plus

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон гуфтааст, ки сабаби асосии канда шудани пораи пиряхи азими “Деҳдал” (Дидал) дар ноҳияи Тоҷикобод “баландшавии ҳарорати ҳаво ва набудани боришот дар давраи тӯлонӣ” мебошад.

Ин ниҳод бо баргузории нишасти матбуотӣ рӯзи 31-уми октябр гуфт, гармии ҳаво ба обшавии шадиди пирях ва тағйири тавозуни обӣ оварда расонидааст.

Ҳодисаи ҷудо шудани қисме аз пиряхи бузурги "Деҳдал" ва ба поён лағжидани он рӯзи 25-уми октябр дар қаторкӯҳҳои "Пётри 1" дар ҳудуди деҳаи Сафедоби ҷамоати Қалъаи Лаби Оби ноҳияи Тоҷикобод рух дод. Навори ин ҳодиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам паҳн гардида, таваҷҷуҳи зиёди корбаронро ҷалб кард.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода (КҲФ) он вақт гуфта буд, дарозии ин пиряхи кандашуда ҳудудан 2 километр буда, баландиаш 25 метр ва паҳнои он 150-200 метр аст. Аммо дар хабари Оҷонсии ҳавошиносӣ гуфта мешавад, ки баландии пораи ҷудо шуда то 1500 метр дарозӣ ва 50 метр баландӣ доштааст.

Ба иттилои КҲФ ин воқеа талафоти ҷониву хисороти дигар надошт.

“Аммо мутахассисон мегӯянд, бар асари бориши боронҳои шадид ва такроран канда шудани порае аз баданаи пиряхи бузург, метавонад ба хоҷагиҳои деҳаи Гулрези ҷамаоти Қалъаи Лаби Об хатар дошта бошад”, – гуфта буд ин ниҳод.

Ба иттилои манбаъ, пирях тақрибан дар 15 дақиқа беш аз 5 километр ҳаракат кард.

 

Пиряхи “Деҳдал”

Пиряхи ҳаракаткунандаи "Деҳдал"-и ҳавзаи дарёи Сурхоб дар нишебиҳои шимолии қаторкӯҳи "Пётри 1" дар баландии 4600 метр аз сатҳи баҳр сарчашма мегирад ва забонаи он дар баландии 3000–3050 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Дарозии он ба 4,8 км ва масоҳаташ ба 1,6 км² баробар аст.

Пиряхи "Дехдал" ба навъи пиряхҳои ҳаракаткунандаи дохилӣ шомил шуда, суръати ҳаракати он аз якчанд сантиметр то якчанд метр дар як сонияро ташкил медиҳад.

Аз пирях дарёчаи Сафедоб ҷорӣ мешавад. Дарозии ин дарёча ба 12–14 км баробар буда, яке аз шохобҳои чапи дарёи Сурхоб ба ҳисоб меравад.

Бояд гуфт, ки аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон дар чанд даҳсолаи охир 100 пирях пурра аз байн рафтааст. Дар Тоҷикистон айни ҳол “Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030” амалӣ мегардад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...