Тоҷикистон лоиҳаҳои сармоягузории худро дар нишасти тиҷоратии Осиёи Марказӣ ва ИМА муаррифӣ кард

Asia-Plus

Ҳайати Тоҷикистон лоиҳаҳои калидии сармоягузории кишварро дар  нишасти тиҷоратӣ (бизнес-конфронс)-и кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА), ки дар доираи ҳамоиши қолаби Осиёи Марказӣ-ИМА (С5+1) дар Вашингтон баргузор гашт, муаррифӣ карданд.

Хабаргузории “Ховар” менависад, ки “Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ роҳбарони як қатор вазорату идораҳо ва гуруҳи соҳибкорони муваффақи кишвар намояндагӣ карданд”.

Ба иттилои манбаъ, нишасти тиҷоратӣ дар бахшҳои алоҳида баргузор гардид, ки намояндагони доираҳои соҳибкории кишвари мо оид ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои ояндадор, имконоти ҷалби сармоя ба бахшҳои гуногуни кишвар, табодули таҷриба дар самти рақамикунонӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ, робитаҳо дар соҳаи технологияҳои муосир суханронӣ карданд.

“Аз ҷумла, олими ҷавон Азизҷон Азимӣ зимни суханронии худ дар бораи имконоти ҳамкорӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ ва аҳамияти зеҳни сунъӣ дар замони муосир андешаронӣ намуд”, – навиштааст манбаъ.

Дар ҳамоиш, ҳамчунин, дар бораи сарватҳои табиии Тоҷикистон ҳамчун заминаи устувор барои рушди соҳибкорӣ ва тиҷорат андешаронӣ сурат гирифт.

Манбаъ менависад, ки таваҷҷуҳи иштирокдорони нишаст, аз ҷумла истифодаи иқтидору имконоти бахшҳои саноати куҳкорӣ, металлургия, сабук, хӯрокворӣ, кимиё, дорусозӣ ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ҷалб карда шуд.

“Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои ояндадор номида шуда, таъкид гардид, ки Тоҷикистони кӯҳсор бо табиати зебо, ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангии худ барои рушди сайёҳии кӯҳнавардӣ, экологӣ васолимгардонӣ  имкониятҳои фаровон дорад”, -зикр шудааст дар нишасти тиҷоратӣ.

Бояд гуфт, ки 6-уми ноябр дар Амрико нишасти навбатии Осиёи Марказӣ-Амрико (С5+1) баргузор гашт, ки дар кори он ҳамаи роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва президенти Амрико ширкат карданд. Дар доираи он як қатор вохӯриҳо дар сатҳи вазорату идораҳо ва тоҷирону соҳибкорон гузашт.

Аз ҷумла, байни ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр”-и Тоҷикистон ва ширкати амрикоии “Боинг” барои хариди 14 ҳавопаймои каммасрафи “787 Dreamliner” ва “737 MAX” созишнома имзо кардааст. Ин санад рӯзи 6-уми ноябр дар мизи мудаввари соҳибкорӣ байни Тоҷикистон ва Амрико, ки дар шаҳри Вашингтон баргузор гардид, имзо шудааст.

Ҳамчунин, масъалаи роҳандозии парвозҳои мустақим миёни Тоҷикистон ва Амикоро баррасӣ кардаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...